Дар шабакаи китобфурӯшии “Амазон” дар Интернет романи нави нависандаи бритониёӣ Анника Милисик-Стейнлӣ “Ҳамсари саркаш” ба забони англисӣ ба фурӯш баромад. Ин асар аз ҷониби муаллифе навишта шудааст, ки солҳои 2000-ум дар Тоҷикистон зиндагӣ карда аз наздик бо зиндагии мардуми маҳаллӣ, бахусус занҳо шинос шудааст. Қиссаи «Ҳамсари саркаш» дар бораи зиндагии рӯзмарраи Наргис, зане нақл мекунад, ки бори зиндагии як хонавода ба дӯшаш уфтода, ӯ танҳо таъминкунандаи рӯзгори оилааш будааст.
Дар бораи муаллиф: Касби Анника Милисик-Стейнлӣ антрополог буда, дар баробари кор аз рӯи ихтисосаш дар созмонҳои байналмилалӣ ва ҳам ширкат дар як созмони мусоидат ба муҳоҷирон, ба эҷоди асарҳои тахайюлӣ таваҷҷӯҳ дорад. Модари се фарзанд аст. Асараш “Ҳамсари саркаш” ноябри соли 2015 ба забони англисӣ дар чопхонаи “Cinnamon Press” нашр шуд ва баҳори соли 2016 ба фурӯш баромад. Муаллифи асар солҳои 2007-2008 ҳамроҳ бо ҳамсари корманди созмони байналмилалиаш дар Душанбе зистааст, ба иншои асараш маҳз баъди зиндагӣ дар Душанбе пардохт. Дар як сӯҳбати видеоӣ тавассути Скайп аз шаҳри Руми Итолиё нависанда Анника Милисик-Стейнлӣ дар бораи ин китоб нақл кард.
Анника Милисик-Стейнлӣ: (ба тоҷикӣ) Хуш омадед, ассалом. Ман баъди зиндагӣ дар Тоҷикистон қарор кардам китоби худро нависам. Он замон қиссаҳои зиёде дар бораи зиндагии инсонҳои хеле ҷолиб шунида будам. Баъдан каме забонро омӯхтам ва Тоҷикистонро хеле дӯст доштам. Барои ман зиндагии занон ва ҳам қиссаҳо дар бораи занон хеле қобили таваҷҷӯҳ буд. Бароям тааҷҷубовар ин буд, ки то ҳол китобе дар бораи ҳаёти занон дар Тоҷикистон ва бахусус дар бораи зиндагии ин ҷумҳурии ҷавон ба забони англисӣ нашр нашудааст. Нахуст ман ба навиштани қиссаҳои хурд шурӯъ кардам ва баъдан ба қароре расидам, ки ин асар бояд ба як роман табдил шавад.
Радиои Озодӣ: Чаро таваҷҷӯҳи шуморо маҳз занҳо кашиданд?
Анника Милисик-Стейнлӣ: Ман аз тарзи муносибат ва зиндагии занҳои тоҷик ба ҳайрат омадам. Ҳамсарони бисёри онҳо ба Русия барои кор мераванд, нафарони зиёд аз паёмадҳои ҷанги шаҳрвандӣ хеле зарар дидаанд. Баъди пошхӯрии Шӯравӣ масъалаи бекорӣ пайдо шуд. Вале онҳо намеҳаросанд ва хеле корчаллонанд. Онҳо хеле қавӣ ҳастанд ва аз ҳамин хислатҳои занҳои Тоҷикистон ба ваҷд меоӣ. Чизи дигаре, ки дар робита бо занҳои тоҷик гуфтан мехостам, ин аз даст рафтани ҳуқуқашон мебошад. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, ба фикри ман, ин масъала дуруст омӯхта нашудааст.
Радиои Озодӣ: Чаро исми китобро «Ҳамсари саркаш» гузоштед?
Анника Милисик-Стейнлӣ: Дар асл ин китоб ду қаҳрамони асосӣ дорад. Яке зани тоҷик ва дигаре зани бритониёист, ки дар ин ҷо кор мекунад. Ҳардуи онҳо саркашанду айни замон аз ҳам комилан фарқ мекунанд. Зани тоҷик онест, ки аз шавҳари худ ҷудо шуда, зиндагиро аз сифр шурӯъ кардааст. Ӯ кор ёфта аз ин ҳисоб оила ва волидонашро нигоҳубин мекунад. Ӯ барои он саркаш аст, ки аз ҳамсараш ҷудо шудааст.
Радиои Озодӣ: Ва зани бритониёӣ онест, ки ба Наргис кор додааст?
Анника Милисик-Стейнлӣ: Бале. Ин як зани хеле маъмули хориҷист, ки дар кишвари дигар кору зиндагӣ мекунад. Ман дар бисёр давлатҳои хориҷӣ кор кардаам ва чунин занҳоро хеле зиёд дидаам. Бояд таъкид кунам, ки қаҳрамонҳои ин китоб шахсони воқеӣ нестанд, онҳо танҳо образ ҳастанд. Ин зан аз қабили онҳоест, ки барои кор ба як кишвари хориҷӣ рафта, худро дар инзивои фарҳангӣ гузоштааст, бо касе аз сокинони маҳаллӣ робита надорад. Ин зани бритониёӣ комилан танҳо буда, намедонад бо кадом роҳ аз ин инзиво берун шуда ба як ҷаҳони тоҷикӣ ворид шавад. Чунки дар ин кишвар шумори хеле ками мардум ба англисӣ сӯҳбат карда, хориҷиҳо бо сабаби надонистани забон намедонанд чӣ тавр ба ин ҷомеа ҳаомиш ёбанд.
Радиои Озодӣ: Пас ба фикри шумо, хориҷиҳо аз занҳои тоҷик чиро омӯхта метавонанд?
Анника Милисик-Стейнлӣ: Пеш аз ҳама, аз назари ман, хориҷиҳои зиёд зиндагиву имкониятеро, ки дар зиндагӣ доранд, қадр намекунанд. Онҳо одат доранд, ки бисёр шикоят кунанд, онҳо коре барои кардан надоранд ва дар кишваре, ки уфтодаанд, намедонанд бо чӣ машғул шаванд. Манзури ман ҳоло ҳамсарони хориҷиҳоест, ки шавҳаронашонро дар ин мусофиратҳои корӣ ҳамроҳӣ мекунанд. Ман мардҳоеро ҳам дидаам, ки ҳамсарони коргари худро дар Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекунанд. Ба фикри ман, баъзе аз ин афрод бояд бедор шаванд ва эътироф кунанд, ки дар
зиндагиашон бартарият ва имкониятҳои нуҳуфтаи зиёд доранд. Дарсе, ки зани тоҷик ба ин зани бритониёӣ додааст, ин аст, ки зани хориҷӣ зиндагии худро бознигарӣ мекунад. Аз худ суол мекунад, ки «чаро ман ҳамин тавр бекор нишастаам, аз ҳаёти худ шикоят мекунам? Ин ҷо зане аст, ки шароити ман ва ё имкониятҳои молии маро надорад, мисли ман сафар намекунад?». Дар ниҳоят ин зан бо эҳтироми зиёд ба ин зан муносибат карда аз ӯ ба ваҷд меояд. Дар оғоз ӯ хеле мағруру беписанд аст, равобиташро бо Наргис мисли бою хизматгор ба роҳ мондааст. Аз сӯи дигар, Наргис ҳам дар оғоз намехоҳад бо Ҳуррият - ин зани бритониёӣ равобити дӯстона дошта бошад. Вале дар идомаи қисса, вақте онҳо бо ҳам бештар танҳо ба танҳо мемонанд, ба ҳам унс мегиранд ва ҳамчун зан ёвари ҳамдигар мешаванд.
Радиои Озодӣ: Ман ҳанӯз имкони хондани тамоми китоби шуморо надоштам, чанд пораи онро хондам ва дидам, ки дар баъзе мавридҳо шумо ба нақши кормандони созмонҳои байналмилалӣ – хориҷиҳо бо назари интиқодӣ нигоҳ мекунад. Аз ҷумла мегӯед, ки бархе аз онҳо зиндагии воқеии мардуми оддиро дар Тоҷикистон аз кабинетҳои офисҳои худ дида баъдан аз гузоришҳои таҳлилӣ баҳогузорӣ мекунанд. Дар ин бора муфассалтар бигӯед.
Анника Милисик-Стейнлӣ: (бо ханда) Бале, он ҷо танҳо чанд ҷумла дар ин бора ҳаст. Дар қисса зани хориҷӣ худаш ҳам хеле озурда аст. Ӯ аз афроде, ки дар доираи онҳо мечархаду онҳоро дар базму хушгузарониҳо мебинад, аз кормандони сафорат ва созмонҳои байналмилалӣ озурда аст, чунки эҳсос мекунад, ки ба ӯ бо назари баланд ҳамчун ба як зани хонанишин нигоҳ мекунанд. Наргис ҳам эҳсос мекунад, ки мисли як шабаҳ аст, чунки дар меҳмониҳои Ҳуррият (зани бритониёӣ) мебинад, ки касе вуҷуди ӯро дар ин маҳфилҳо эҳсос намекунад. Ман ингуна сарнавиштҳоро зиёд дидаам. Пеш аз зиндагӣ дар Душанбе дар созмонҳои зиёди байналмилалӣ кор кардаам. Ман, ки антрополог ҳастам, дар пружаҳои зиёди таҳқиқотӣ кор кардаам. Ва ман бисёр дидаам, ки нафарони машғул дар ин соҳаҳо, ҳатто донишмандон, бештар бо компютер кор мекунанд, онҳо бо рақаму маълумот сару кор доранд ва аз офисҳои худ берун шудан намехоҳанд. Онҳо намехоҳанд бо одамони воқеӣ сӯҳбат кунанд. Наргис ҳам, вақте ба ҳамаи ин сӯҳбатҳо гӯш мекунад, рӯзе аз худ мепурсад, ки чаро чунин нонамо аст?
Радиои Озодӣ: Аз сӯи дигар, шумо фикр намекунед, ки нақши созмонҳои байналмилалии мудофеи ҳуқуқи занон дар Тоҷикистон барои бедории занҳо хеле корҳое кардаанд? Онҳо тавонистанд вазъро каме тағйир диҳанд?
Анника Милисик-Стейнлӣ: Ба фикри ман, созмонҳои байналмилалӣ бояд ба созмонҳои ҷамъиятии маҳаллӣ кӯмак кунанд ва ҳар тағйироте, ки рӯзе мешавад, бояд бо нирӯи худи мардуми тоҷик шавад, манзурам рӯзе бояд таҳаввулоте дар самти тағйири суннатҳо шавад. Ин андешаро аз забони антропологҳо ҳам зиёд шунидан мумкин аст, ки мегӯянд, рӯз то рӯз дар Тоҷикистон мардум бештар муҳофизакор мешаванд ва ин чиз ба зиндагии занҳо ҳам таъсир мерасонад. Агар ин чиз барои занҳо мушкил эҷод кунад, пас онҳо бояд вазъро тағйир диҳанд. Он созмонҳое, ки дар Тоҷикистон кор мекунанд, ба эътимоди ман, дар ин самт кори хеле зиёд анҷом медиҳанд. Вале агар ин ташаббусҳо аз боло шавад, натиҷа кам мешавад. Ба назари ман, низоми додгустарӣ, полис ва хадамоти иҷтимоӣ бояд фаъолтар шаванд. Вазъ бахусус дар рустоҳо бояд тағйир ёбад, то мардум ба ҳуқуқшиносҳо дастрасӣ дошта бошанд. Яъне ин тағйиротро худи тоҷикҳо бояд анҷом диҳанд, чунин нашавад, ки касе аз боло истода ба онҳо инро бор мекунад.
Радиои Озодӣ: Замони зиндагӣ дар Тоҷикистон шумо эҳсос кардед, ки дар ҷомеа ақидаҳои ифротӣ пайдо мешаванд?
Анника Милисик-Стейнлӣ: На, аксари вақти ман дар Душанбе гузаштааст. Ман надидам, ки ҷомеаи Душанбе то кадом андозае тундгаро бошад. Ман ҳеҷ гоҳ дар андешаи ин набудам, ки бояд сару либоси махсусе пӯшам. Албатта, ман дар кӯчаҳо бо бикинӣ намегаштам. Ман дар давлатҳои дигар ҳам зиндагӣ кардаам, масалан, дар Миср ва ё дар Сомалӣ. Он ҷо вазъ комилан дигар аст. Дар Сомалӣ ҷомеа аз назари муносибат ба мазҳаб ва фарҳангаш хеле тундгаро аст. Ба назари ман, ҷомеаи Душанбе хеле замонавӣ аст. Вале ман медидам, ки вақте масъала сари занон аст, масалан, агар зан нахоҳад бо шавҳараш зиндагӣ кунад ва ё аз ӯ ҷудо шавад, чаро ҳамеша зан бояд гунаҳгор бошад? Ин саволҳо бештар дар зеҳни ман мечархиданд. Вале тундгароӣ – на. Баъд бояд гуфт, ки ман дар давраи дигартар зиндагӣ кардам. Он вақт таҳдидҳои мисли гурӯҳи «Давлати исломӣ» аслан набуд. Соли 2008, ки ман он ҷо будам, чанд таркиши хурде рух дод. Вале ман ҳеҷ гоҳ эҳсос накардаам, ки мардум дар он ҷо омода ҳастанд ифротӣ шаванд. Чунки тундгароӣ ба маънои ноумедӣ аст, вақте иқтисод бад асту кор нест, одамон фикр мекунанд, ки дигар роҳе ба ҷуз тундгаро шудан намемонад. Вале ман розиам, ки ба ҷавонҳо барои беҳтар кардани зиндагиашон кӯмак кардан лозим аст. Дар ин сурат онҳо ҳеҷ гоҳ ба Сурия намераванд, чунки аз чизи бисёре маҳрум мешаванд.
Радиои Озодӣ: Дар асари шумо вожаву калимаҳои тоҷикӣ ҳам зиёд истифода шудааст, мисли ширин, худои ман, нон ва ғайра. Ин калимаҳо воқеан ҳам асарро зебову ширин мекунанд. Дар бораи ин тасмими худ бигӯед.
Анника Милисик-Стейнлӣ: Вақте ман он ҷо будам, забони тоҷикиро меомӯхтам. Мутаассифона, имрӯз ман бисёр чизҳоро фаромӯш кардам. Баъди он ман бояд забони арабиву итолиёиро меомӯхтам. Муддате ҳам дар байни ин сафарҳо дар Бритониё зиндагӣ кардам, ва, мутаассифона, вақте шумо забонро истифода намекунед, тадриҷан фаромӯш мешавад. Ман забони тоҷикиро хеле дӯст медорам. Ба ман писанд аст, ки номи занҳои тоҷикро бо исми гулҳо мегузоранд. Барои ҳамин ҳам ман аз ин калимаҳо дар китоб истифода кардам. Модари Наргис – Гуля ҳамеша зарбулмасалро ба забон меорад. Ман ошиқи забони ӯ шудам. Калимаҳои тоҷикӣ забони китобамро ғанӣ кардаанд. Агар ман тарҷумаи англисии онҳоро истифода мекардам, маззаш дигар мешуд. Дар охири китоб ман тарҷумаи ин калимаҳоро навиштам. (Китобро варақ зада мехонад) Масалан: ассалом, оқсақол, келин, дочка, эзор, курта, худои ман, хушдоман. Ваё тарҷумаи номҳоро ҳам овардам: Наргис, Лола, Гуля, Гул, пичин, сандуқ, Савсан – исми зане, ки як қаҳрамони муҳими дигари китоб аст, шӯрбо, тапчан. Оҳ, ман аз ин ихтироъ хеле хушам меояд. Ман дар ҳеҷ куҷои дунё тапчанро надидаам. Тамоми мӯҳтавои тапчан ҳам хеле ҷолиб аст, ки ту дар рӯи он мехобиву шашликатро мехӯрӣ. Ӯсма, ошубиринҷ, нон ва дигарҳо... Ман умедворам, ки ин қиссаи тахайюлии маро мардум мехонанд. Бисёр умедворам, ки ин китоб метавонад нафарони зиёд, бахусус занҳои нависандаро барои навиштани қиссаҳо дар бораи Тоҷикистон ташвиқ мекунад. Китоби ман набояд танҳо романе дар бораи Тоҷикистон бошад. Занҳои ҷавон ва дигар синну сол дар Тоҷикистон бояд аз ин китоб илҳом гирифта худашон аз паи навиштан шаванд ва китобҳояшон чоп шавад. Раҳмат!