Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гулмуродзода: "Ҳеҷ вақт шаҳрванди Узбакистон набудам"


Аминҷон Гулмуродзода бо духтараш Нилуфар
Аминҷон Гулмуродзода бо духтараш Нилуфар

Аминҷон Гулмуродзода, хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистӣ, ки ҳамагӣ як рӯзи қабл аз зиндон озод шуд, ягон ҳуҷҷати расмӣ, аз ҷумла санади шаҳрвандии Тоҷикистонро надорад. Ҳамаи асноди ӯ соли гузашта ба далели "қалбакӣ" будан беэътибор шудаанд.

Ӯ рӯзи 19-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло ҳамроҳи як вакили дифоъ талош дорад, ки шаҳрвандияшро дар Тоҷикистон барқарор карда, ба кору зиндагӣ дар инҷо идома диҳад.

Мақомоти Тоҷикистон соли гузашта шаҳодатномаи таваллуди Аминҷон Гулмуродзодаро қалбакӣ номида, шиносномаашро низ беэътибор дониста буданд. Мақомот гуфтанд, ки Аминҷон Гулмуродзода дар асл дар ҳудуди ҷумҳурии Узбакистон ба дунё омада, аммо соли 1989 бо ёрии падараш Пайванди Гулмурод аз бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ё ЗАГС-и ноҳияи Рӯдакӣ шаҳодатномаи таваллуд гирифтааст. Баъдан, ӯ дар соли 1998 соҳиби шиноснома шудааст.

Ман на дар маҳбас, ҳамон тавре ки шумо гуфтед, балки дар муассисаи ислоҳӣ будам. Байни ин ҳарду хеле фарқ ҳаст.
Аминҷон Гулмуродзода

Вале Аминҷон Гулмуродзода соли гузашта ин иттиҳомро дар толори Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт рад карда буд ва ҳоло низ мегӯяд, ӯ ҳеҷ вақт шаҳрвандии Узбакистонро надошт. "Дар ҳоли ҳозир танҳо маълумотнома дар бораи озод шудан аз муассисаи ислоҳиро дораму бас. Дар дастам ҳамин қадар ҳуҷҷат аст ва мехоҳам, шаҳрвандиямро барқарор кунам," – гуфт Аминҷон Гулмуродзода.

Озодӣ: Гуфтед, ки барои барқарор кардани санадҳоятон талош доред. Корро аз куҷо сар кардед?

Гулмуродзода: "Бо ҳамроҳии вакили дифоъ чунин ният дорем. Аз пайи кор ҳастем. Мехоҳам, шаҳрвандиамро барқарор кунам. Ман шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастам. Дар Тоҷикистон таваллуд шудаву ба камол расидаам, таҳсил кардам, оиладор шудам, соҳиби 2 фарзанд ҳастам, дар Душанбе кору фаъолият доштаму дорам. Ягон вақт аз Ҷумҳурии Узбакистон шаҳодатномаи таваллуд ва шиноснома нагирифтаам ва шаҳрванди Узбакистон набудаму нестам."

Озодӣ: Дар ниҳоят, чаро ин моҷаро ба сари шумо омад ва то куҷо ин иттиҳомро мепазиред?

Гулмуродзода: "Аввалан насибу тақдир будааст. Мегӯянд, ки Худованд бандаи дӯстдорашро доим имтиҳон мекунад. Одилона ё ноодилона будани иттиҳомро гузашти вақт ошкор хоҳад кард."

Аминҷон Гулмуродзода
Аминҷон Гулмуродзода

Озодӣ: Аммо вақте шаҳрвандиатонро барқарор кардед, барои оянда чӣ тасмим доред? Дар соҳаи матбуот кор мекунед ё пешаатонро тағйир хоҳед дод?

Гулмуродзода: "Дар ин бора ҳоло фикр накардаам, аммо дақиқ аст, ки пешаамро дигар карданӣ нестам."

Озодӣ: Вакили дифои шумо гуфт, ки панҷ моҳ пеш имкони озод шуданро доштед, вале худатон хостаед, ки то охири ҳукматон дар маҳбас бимонед. Чаро чунин шуд ва бо ин чиро нишон додан мехостед?

Гулмуродзода: "Ин саволро бе ҷавоб мемонам. Бигзор, ҳар кас чи тавре хоҳад, ҳамон хел қабул кунад. Баъдан, ман на дар маҳбас, ҳамон тавре ки шумо гуфтед, балки дар муассисаи ислоҳӣ будам. Байни ин ҳарду хеле фарқ ҳаст. Шароити муассисаи ислоҳӣ аз маҳбас тафовут дорад."

Озодӣ: Шароити ин муассисаи ислоҳӣ чӣ гуна буд? Зиндонбонҳо бо чӣ шева бо шумо ва маҳбусони дигар муомила мекарданд?

Гулмуродзода: "Шароит хуб буд. Албатта, ҷойи таъриф нест, аммо ҷойи гила ҳам надорад. Муносибати кормандони муассисаи ислоҳӣ бо ман хубу самимӣ буд. Бо дигар маҳкумшудагон ҳам инчунин. Талаботи ягона ҳамин буд, ки бар хилофи тартиботи дохилии муассисаи ислоҳӣ рафтор накарда, бо кормандону дигар маҳкумшудагон муносибати хубу самимӣ дошта бошӣ. Яъне, эҳтирому ҳамдигарфаҳмӣ бошад."

Озодӣ: Дар муассисаи ислоҳӣ ба чӣ кор машғул будед ва бештар сари чӣ андеша мекардед?

Гулмуродзода: "Бо китобхонӣ машғул будам. Рӯзномаву маҷаллаҳоро варақ мезадам, радиову телевизор доштем. Панҷ вақт намоз мехондам. Дар корҳои ободонии муассисаи ислоҳӣ иштирок мекардам. Дар бораи имрӯз фикр мекардам, барои гузашта афсӯс намехӯрдам, барои оянда таваккал мекардам. Дар ин як сол зиндагӣ маро хеле дигаргун кард. Худшиносу Худошинос шудам."

Озодӣ: Киҳо ба ин муассисаи ислоҳӣ ба дидорбинии Шумо мерафтанд?

Гулмуродзода: "Асосан ҳамсарам. Чанд бор бародарам Каримҷон низ ба дидорбинӣ рафта буд. Хешу табори ҳамсарам меомаданд. Ҳамкоронам аз Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ду дафъа ба дидорбинӣ рафта буданд."

Аминҷон Гулмуродзода рӯзи 1 январи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 2003 факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм кардааст. Аз соли 2002, яъне замони донишҷӯӣ, муҳаррири адабии рӯзномаи “Қалам” фаъолият карда ва баъдан дар нашрияҳои “Факты и комментарии”, “Маърифати Омӯзгор”, Радиои Озодӣ кор кардааст. Солҳои охир корманди Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон буд.

XS
SM
MD
LG