Хосият Ёрова, хоҳари 38-солаи вакили мудофеи зиндонии тоҷик Бузургмеҳр Ёров, гуфт, ба хотири модари пир ва мубориза барои озодии бародараш ба Тоҷикистон баргаштааст ва ҳамагуна созиши пешакӣ бо мақомотро рад кард. Вай тақрибан се соли ахир дар Олмон буд ва мунтазири санади паноҳандагӣ.
Ёрова ҳангоми будубош дар Олмон мегуфт, ки барои фаъолиятҳои сиёсиаш ба зидди ӯ бар асоси моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "ифротгароӣ" парванда кушодаанд. Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи бозгашти ӯ чизе нагуфтанд ва парванда доштанашро низ тасдиқ ё рад накарданд.
Хосият Ёрова шоми 14-уми декабр бо шавҳар ва шаш фарзандаш аз Олмон ба Тоҷикистон омад ва то ин дам дар Душанбе ва ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ, маҳалли дафни падараш, нависанда Равшани Ёрмуҳаммад, будааст. Вай рӯзи 17-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Баъзеҳо мегӯянд, ки ҳукми бародарамро 6 сол кам карданд ва ё ман дар асоси созиш бо мақомот баргаштам. Мо ягон маслиҳати пешакӣ надоштем."
Ӯ афзуд, бо гузашти се рӯз аз замони бозгашт ягон намояндаи мақомот ба суроғаш наомадаанд ва ба ҷойе ҳам барои суҳбат даъват нашудааст. Вазъе, ки Хосият Ёров мегӯяд, барояш ғайриинтизор буд ва пештар фикр мекард, баробари расидан ба Душанбе ӯро дастгир мекунанд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Хоҳари адвокати зиндонӣ мегӯяд, дар Олмон низ чандин нафар ба ӯ ҳушдор дода буданд, ки ба Тоҷикистон барнагардад. Бо ин ҳол, нигаронӣ аз эҳтимоли боздошт ё даъват ба идораҳои давлатӣ то ҳол Хосият Ёроваро тарк накардааст.
"Рости гап, дар таҷҷубам. Ҳар лаҳза, ҳатто шабона ба худ мегӯям, ки ҳозир омада, моро мебаранд. Рӯз набурданд, аниқ шаб мебаранд. Дар сомонаи Ютуб канал дорам ва ба куҷо рафтанамро мустақим нишон медиҳам," -- афзуд ӯ.
Хосият Ёрова аз миёни намояндагони мухолифон дар Аврупо аз чеҳраҳои шинохтае аст, ки ба Тоҷикистон ихтиёрӣ ва ба қавли ӯ таваккалӣ ё бидуни созиш бо ҳукумат баргаштааст. Пеш аз ӯ ҳам чанд узви созмони дар Тоҷикистон мамнӯи "Гуруҳи 24" баргашта буданд.
Мақомот дар гузашта гуфтаанд, аксаран бозгашти онҳо бо таблиғ ва миёнаравии онҳо сурат гирифтааст. Ҳолатҳое низ буд, ки пас аз бозгашт бо ваъдаи афв, шаҳрвандон боздошт ва зиндонӣ шудаанд. Аз ҷумла, наздикони Садриддин Муллоев, маъруф ба Мулло Садриддин, қаблан гуфтанд, ӯ низ бо ваъдаи афв ба ватан баргашт, вале дертар аз ҷониби мақомот боздошт шуд.
Хосият Ёрова мегӯяд, эҳсоси нобоварӣ дар миёни мухолифин дар Аврупо то ҳол мондааст. Маҳз ба ин хотир, ба гуфтаи ӯ, бисёре аз онҳо аз бозгашт ба Тоҷикистон метарсанд: "Бисёре аз оилаҳо мехоҳанд, ки баргарданд, вале нобоварӣ намегузорад. Онҳо фикр мекунанд, ки имрӯз бармегарданд ва 3-4 моҳ пас ҳукумат ба зидди онҳо ягон чиз пайдо мекунад. Ба ин хотир метарсанд."
Хосият Ёрова аввали соли 2017, баъди ба зиндон маҳкум шудани бародараш Бузургмеҳр Ёров ба Аврупо рафта буд. Ӯ то ҳол санади паноҳандагии Олмонро нагирифтааст, чун мегӯяд, парвандааш дар баррасӣ буд ва ду дафъае, ки дар Олмон фарзанд ба дунё овард, парвандаро аз нав таҳқиқ мекарданд. Бо вуҷуди бозгашти Ёрова бародари дигари ӯ Ҷамшед Ёров дар Аврупо паноҳанда аст.
Мақомот дар бораи бозгашти Хосият Ёрова чизе намегӯянд. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон - ниҳоде, ки аз ҳама бештар паноҳандагони узви ҳизбу ҳаракатҳои мухолифи ҳукуматро барои бозгашт ба ватан ташвиқ мекунад, рӯзи 14-уми декабр гуфт, барномаи афви онҳое, ки бо ҷурми ифротгароӣ ҷустуҷӯ мешаванд ва дар ҷиноятҳои сангин даст надоранд, давом дорад.
Ӯ гуфт, дақиқан дар бораи парванда доштан ё надоштани Хосият Ёрова чизе намедонад, "вале мавзӯи афви пушаймоншудаҳо матраҳ аст".
Ҳукумати Тоҷикистон соли 2014 ба чанд моддаи Кодекси ҷиноӣ тағйирот ворид кард, ки бар асоси он, афроди гумонбар дар узвияти созмонҳои ифротиву террористӣ дар сурати бозгашт ба ватан ва изҳори пушаймонӣ кардан афв мешаванд. Қаблан, ин маърака танҳо ба онҳое дахл дошт, ки ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ рафтаанд.
Ҳоло мақомот бо ваъдаи афв бозгашти аъзои “Гурӯҳи 24” ва Ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломиро таблиғ мекунанд. Додгоҳи олии Тоҷикистон ин ҳизбу ҳаракатро “террористӣ ва экстремистӣ” эълон кардааст, вале раҳбарону пайравони онҳо мегӯянд, ин айб пурра беасос ва дорои ангезаҳои сиёсӣ аст.
Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10