Нисфирӯзии 16 май дар Вашингтон музокироти президентони ИМА ва Узбекистон - Доналд Трамп ва Шавкат Мирзиеёв баргузор шуд. Дар назди дари кохи президенти Амрико Доналд Трамп ба пешвози Мирзиёев баромад ва чанд лаҳза баъди истиқболи ҳамдигар ҳарду раҳбар барои музокирот дохили Кохи Сафед ворид шуданд.
Шавкат Мирзиёев дар раъси як ҳайати калони ҳукумативу тиҷоратӣ рӯзи 15 май ба Вашингтон сафар кардааст. Ин сафар бо даъвати Доналд Трамп анҷом мешавад.
Пеш аз шурӯи музокирот Доналд Трамп дар баробари хабарнигорон гуфт, ки истиқболи президенти Узбекистон “як шарафи бузург аст”. Вай аз Мирзиёев ба унвони як “марди боэътибор дар кишвари худ ва берун аз он” ситоиш кард.
Ӯ инчунин гуфт: “Мо дар сари масоили мухталиф ҳамроҳ кор мекунем, аз ҷумла, дар масоили тиҷорат. Онҳо дар ин кишвар сармоягузорӣ мекунанд ва мо ҳам дар он ҷо сармоягузорӣ мекунем. Ҳоло ҳамроҳ дар масоили низомӣ, аз ҷумла, таъмини таҷҳизоти низомӣ, таҷҳизот аз ИМА ҳам кор мекунем”.
Интизор меравад, ки дар поёни сафари расмии Мирзиёев ба ИМА созишномаҳои зиёди ҳамкорӣ ба имзо расад.
Дар лаҳзаҳои оғози мулоқот Мирзиёев сафари худ ба Вашингтонро “таърихӣ” унвон кард. Вай гуфт, ки ИМА аз солҳои аввали истиқлолияти Узбекистон ба ин кишвар кӯмак кардааст ва барои ин аз ИМА ташаккур кард.
Мирзиёев дар оғози сӯҳбат Доналд Трампро барои ислоҳоти низоми молиёт ва эҷоди ҷойҳои нави корӣ ситоиш кард. Вай гуфт: "Ин натиҷаи талошҳои шахсии шумо ба хотири беҳбуди зиндагии мардуми Амрико аст". Дар посух Трамп гуфт: "Ман розӣ ҳастам".
Дар ҷараёни сафаре, ки то 17 май идома мекунад, дидору гуфтугӯҳои Мирзиёев бо мақомоти вазорати дифои Амрико дар Пентагон ва ҳам сохторҳои молиявии байналмилалӣ дар назар аст.
Ҳосили ҳамоиши соҳибкорон: 6,5 миллиард доллар созишнома
Шоми 15 май дар Вашингтон ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони узбеку амрикоӣ баргузор шуд, ки дар натиҷаи он 20 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.
Бахши Узбекии Радиои Озодӣ мегӯяд, дар ин ҳамоиш миёни тоҷирону соҳибкоронии Амрико ва намояндагони давлат ва ҳам раҳбарони ширкатҳои хусусии Узбекистон ёддошти тафоҳум дар бораи нияти ҳамкорӣ дар ҳаҷми 6,5 миллиард доллар ба имзо расид. Ин созишномаҳо ҳамкориву сармоягузорӣ ба бахшҳои энергетика, нафт, кимиё, дорусозӣ, кишоварзӣ, соҳаи беҳдошт, мошинсозӣ, авиатсияи гражданӣ ва дигар соҳаҳоро дар бар мегирад. Аз ҷониби Узбекистон дар ин ҳамоиш дар баробари ширкатҳои калони истеҳсоливу тиҷоратӣ, вазири адлия ва раҳбари Кумитаи сармоягузорӣ зери санадҳо имзо гузоштанд.
Меҳмонхонаи президент дар рӯбарӯи Кохи Сафед
Шавкат Мирзиёевро дар сафар ба Вашингтон ҳамсараш Зиёратхон Ҳошимова ҳамроҳӣ мекунад. Вебсайти бахши Узбекии “Садои Амрико” мегӯяд, ки Шавкат Мирзиёев ва ҳамсараш дар меҳмонхонаи «Блэр Ҳаус» ҷой гирифтанд, ки онро меҳмонхонаи расмии президентӣ меноманд ва он дар рӯбарӯи Кохи Сафед ҷойгир аст.
Таваҷҷӯҳ ба сафари Мирзиёеви 60-сола ба Вашингтон хеле зиёд аст. Ӯ декабри соли 2016 дар паи пирӯзӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ сари қудрат омад ва ба чорякқарни раҳбарии Ислом Каримов, ки моҳи сентябри он сол даргузашт, нуқта гузошт. Аҳди Каримов ҳамчун давраи раҳбарии як президенти худкома ва истибдодӣ ёд мешавад ва ҳоло интизориҳо аз Мирзиёев дар амри ислоҳот дар бахши ҳуқуқи башар хеле зиёд аст. Дар остонаи сафари ӯ, як мақоми амрикоӣ гуфт, ки аз Мирзиёев роҳандозии ҷиддии ислоҳот дар бахши ҳуқуқи башар ва иқтисод тақозо хоҳад шуд.
Интизориҳои Амрико аз Узбекистон
Лиза Кӯртис, як масъули умури Осиёи Марказиву Ҷанубӣ дар Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед рӯзи 14-уми май гуфт, ки Узбекистон баъди даргузашти Ислом Каримов ва сари қудрат омадани Мирзиёев, дар ин кишвар "иқдомҳои бузурге" анҷом шудааст.
Айни замон ӯ ишора кард, ки мақомоти амрикоӣ аз Мирзиёев тақозо мекунанд, ки дар амри ҳалли мушкилоти тӯлониву амиқи кишвар дар бахши ҳуқуқи башар, кори иҷборӣ, озодии мазҳаб ва матбуот ба иқдомҳои муассиру давомнок даст занад. Кӯртис дар ҷараёни як нишасти Шӯрои Атлантик -- як созмони таҳқиқотӣ дар Вашингтон гуфт, "ин сафар фурсати хуб ва муҳиме барои ташвиқи ислоҳот аст."
Дар остонаи сафари Мирзиёев, созмони мудофеи ҳуқуқи инсони Amnesty International аз Доналд Трамп тақозо кард, ки Мирзиёевро барои анҷоми ислоҳоти амиқ дар бахши ҳуқуқи башар водор кунад. Ин созмон сафари Мирзиёев ба Вашингтонро шонси хубе барои ташвиқи Тошканд дар амри роҳандозии ислоҳот арзёбӣ кард.
Дар ҳоле, ки Мирзиёев ба озод кардани зиндониҳои сиёсӣ даст задааст, ҳамзамон бисёр ходимони ҳифзи қонун ва мақомоти давлатии собиқро мавриди таъқиби ҷиноӣ қарор додааст. Ин чиз мавриди нигаронии бархе гурӯҳҳо шудааст, ки шояд Мирзиёв аз роҳи поккории ин сохторҳо мехоҳад қудрати худро тақвият бидиҳад. Human Rights Watch дар гузорише, ки рӯзи 28-уми март чоп шуд, гуфт, ки ҳамоно журналистони зиёд ва мунтақидони ҳукумат таҳти фишор қарор доранд.
Дар сафари Мирзиёев ба Вашингтон инчунин нақши Чину Русия дар Осиёи Марказӣ ва ҳам имкониятҳои беҳбуди вазъи Афғонистон бо кӯмаки Узбекистон ва дигар кишварҳои минтақа баррасӣ мешавад.