Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавӣ: Вазъияти Эрон ба моҳҳои пеш аз хуруҷи падарам монанд аст. ВИДЕО


Шоҳзода Ризо Паҳлавӣ
Шоҳзода Ризо Паҳлавӣ

Шоҳзода Ризо Паҳлавӣ, валиаҳди пешини Эрон, ҳамеша яке аз чеҳраҳои мухолифи ҷумҳурии исломии Эрон буд. Аммо дар як соли охир фаъол шуда ва номи ӯ бештар сари забонҳост. Ҳам садои мухолифонаш зиёд шунида мешавад ва ҳам садои тарафдоронаш. Аммо барномаи ӯ ба унвони як чеҳраи мухолифи ҷумҳурии исломӣ чист ва дар посух ба интиқодҳо чӣ мегӯяд?

Шароите, ки акнун дар ҷомеа эҳсос мешавад, шабеҳи охирин моҳҳои қабл аз ворид шудани Хумайнӣ ба Теҳрон ва ё хуруҷи падарам аз Эрон аст

Радиои Фардо: Зарфи ҳафтаҳо ва моҳҳои охир бархе аз чеҳраҳои мухолифи ҷумҳурии исломӣ бо мақомоти аршади Амрико дидор карданд. Оё Шумо ҳам дидоре доштед?

Ризо Паҳлавӣ: "Дидорҳои ман бо намояндагони Маҷлиси Амрико ва мақомоти қонунгузори Аврупо буд. Бештар барои огоҳӣ, ки вазъияти Эрон чӣ гуна аст ва мардум чӣ мехоҳанд. Суолашон ин буд, ки Шумо аз давлатҳои мо чӣ интизор доред, чӣ бикунанд ва чӣ накунанд. Ба назари мо, беҳтарин равиш ин аст, ки мардуми Эрон ҳимоят ва тақвият бишаванд. Музокира фақат ва фақат бо низом маҳдуд набошад. Балки даричаи суҳбат бо намояндагони оппозитсиюни секуляр – демократӣ дошта бошандд, ки ба назари ман аксарияти мардуми Эронро дар бар мегирад."

Видеоро дар инҷо тамошо кунед:

Гуфтугӯи ихтисосӣ бо Шоҳзода Ризо Паҳлавӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:29:30 0:00

Радиои Фардо: Шумо яке аз чеҳраҳои шохиси оппозитсиюн ҳастед, ки роҳкор ва роҳбурдӣ мехоҳед ироа диҳед. Маъмулан як фаъоли сиёсӣ дар ин сатҳ бо як тим ва ташкилот шинохта мешавад. Тими Шумо ва мушовиронатон барои мардуми Эрон ва фаъолони сиёсӣ чӣ касе аст?

Ризо Паҳлавӣ: "Бубинед, худамро ба унвони касе, ки бояд ташкилоти сиёсӣ, ҳизбӣ ва сохторӣ ба он мафҳум тавлид кунад, нигоҳ намекунам. Як шароити вижае ҳаст бо як чеҳраву номи мушаххас ва таҳсилоти мушаххас, ки беҳтарин вазифааш дар ин марҳила аз кору эҷоди ҳамбастагии бештар байни нерӯҳои мухталиф иборат аст. То сари як платформаи муштарак битавонанд тавофуқи усулӣ дошта бошанд. Ба нафъи ҷомеа."

Радиои Фардо: Вале мунтақидон мегӯянд, ҳатто хориҷ аз Эрон ва дур аз сояҳои диктатурии ҷумҳурии исломӣ, гуруҳҳои мухолиф наметавонанд бо ҳам ҳамкорӣ кунанд...

Ризо Паҳлавӣ: "Дар ин ду соли охир хеле чиз фарқ кардааст. Инчунин, ҷомеа ба ҷое расида, ки то замоне ин ҳукумат вуҷуд дорад, чизе ба нафъи мардум нест."

Радиои Фардо: Худи Шумо дасте барои ҳамкорӣ дароз кардаед?

Ризо Паҳлавӣ: "Маълум аст. Солҳост, ки ин корро мекунам. Аммо то ҳоло куҷо буд гӯши шунаво? Ман бо тамоми ҷараёнҳо, ба ҷуз аз Муҷоҳиддини халқ ва намояндагони низом, ки таклифамон бо онҳо рӯшан аст, бо тамоми хонаводаҳои сиёсии Эрон, аз чапи марксист бигиред то сотсиалистҳо ва ақвоми мухталиф, тамос дорам. Бо намояндагонашон суҳбат мекунам. Бале, имрӯз шароит хеле фарқ мекунад ва хатти охири низомро мебинанд. Мавзуъ тадовуми низом нест. Мавзуъ ин аст, ки низом ба зудӣ аз байн хоҳад рафт, вале ба ҷои он чӣ мехоҳад биёяд."

Радиои Фардо: Ва дар ин масир суоле ҳаст: оппозитсиюн, ки Шумо ҳам узве аз он ҳастед, роҷеъ ба баҳси ҷанг чӣ назар дорад?

Ризо Паҳлавӣ: "Ман ҳамеша мухолифи сенарияҳое будам, ки ҷанбаи таҳоҷумӣ ва ҷангӣ дошта бошад. Бовар дорам, ки пас аз фурӯпошии низом шароит барои интиқол ба як демократия мавҷуд аст. Бидуни ниёз ба сенаряи ҷангӣ ё таҳоҷумӣ. Имрӯз нерӯҳое дар бахши низомӣ ва интизомии кишвар ҳастанд, вале умед доранд, дар фардои ин низом ва дар ҷомеаи оянда ҷое дошта бошанд. Бояд роҳи хуруҷӣ пайдо кунанд ва ба мардум бипайванданд. Он вақт санги тарозу ба нафъи мардум сангинӣ хоҳад кард."

Радиои Фардо: Даъвате ки Шумо аз нерӯҳои мусаллаҳ барои пайвастан ба мардум дар ҷиҳати тағйири ҳукумат мекунед, шомили баданаи нерӯҳои мусаллаҳ мешавад ё даъвататон фармондеҳонро ҳам дар бар мегирад?

Ризо Паҳлавӣ: "Ҳар кадом аз инҳо. Чӣ беҳтар, ки дар радаҳои боло бештар бошанд."

Радиои Фардо: Бо таваҷҷуҳ ба соли 57 ва эъдоми фармондеҳони раддаи болоии нерӯҳои мусаллаҳ. Чаро фармондеҳон бояд ба ин ваъдаи Шумо эътимод кунанд?

Ризо Паҳлавӣ: "Барои ин ки фарқи ҷараён ҳамин аст. Агар ин низом хушунат, сензура ва шиканҷаву эъдомро асоси кор қарор додааст, мо баръакси он ҳастем. Он касоне ки он замон бовар карданд ё шояд гумроҳӣ, Хумайнӣ эъдом кард. Ин ҳукумат аз рӯзи аввал бо як вожа ҳувияти худашро ба мардум эълон намудааст. "Ҳеч". Дар ҷавоб ба ин суол, ки эҳсосотат чист ба Эрон баргаштӣ? Оқои Хумайнӣ гуфт, "ҳеч". Ҳеч яъне чӣ? Яъне, аслан Эрон бароям матраҳ нест. Шумо фикр мекунед дар замони интиқоли қудрат пас аз фурӯпошии низом аввалин абзори ҳифзи амният дар кишвар чӣ касоне хоҳанд буд? Магар ҳамин касоне нестанд, ки аслиҳа дасташон аст? Ё мехоҳем ҷанги дохилӣ роҳ биандозем? На. Вале ин афрод бидонанд, ки аз ҷониби мардум таҳдид намешаванд. Ҷое дар ояндаи худашон доранд. Ва бар хилофи Ироқ, ки пас аз фурӯпошии ҳукумати Саддом Ҳусейн тамоми инро бекор карданд ва нисфашон ҳам ба ҷангҷӯёни ДИИШ табдил шуданд, мо набояд чунин сенарияро дар Эрон амалӣ кунем."

Радиои Фардо: Вале мунтақидон мегӯянд, баъзе аз тарафдорони Шумо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хушунат гап мезананд...

Ризо Паҳлавӣ: "Ҳамеша гуфтаам ва такрор мекунам. Агар ман бигӯям тарафдори касе ё ҷараёне ҳастам, боистӣ боварманд ба нукот ва назарот ва афкори он фард ё ҷараён бошам. Вагарна як иддао аст. Хуб, хелеҳо муддаианд, ки тарафдоранд, вале афкорашон ва рафторашон кӯчактарин шабоҳате ба афкор ва хостаҳои ман надорад. Пас, ҷавоби аввал ба мунтақидон ин аст: ҳар касе муддаии тарафдор аст, ҳатман ба ин маъно нест, ки ба ман бовар дорад. Ва ман бигӯям, инҳое, ки иддаои тарафдорӣ доранд, вале дар амал муаррифи афкори ман нестанд. Иддаое беш нест. Пас, амалан тарафдори ман нестанд, Агар буданд, ҳафрҳо ва роҳкорҳои маро дунбол мекарданд."

Радиои Фардо: Шумо дар остонаи шастсолагӣ ба унвони яке аз раҳбарони оппозитсиюн, ки назарияи барандозии ҷумҳурии исломиро пайгирӣ мекунед, худатонро ба ин вазъияти барандозӣ чӣ қадар наздик мебинед?

Ризо Паҳлавӣ: "Фикр мекунам, хеле наздик ҳастем. Шароите, ки акнун дар ҷомеа эҳсос мешавад, шабеҳи охирин моҳҳои қабл аз ворид шудани Хумайнӣ ба Теҳрон ва ё хуруҷи падарам аз Эрон мебинам."

XS
SM
MD
LG