Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон мурдаи зани масеҳиро ба қабристон роҳ надоданд


Сокинони деҳаи Сари-Талааи Ҷалолободи Қирғизистон ва имомхатиби маҳал ба наздикони ҳамдеҳаи худ Канигул Сотиболдиева иҷозат надодаанд, ки ҷасади ӯро дар қабристони маҳаллӣ дафн кунанд. Онҳо гуфтаанд, ки ин зан пайрави масеҳият буд ва ӯ бояд дар макони дигар ба хок супорида шавад.

Қанагул Сатибалдиеваи 76-сола, субҳи барвақти 13-уми октябр даргузашт. Чун ҳамдеҳагон барои гӯрондани ӯ дар қабристони маҳалла иҷозат надоданд, Ҷулдуз Азоев, духтари ин зан аз вакилони маҳаллӣ кӯмак хост.

Қабл аз ҳама имомхатиби ноҳия муқобили дафни ҷасад дар қабристони мусалмонон баромад. Ӯ 14-уми октябр мардумро ҷамъ карда, аз Ҷулдуз талаб намуд, ки исломро қабул кунад. Ҳамчунин пешниҳодҳо ҳам садо доданд, ки ин занро ҷазо бидиҳанд ва сангборон намоянд.

"Талаб карданд, ки аз динам даст бикашам"

Ҷулдуз мегӯяд, ки "онҳо талаб карданд, ки ман аз дини насронӣ даст бикашам ва исломро бипазирам. Ҳамаи инро онҳо наворбардорӣ карданд. Ман ба хотири модарам аз ночорӣ розӣ шудам. Маро онҳо маҷбур карданд. Хостанд, ки барои дигарон дарси ибрат шавад. Талаб кардан, ки калима бихонам. Ман натавонистам ва имомхатиб дар мазҳари омм маро мавриди хандахариш қарор дод. Вақте исломро қабул кардам, пурсидам, ки оё барои дафни модарам иҷозат медиҳанд?"

Духтари ин зан мегӯяд, ки ҳамаи ин дар назди чашми намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва кормандони милиса ҷараён гирифт, аммо онҳо чорае наандешиданд."

Чунки ба гуфтаи вай, ҷасад ду рӯз боз берун аз хок буд ва аллакай буй мекард. Вале мардуми ҷамъомада рад карданд ва гуфтанд, ки ӯро дар боғам бигӯронам. "Ҳатто ба душманам намехоҳам, ки ба чунин ҳол гирифтор шавад. Имомхатиб гуфт, ки онҳо «танҳо маро аз мазҳаби бегона наҷот доданд, вагарна сангборонам менамуданд»,-нақл мекунад Ҷулдуз.

Ба гуфтаи Ҷулдуз, ҳатто нафаре пайдо нашуд, ки дигаронро аз чунин амал боздорад ва даъват намояд, ки ба эҳсосот дода нашаванд. Ҳамаи ин дар назди чашмони намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва кормандони милиса ҷараён гирифт.

"Магар мо касеро куштем?"

Ҷулдуз нақл мекунад, ки модари вай даҳ сол қабл ин китобҳоро хонда буд ва зиёни вай ба касе намерасид. "Волидайни ман 50 сол зиндагии якҷоя доштанд ва падарам ҳамеша намозхон буд. Мардум раҳмашон ҳатто ба падарам наомад. Ман бародар надорам, танҳо ду хоҳарем. Маъмулан барои занҳо ҳарф задан дар бораи мушкилот осон нест. Одамонро новобаста аз мавқеъияташон мегуронанд ку. Ҷинояткору террористонро дафн мекунанд. Ҳатто ҷонваронро мегӯронанд. Модари ман шаҳрванди оддии Қирғизистон буд. Магар мо касеро куштем? Ва ё нафареро ғорат намудем? Мо ба ягон кас зарар нарасондем", – мегӯяд Ҷулдуз.

Оқсақолҳо ҳам мухолифат карданд

Имохатиби ноҳияи Шумқор Ҳоҷӣ Чиналиев мегӯяд, ки Ҷулдуз Азоеваро мавриди ханадхариш қарор надодааст. Гуфтугӯ бо Ҷулдузро ӯ ҳамчун «сӯҳбати фаҳмондадиҳӣ» унвон мекунад.

«Оқсақолҳои маҳаллӣ дар назди ҳукумат ҷамъ омада гуфтанд, ки намегузоранд Сатибалдиева дар қабристони маҳалла гӯронда шавад. Мо пешниҳод кардем, ки ӯро дар деҳаи дигар дафн намоянд. Вале имомхатибони масҷидҳои он ҷо ҳам шадидан муқобилият нишон доданд. Тавре маълум шуд, ҳар ду духтари майит пайрави мазҳаби ғайр будаанд. Мо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарондем. Онҳо иқрор намуданд, ки ин корашон нодуруст буд, ва омодаанд, ки дини исломро қабул намоянд. Вале мардум бо ин вуҷуд ҳеҷ ором намешуд ва барои гӯронидани модари онҳо ризоият надоданд. Баъдан мо ба деҳаҳои дигар рафтем, ки барои насрониҳо қабристони алоҳида доштанд. Вале дар он ҷо низ хоҳиши онҳоро рад карданд.»

Ҳукумати маҳаллӣ: "Ҳодисаро таҳқиқ мекунем."

Раҳбари ноҳия Сонунбек Акбаралиев, дар сӯҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло барои ҷасади Сатибалдиева гӯреро омода мекунанд, ки қаблан дар он як нафари дигар, ки низ пайрави мазҳаби баптистӣ буд, хок шудааст. Ӯ ҳамчунин ваъда дод, ки шикоятҳо дар нисбати рафтори имомхатибро таҳқиқ хоҳанд кард.

"Мо барои дафн макон пайдо кардем. Соли гузашта, баптисти дигарро дафн карда буданд, ҳоло дар он ҷо қабрро омода мекунанд. Мо ҳама мусулмон ҳастем. Агар дигарон ҳам ба пайравии мазҳабҳои дигар оғоз кунанд, бо мо чӣ мешавад?Дар мавриди имомхатиб ман то ҳол чизеро нашунидам, вале месанҷам. Баъд аз ин боз сӯҳбат мекунем", –изҳор дошт Сонунбек Акбаралиев.

Насрониҳо ҳам мухолифат карданд

Баъдан маълум шуд, ҷасади Қанагул Сатибалдиеваро дар деҳаи Орукту дафн карданд. Вале дар он ҷо ҳам мардум эътироз намуданд ва ҷасадро дигарбора аз хок берун оварданд. Пас аз ин, ҷасади Сатибалдиеваро дар деҳаи ҳамсоя, Сара Булоқ, ки барои масеҳиён гӯристон дошт, ба хок супориданд. Аммо дар он ҷо низ норозигиҳо шурӯъ шуд.

Каянбек Сатибалдиев, намояндаи ҳукумати вилояти Ҷалолобод мегӯяд, ин даъфа барои гӯронидани ҷасади Қанагул насрониҳо зиддият нишон доданд. Ҳоло барои майит макони дигарро ҷӯстуҷӯ доранд.

"Мулло раҳбар аст ё ҳукумат"?

Тибқи Сарқонун, Қирғизистон кишвари дунявӣ аст. Ҳомии ҳуқуқ Турсунбек Акун мегӯяд, ин кишвар ҳамчунин барои таъмини озодиҳои динӣ ӯҳдадориҳои байналмилалӣ дорад.

"Баъд аз он, ки Қирғизистон ба Паймони байналамилалӣ дар бораи озодиҳои динӣ ҳамроҳ шуд, дар ин кишвар теъдоди динҳои мухталиф зиёд гардид. Аз нигоҳи ман, набояд ин санад ба тасвиб мерасид. Вале чун онро пазируфтанд, бояд риоя шавад, ба мардум ҳаққи интихобро

Турсунбек Акун.
Турсунбек Акун.

бидиҳанд, ва ба пайравони ин динҳо дар қабристонҳо ҷойро фароҳам намоянд. Ислом ба таҳаммулпазирӣ ва оромӣ даъват мекунад. Шумо тасаввур кунед, агар онҳоро сангборон мекарданд, чӣ мешуд? Мо дар давлатӣ ҳуқуқбунёд зиндагӣ мекунем. Вале ҳоким ва ҷонишинаш ба хости мулло амал менамоянд. Магар дар кишвари мо на ҳокимон, балки муллоҳо раҳбарӣ мекунанд?" – cуол медиҳад, Турсунбек Акун.

Фаъолияти баптистҳо дар Қирғизистон бо омадани хонаводаҳои олмонӣ аз солҳои 1907-1908 оғоз ёфт. Ҳоли ҳозир дар ин кишвар наздики 3 ҳазор пайравони ин мазҳаб ҳисоб шудааст, ки 50 ибодатгоҳ доранд. Дар маҷмӯъ дар Қирғизистон расман 2800 ташкилоти динӣ сабт шудааст. Беш аз ду ҳазори онҳо фаъолияти исломӣ доранд ва боқимонда марбути дини насронӣ мебошанд.

XS
SM
MD
LG