Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

М.Искандаров: Хатои демократҳо аз пушти исломиҳо рафтан буд


Муҳаммадрӯзӣ Искандаров
Муҳаммадрӯзӣ Искандаров

Раҳбари зиндонии демократҳои Тоҷикистон мегӯяд, ки иштибоҳи асосии ҳизби ӯ рафтанаш аз пушти Ҳизби наҳзати исломӣ дар талотумҳои солҳои 90-уми асри гузашта буд.

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раҳбари зиндонии Ҳизби демократи Тоҷикистон ва аз фармондеҳони пешини Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин мегӯяд, ки Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) "шанс"-и будан ва фаъолият карданашро аз даст додааст. Оқои Искандаров ин ҳарфҳоро дар посух ба суолҳои Радиои Озодӣ баён дошт ва гуфт, ки натиҷагирии ӯ аз таҳлили ҳаводиси ахир дар Тоҷикистону ҷаҳон бармеояд.

"ҲНИТ имкониятҳояшро аз даст додааст ва бо иштибоҳҳое, ки пайиҳам кард, имрӯз ба ин шароит рӯ ба рӯ шудааст. Сарнавишти ҲНИТ мисли тақдири демократҳои солҳои 90-уми асри гузашта хоҳад шуд ва дигар аз хориҷи кишвар назару мавқеъҳояшонро изҳор медоранд ва муроҷиатнома ё изҳорот пахш мекунанду бас," - мегӯяд Муҳаммадрӯзӣ Искандаров.

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, аз фармондеҳони собиқи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин, баъд аз имзои созишномаи сулҳи соли 1997 бар асоси саҳмияи 30-фоизаи мухолифин ибтидо раиси Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва баъди ба ин мақом таъин шудани Мирзо Зиёев раиси ширкати давлатии "Тоҷиккоммунсервис" таъин шуд. Баъди ислоҳоти сохтории ин ширкат то соли 2003 раҳбари ширкати "Гази Тоҷик" буд. Ӯ соли 2003 ба Маскав фирор кард, вале соле баъд ӯро дастгир карданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон Искандаровро дар соли 2005 ба 23 соли зиндон маҳкум кард.

Искандаров, ки 11 сол боз дар маҳбас ба сар мебарад ва то анҷоми ҳукмаш 10 соли дигар мондааст, ба чанд суоли Радиои Озодӣ посух дод.

Радиои Озодӣ: Ба фикри Шумо, сабаби ба чунин ҳол мувоҷеҳ шудани ҲНИТ чист?

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров: "Шароити кунунии ҲНИТ-ро танҳо дар мавқеи раҳбарияти он дар вақти музокироти сулҳ ва махсусан дар давраи тақсими саҳмияи 30-дарсадӣ бояд ҷуст. Имрӯз ҲНИТ як ҳизби қонунист, вале иштибоҳҳои пешинаш домангири ҳизб шудааст. Наҳваи сулҳе, ки ба даст омад, нодуруст буд ва ин як сулҳи дурӯғин буд. Дар амри ба даст овардани он айби роҳбарияти пешини он, хусусан Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бештар аст. Мо борҳо пешниҳоди худро дар он давра кардем, вале роҳбари пешини ҲНИТ ба ҳарфҳои мо гӯш накард. Иштибоҳи аслии мо демократҳо низ аз ин шурӯъ шуд, ки ҳамроҳи наҳзатиҳо рафтем. Наҳзатиҳо одамоне мисли моро қабул надоштанд. Онҳо ба афроде такя мекарданд, ки назару мавқеашон комилан ба кунҷи рост ё чап буд. Одамони бо назари миёнаро қабул надоранд. Дар парлумон роҳ ёфтани ду намояндаи ҲНИТ низ на бар асоси интихоботи Маҷлиси намояндагон буд, балки бар асоси шартномаи президент Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Абдулоҳи Нурӣ буд."

Радиои Озодӣ: Рӯзи даҳуми август 25-солагии таъсиси Ҳизби демократи Тоҷикистон буд. Ин ҳизб, шурӯъ аз Шодмони Юсуф, Ҷумъабой Ниёзов то Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Масъуди Собир ва ҳоло Саидҷаъфар Усмонов, бо таҳавулоти мухталиф рӯ ба рӯ шудааст ва ҳоло назаратон ба мавқеъ ва нуфузи ин ҳизб чӣ аст?

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров: "Воқеан, Ҳизби демократи Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсии кишвар нақши муҳим доштааст. Дар даврае, ки ман раиси он будам, ҳизб нуфузи ҷиддӣ дошт. Ҳукумат пешниҳод ва барномаҳои моро, ки барои ислоҳоти иқтисодӣ пешниҳод мешуд, гоҳ-гоҳ ба инобат мегирифт. Вақте ҳамроҳи ҲНИТ, ҲСДТ ва ҷиноҳи Ҳизби сотсиалист "коалитсия" (эътилоф) таъсис додем ва тарҳи нави қонуни интихоботи Маҷлиси намояндагонро пешниҳод кардем, президент маро шахсан даъват намуд ва гуфт, аз ин "коалитсия" бароям. Ман гуфтам, ки ба шарте мебароям, ки зери тарҳи қонуни нави интихобот имзо гузоред. Ягона мамониат ман будам, ки маро ҳам ба зиндон андохтанд ва дигар ин ҳизб комилан мавқеи худро аз даст дод. Бо ворид кардани намояндаи он дар парлумон ин ҳизб шикаста шуд ва нобуд гардид. Раиси феълии он дар гузашта ҳеч иртибот бо Ҳизби демократ надошт ва бо омадани ӯ ҳизб мавқеи худро аз даст дод. Ҳизбро кашиданду гирифтанду шикастанду партофтанд."

Радиои Озодӣ: Ҳоло дар маҳбас, ки беш аз даҳ сол ба сар мебаред, фишор аз тарафи мақомотро эҳсос мекунед?

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров: "Ман таҳти назари махсус қарор дорам. Баъд аз ҳар ду соат намояндаҳои маҳбас меоянд, хабар мегиранд, ки мабодо фирор накарда бошам ва китобашонро оварда мегӯянд, ки зери он бояд имзо гузорам. Боз дар ҳар чаҳор моҳ мувофиқи қонун бояд бо наздикон мулоқот кунам, аммо баъди ҳар чаҳор моҳ ман бояд иҷозаи махсус дошта бошам ва пас аз он мулоқот мекунам. Феълан, ду нафар ҳаққи ба назди ман омаданро доранд - хоҳарам ва бародарам, тамом."

Радиои Озодӣ: Аз фазои сиёсии кишвар ва таҳаввулоти ахир дар ҷомеаи мо чӣ гуна огоҳӣ пайдо мекунед? Оё рӯзнома дастрас мекунед, Интернет доред?

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров: "Бале, ҳар ҳафта нашрияҳои "Нигоҳ", "Фараж", "Озодагон", "Азия-Плюс" ва баъзе дигар аз нашрияҳоро дастрас мекунам ва пайваста мутолиа менамоям. Вале ба расонаҳои хабарӣ ва сомонаҳо дастрасӣ надорам. Рӯҳафтода нестам, пайваста варзиш мекунам ва то анҷоми давраи ҷазоям 10 соли дигар мондааст..."

XS
SM
MD
LG