Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯдакон ҷудо, волидон ҷудо. Интиқод аз сиёсати муҳоҷирати Трамп. ВИДЕО


Сухангӯи ҳукумати Фаронса гуфт, ки сиёсати президент Доналд Трамп барои ҷудо кардани кӯдакону волидони муҳоҷироне, ки аз Мексика ба Амрико ворид мешаванд, на он "модели маданиятест", ки Аврупо тарафдораш мебошад.

Рӯзҳои шанбеву якшанбе дар бисёре шаҳрҳои Амрико зидди сиёсати ҷудо кардани кӯдакон аз волидони муҳоҷирашон эътирозҳо баргузор шуд. Мақомот гуфтанд, ки дар давоми чанд моҳи охир беш аз 2 ҳазор

Дар гузашта Трамп борҳо паноҳ додан ба садҳо ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ дар Аврупоро “иштибоҳи бузург” хонда гуфтааст, ӯ дар Амрико муҳоҷирати ғайриқонуниро таҳаммул намекунад.

фарзанди муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Амрико аз волидон ҷудо шуда, ба муассисаҳои вижа интиқол ёфтанд. Сабти садои тифлони гирён дар паси панҷараҳои боздоштгоҳе дар назди хадамоти марзбонӣ, ки онро як созмони ҳомии ҳуқуқи башар фош кард, мавриди маҳкумияти зиёд дар дохил ва хориҷи Амрико қарор гирифт.

Рӯзи 19-уми июн Бенямин Гриво, сухангӯи ҳукумати Фаронса дар суҳбат бо телевизиони “France 2” гуфт, намехоҳад он чи ки дар Амрико мегузарад, дар Аврупо ҳам такрор шавад. Ба гуфтаи ӯ, ин намунаи мадании бархӯрд бо муҳоҷирон нест.

Доналд Трамп ҳоло бо фишори афзояндаи сиёсати ҷудо кардани аъзои оилаҳои муҷоҷироне рӯ ба рӯ шудааст, ки марзи Мексикаро убур мекунанд. Оҷонсии "Франс-Пресс" навишт, ки дар боздоштгоҳҳои вижаи марзбонии Амрико даҳҳо кӯдаки муҳоҷирон дар пушти панҷараҳои азими оҳанӣ нигоҳ дошта мешаванд. Гриво гуфт, "ин аксҳо, бешубҳа, такондиҳанда ҳастанд. Вале вазифаи мо ин аст, ки аз арзишҳову ормонҳои аврупоӣ ва сулҳу озодиҳо ҳимоя кунем", - гуфт ӯ.

Дар ИМА зидди сиёсати нави муҳоҷират эътироз карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:36 0:00

Дар гузашта Трамп борҳо паноҳ додан ба садҳо ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ дар Аврупоро "иштибоҳи бузург" хонда ва гуфтааст, ӯ дар Амрико муҳоҷирати ғайриқонуниро таҳаммул намекунад. Вай аз соли 2015 бисёр гуфтааст, ки намегузорад Амрико ба як қароргоҳи муҳоҷирон табдил шавад.

Трамп рӯзи 18-уми июн дар Твиттер бори дигар аз худ ҳимоят кард ва навишт, ки "намехоҳад он чи ки бо муҳоҷирон дар Аврупо рӯй медиҳад, дар Амрико ҳам такрор шавад".

Мусоҳибаи сухангӯи ҳукумати Фаронса бо телевизиони маҳаллӣ дар остонаи мулоқоти президент Эммануэл Макрон ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел пахш шуд, ки қарор аст дар Берлин баргузор шуда, мавзӯи муҳоҷиратро баррасӣ кунанд.

Техас, макони нигаҳдошти атфоли муҳоҷирон
Техас, макони нигаҳдошти атфоли муҳоҷирон

Фишор болои Ангела Меркел ҳам, ки дарҳои кишварашро ба рӯи муҳоҷирон боз карда буд, дар дохил бештар меёбад. Ин сиёсати ӯро ҳоло аъзои ҳукумат ва ҳизбҳои мухолифи муҳоҷират дар Олмон интиқод мекунанд.

Гриво гуфт: “Ман муътақидам, ки масъулияти калидии насли мо ин аст, ки ваҳдати аврупоиро дар муқобили гапфурӯшиву ҳама гуна шаклҳои популизм ҳимоят кунем”. Вай гуфт, “агар ҳар ҷониб дар пушти марзҳои худаш пинҳон шавад, мо муваффақ намешавем”.

То ҳол созмонҳои зиёди ҳомии ҳуқуқи инсон, шахсиятҳои муътабари сиёсӣ, аз ҷумла дар ИМА, ҳамсари собиқ президент Лаура Буш ва ҳамсари худи Трамп- Мелания Трамп сиёсати ҷудо кардани кӯдакон аз волидонро интиқод карданд.

XS
SM
MD
LG