Нуриддин Саид, раиси нави Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, гуфт, ки ҳоло дар фикри тағйирот дар идораи зери раҳбариаш нест, аммо корро "аз фаҳмидани мушкили соҳа" оғоз кардааст. Ӯ ҳафтаи гузашта ба ин мақом таъин шуд. Ҳашт соли ахир вазири маориф ва илми Тоҷикистон буд.
Худаш мегӯяд, дар Вазорати маориф ва илм дастикам се ислоҳотро роҳандозӣ кард, ки аз натиҷааш қонеъ аст. Мунтақидонаш мегӯянд, ӯ ба ҳайси вазири маориф натавонистааст мушкилоти соҳаро ҳал кунад ва таъйин шуданаш ба мансаби раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон низ иштибоҳ аст.
Хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 27-уми январ дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ аз Нуриддин Саид пурсид, ки ба ин назарҳо чӣ мегӯяд?
Нуриддин Саид: "Корро аз шиносоӣ бо кормандон оғоз кардем. Бо масъулони дастгоҳи марказии кумита суҳбат доштем ва ба идораи телевизион меравем. Боз радиоҳо ҳастанд. Бо зерсохторҳо як дафъа пурра ошно мешавем. Мепурсем, ки чӣ мушкил доранд."
Радиои Озодӣ: Муҳити Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон барои Шумо, ки аз Вазорати маориф ва илм омадед, бегона нест?
Нуриддин Саид: "Ин низоми идоракунӣ аст. Маориф ҳам иттилоот аст охир, маориф билкул иттилоот аст, маориф дониш аст, иттилоот аст."
Радиои Озодӣ: Вале мунтақидон таъйини Шуморо ба ин мансаб нодуруст медонанд ва мегӯянд, дар ин мансаб нафари бегона ҳастед...
Нуриддин Саид: "Ҳар кас назари худро дорад, аммо хуб буд, ки назардор соҳибназар мебуд. Соҳибназар будан кори осон нест."
Радиои Озодӣ: Замоне ки вазир будед, оё телевизионҳои кишварро тамошо мекардед ва ба назари Шумо ин соҳа чӣ мушкилҳо дорад?
Нуриддин Саид: "Бале, ҳамавақт тамошо мекардам. Ба қисмати дуюми суол баъд аз пурра шинос шудан бо ҳайати коргарон ҷавоб хоҳам гуфт."
Радиои Озодӣ: Дар замони вазирӣ кадом корҳоеро анҷом додед, ки имрӯз мавриди иҷроянд?
Нуриддин Саид: "Фаъолияти ман танҳо дар бахши ислоҳот буд. Ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаро ба низоми маблағгузории «сарикасӣ» гузаронидем. Ин кори осон набуд. Меҳнати сангин талаб мекард. Мо аз уҳдаи ин кор бо сарбаландӣ, бо раҳбарии пешвои миллатамон -- ҷаноби олӣ, бо дастгирию супоришу ҳидоятҳои ин марди донишманд, татбиқ кардем. Чизи дувум, ки муваффақ шудем, ба роҳ мондани низоми иҷораи китобҳои дарсӣ буд. Кишварҳои ҳамсоя аллакай онро аз мо меомӯзанд. Тасаввур кунед, як хонаводаи миёнҳол, ки як сол барои фарзандаш китоб мехарид ва соли оянда дигар истифода намешуду китобҳо чанг зер карда меистод, ҳоло бо нархи арзон ба иҷора мегирад. Аз соли чорум он аллакай бепул мешавад. Ислоҳоти севум, ки муваффақ шудем, таъсиси Маркази миллии тестӣ буд. Пештар барои як ҷавонро ба донишгоҳ дохил кардан, чанд нафар овораву сарсон мешуд. Аз минтақаҳо омада, дар шаҳру ноҳияҳо вақти худро сарф мекарданд. Имрӯз ин низоми пешрафта дар мо ҳаст. Хулоса, ислоҳот бисёр буд, ҳамаашро намегӯям."
Радиои Озодӣ: Нафароне, ки ба Вазорати маориф ва илм корафтода шудаанд, мегӯянд, Шумо гӯиё вазири дағал ва сахтгап будед...
Нуриддин Саид: "Ман корафтодаҳоро дар миёни мардум қабул мекардам. Чанд сол вазири мардумӣ ҳам шудам. Мо бо номи психология илме дорем. Ҳар касе, ки илми равоншиносиро донад, медонад, ки бо кӣ сахт гап занад ва бо кӣ – оромона. Тасаввур кунед, шахсе медарояд ва мегӯяд, ҳамин корро кардан лозим аст, вале Шумо мефаҳмонед, ки имкон надорад, чунки қонун манъ кардааст. Масалан, мегӯяд, ки хонаат вайрон шавад. Шумо дар ин ҳолат дар ҷойи вазир бошед, чӣ мегуфтед? Баъдан бо либосе, ки ба масҷид мераванд ва бо либосе, ки бозорӣ мекунанд, ба идораи давлатӣ меоянд. Вақте мегӯед, ин идораи давлатӣ аст ва худро ба тартиб дароварда биёед, магар ғалат аст? Ҳолатҳое ҳаст, ки бо пойафзоли хонагӣ меоянд, тасаввур кунед. Баъд аз ҳарфҳои ман озурда мешаванд."
Радиои Озодӣ: Номи Шумо чанд дафъа дар сархатти расонаҳо қарор гирифт, бо сабаби баъзе тасмимҳо ва бахусус суҳбататон бо забони русӣ дар як нишасти хабарӣ. Ин баҳсҳо дар пайи таъйини Шумо ба мақоми нав ҳам дубора рӯ зад. Назари Шумо ба ин ҳама чӣ аст?
Нуриддин Саид: "Ман дар Покистон будам. Як роҳбар дар як толор мешинад ва бо ду забон гап мезанад. Ё дар Афғонистон як нафар ҳам бо забони пашту суҳбат мекунад ва ҳам бо забони дарӣ. Дар ҷое, ки тарҷумон нест, як қисми мардуми нишаста русзабон ҳастанд ва гуруҳе тоҷик. Ба русӣ ва тоҷикӣ мегӯед. Ин маънои онро надорад, ки ин нафар русиро намедонад ва ё тоҷикиро намефаҳмад. Ҳадаф ҳамин аст, ки шунаванда фаҳмад. Ин хел ҳолатҳо ҳастанд. Ман гуфта будам, ки ман Толстой нестам, вале ба ҳайси як хориҷӣ бо забони русӣ хуб гуфтугӯ мекунам."