Соли 2015 дар эҷодиёти Садриддини Наҷмиддин, овозхони маъруфи тоҷик, чанд таронаи навро зам кард ва ӯ барои наворбардории клипоҳояш ба манзарҳои Тоҷикистон бартарӣ дод. Новобаста аз бӯҳрони молӣ Садриддин дар соле, ки мегузарад, яке аз пуркортарин овозхонҳо будааст.
Аммо Садриддини Наҷмиддин мегӯяд, дар соли кӯҳна бо “сабабҳои техникӣ” натавонист консерти хайриявияшро дар Душанбе баргузор кунад ва ӯ ин нияташро ба соли нав мебарад. Соли нави милодиро Садриддини Наҷмиддин, “соли худ медонад”, зеро тибқи солшумории милодӣ соли ҳамдуна ҳаст ва иновозхони тоҷик дар 36 соли пеш маҳз дар ҳамин сол ба дунё омадааст.
Садридин ҳанӯз дар 18-солагӣ нахустин албомашро бо номи “Ишқи ту” вориди бозори мусиқии Тоҷикистон кард ва ҳамин як албом кофӣ буд, ки дар фурсати кӯтоҳ дили ҳаводорони мусиқиро ба даст орад. Бисёриҳо ҳам дар Тоҷикистон Садриддини Наҷмиддинро беҳтарин овозхон медонанд ва албомҳои ӯ яке аз пурфурӯштарин таронаҳои попи Тоҷикистон аст.
Вале танҳо пас аз сафарҳои хориҷиаш буд, ки номиСадриддин марзҳои Тоҷикистонро пушти сар гузошт ва ба бозори мусиқии густурдатари форсӣ роҳ ёфт. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Садриддини Наҷмиддин гуфт, дар чанд соли охир ин барои аввалин бор аст, ки соли нави милодиро дар ватан ва бо хонаводаи худ ҷашн мегирад.