The Heritage Foundation (Бунёди Мерос), қароргоҳаш дар Амрико ва маҷаллаи амрикоии "The Wall Street Journal" рӯзи 1 феврал гузориши нави солонаашон таҳти унвони "Index of Economic Freedom 2016" ё “Шохиси озодии иқтисодӣ 2016”-ро нашр карданд. Дар ин гузориш ва раддабандие, ки 178 кишварро дар бар мегирад, Тоҷикистон имсол дар мақоми 149-ум омадааст.
Пажӯҳишгарон асосан аз андозбандӣ, номустақилии додрасҳо ва таъмин набудани волоияти қонун нигаронӣ кардаанд. Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистону Қирғизистон бо ишғоли ҷойҳои 68 ва 96 пеш аз Тоҷикистон омада, Узбакистону Туркманистон дар раддаҳои 166 ва 174-ум ҷо гирифтаанд. Русия низ чор зина қафотар аз Тоҷикистон омадааст.
Муаллифони гузориш сатҳи озодиҳои иқтисодӣ дар кишварҳоро асосан дар чор арса - ҳукми қонун, таъсири механизмҳои танзимкунанда, дасти дахолати давлат ва бозори озод – баровард мекунанд. Имсол мизони озодиҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон 1,4 нуқта поин рафта, кишвар бо 51.3 имтиёз дар мақоми 149-ум қарор гирифтааст.
Чунин имтиёз дар раддабандии The Heritage Foundation ва "The Wall Street Journal" ба кишварҳое дода мешавад, ки низоми иқтисодиашон "асосан ғайриозод" баҳогузорӣ мешавад. Поинтар аз ин танҳо низомҳоест, ки камтар аз 50 имтиёз дошта, низоми иқтисодиашон "таъқиботӣ" эътироф мешавад.
Тоҷикистон аз ин вартаи "таъқиботӣ" муаррифӣ шудани иқтисодаш ҳамагӣ каме бештар аз 1 нуқта болост.
Гузориш Ҳонгконг, Сингапур, ва Зеландияи Навро аз нигоҳи озодиҳои иқтисодӣ дар мақомҳои аввал ҷой додааст.