Нозирони байналмилалӣ гуфтанд, ки интихоботи рӯзи душанбеи раёсатҷумҳрии Арманистон як пешравие дар интихоботҳои ахири ин кишвар аст, ҳарчанд ба таври возеҳ берақобат гузаштааст. Намояндагони Маҷмаи парлумонии САҲА рӯзи сешанбе гуфтанд, ки интихоботе, ки дар он Серж Саркисён бо беш аз 58 дар сади овозҳо ғалаба ба даст овард, дар фазои орому сулҳомез ва танзимшуда барпо шуд. Дар як изҳороти катбии нозирон гуфта мешавад, ки ин маърака “натавонист таваҷҷӯҳи васеи ҷомеаро” ҷалб кунад. Дар идома гуфта мешавад, ки Арманистон ба хотири бунёди як кишвари пешрафтаву демократӣ ба рақобати бештар ниёз дорад.
Қабл аз раъйдиҳӣ, баъзе номзадҳо гуфтанд, ки аз ширкат дар интихобот даст мекашанд, чун мутмаин ҳастанд, ки натиҷаҳои интихобот ба манфиати президенти амалкунанда ҳал мешавад.
Комиссиюни марказии интихоботҳои Арманистон рӯзи сешанбе натиҷаҳои раъйдиҳиро нашр кард, ки бар тибқи он, Серж Саркисён пирӯзии комил ба даст овард. Вазири пешини хориҷаи ин кишвар Раффӣ Ҳованесян бо 36,7 дар сади овозҳо дар ҷои дуюм қарор гирифт.
Ҳованесян эътирофи мағлубияти худро рад кард ва мақомотро дар тақаллуб айбдор кард, ки ҳузури Саркисёнро дар қудрат ба мӯҳлати панҷ соли дигар таъмин карданд.
Бино бар гузориши Комиссияи марказии интихоботи Арманистон, Серж Саркисян 58,6 дарсад раъй гирифтааст.
Созмони байналмиллалии Gallup низ дар ин маврид назархоҳие анҷом додааст ва ба хулосае расидааст, ки Раффӣ Ҳованнисян-вазири пешини корҳои хориҷаи Арманистон ва зодаи Амрико, ки рақиби аслии Саркисён дониста мешуд, 32 дарсад раъй хоҳад гирифт.
Ҳрант Багратиён-нахуствазири пешини ин кишвар ва Паруир Ҳайрикиён-норозии сиёсии даврони Шӯравӣ 3 дарсадӣ раъй ба даст овардаанд.
Интизор мерафт, ки Саркисян-раиси ҷумҳури кунунӣ ба пирӯзии густарда ноил шавад. Вай баъд аз андохтани баргаи раъйи худ ба сандуқ, субҳи рӯзи душанбе ба рӯзноманигорон дар Ереван гуфт, “ман имрӯз барои ояндаи Арманистон, барои амнияти Арманистон ва беҳбуди шароити зисти шаҳрвандонамон ва аъзои хонаводаҳои онҳо раъй додам”.
Баъд аз соли 1991, соле, ки Арманистон ба истиқлоли давлатӣ расид, ин панҷумин интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Интихоботи кунунӣ дар ҳоле баргузор шуд, ки дар талоши суиқасде, Ҳайрикиён-номзади мақоми раёсати ҷумҳурӣ захмӣ шуд ва Андриас Ғукасиён номзади дигар ба нишонаи эътироз бар зидди тақаллуб дар шумориши оро, даст ба гуруснагӣ задааст.
Гурӯҳҳои мухолифон иддао кардаанд, ки дар баъзе ҳавзаҳои интихоботӣ ҳангоми раъйдиҳӣ муқаррароти интихоботӣ риоят нашудааст ва нақзи қонун ба назар расидааст.
Мақомоти расмӣ мегӯянд, ки ба мавориди нақзи қонунҳои интихоботӣ расидагӣ хоҳанд кард.
Соли 2008 баъд аз эълони пирӯзии Саркисён дар задухурди миёни пулис ва эътирозкунандагон аз тири пулис 10 нафар кушта шуда буданд.
Интизор меравад, ки натиҷаҳои интихобот ба таври расмӣ рӯзи сешанбе эълон шавад. Рӯзи сешанбе нозирони интихоботии САҲА низ роҷеъ ба мушоҳидаҳои худ ва роҷеъ ба наҳваи баргузории интихобот нишасти хабарӣ баргузор мекунанд.
Интихоботи соли ҷорӣ дар марҳилае баргузор мешавад, ки Арманистон барои раҳоӣ аз бӯҳрони молии ҷаҳонӣ мубориза мебарад.
Арманистон ҳамчунин дар муҳосираи тиҷоратии Озарбойҷон ва Туркия қарор дорад. Баъд аз ҷанги солҳои 1990 бо Озарбойҷон барои Қарабоғи Кӯҳистонӣ, хусумати ин кишвар бо Арманистон то ҳол бартараф нашудааст.
Дар давоми чанд соли гузашта бо миёнҷигарии Фаронсаву Русия ва Амрико миёни ин ду кишвар музокирот анҷом гирифтааст, вале натиҷа надодааст.