Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шавҳар зани ҷавонашро оташ зад


Дар  вилояти Норини Қирғизистон як ҷавонмард худашу ҳамсари 22-солаашро бензин рехта, оташ задааст. Нургул, ки 80 дарсади баданаш сӯхта буд, дар бемористон даргузашт.

Қазияи худашу ҳамсарашро оташ задани як ҷавонмард дар вилояти Норин дар шимоли Қирғизистон ҷомиаи ин кишварро такон дод.

Ҳодиса рӯзи 5 феврал дар дафтари яке аз ширкатҳои сайёҳии Норин рух додааст. Раҳимбеки 27-сола ба ҷои кори ҳамсари 22-солааш Нургул омада, аз ҳамкори ҳамсараш хоҳиш мекунад, ки чанд лаҳза берун барояд. Баъди онки ҳарду дар дафтар танҳо мемонанд, Раҳимбек аз канистрае, ки бо худ оварда буд, ба тани худашу ҳамсараш бензин мерезад ва оташ мезанад. Дар пайи баланд шудани доду фарёди Нургул ҳамкоронаш дарро шикаста, медароянд ва оташро хомӯш мекунанд.

Вале Нургул, ки ба гуфтаи табибон, 80 дарсади баданаш сӯхта буд, рӯзи 8 феврал дар бемористон даргузашт. Шавҳари ӯ дар ҳолати вазнин дар бемористон қарор дорад.

Каримбек – бародари Раҳимбек мегӯяд, ки ӯ ҳанӯз ба ҳуш наомадааст ва дар қиболи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Раҳимбек дар ин парванда ҳамчун гумонбари асосӣ мегузарад.

Муфаттиши раёсати умури дохилаи вилояти Норин Азамат Мукаев мегӯяд, ҳанӯз натиҷагирӣ кардан дар бораи сабабҳои ин фоҷиа барвақт аст: “Яке аз ин ду нафари сӯхта даргузашт, дувумиаш ҳанӯз ба ҳуш наомадааст. Раёсати умури дохилаи шаҳри Норин дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушодааст. Баҳои ҳуқуқӣ ба ин қазия баъди анҷоми таҳқиқ дода мешавад.”

Ба гуфтаи табибон, дар ҳодисаи рӯзи 5 феврал беш аз 30 дарсади пӯсти бадани Раҳимбек сӯхтааст. Табиби бахши реаниматсияи бемористони вилоятии Норин Жиргалбек Алиев мегӯяд, вазъи Раҳимбек ҳамоно вазнин боқӣ мемонад: “Вақте 25 фоизи бадани одам месӯзад, ин алакай вазнин аст. Ин марди 27-соларо 32 дарсади баданаш сӯхтааст. Ӯ мустақилона нафас кашида наметавонад ва аз ин рӯ, ӯро ба дастгоҳи вентилятсияи сунъии шуш пайваст кардаанд. Ҳанӯз гуфта наметавонам, ки ӯ кай ба худ меояд.”

Раҳимбек ва Нургул ним сол пеш издивоҷ карда буданд, вале дар тирамоҳи соли гузашта муҳаббати онҳо ба ҷанҷол печид. Дархости ҷудоии ин ҷуфти ҷавон дар дасти баррасии додгоҳ қарор доштааст.

Амонгелдӣ, яке аз хешовандони Раҳимбек мегӯяд, ки ӯ талош дошт, то бо ҳамсараш оштӣ кунад: “Рӯзи 3 феврал зодрӯзи ин келини мо буд. Ман шунидам, ки Раҳимбек торт харида, ба табрики вай рафтааст. Онҳо пеш ҳам бо якдигар қаҳрӣ мекарданд, вале додари ман чунин бефикр набуд. Ӯ ҳамеша хеле меҳрубон буд. Ҳоло ҳаёти вай дар нӯги як ришта истодааст. Мо хеле мехоҳем, ки вай зинда монад.”

Ҳамин гуна, ҷанҷолҳои дар назари аввал начандон ҷиддии ду зану шавҳар дар ниҳоят ба фоҷиае печид, ки мунҷар ба ҳалокати Нургули 22-сола шуд ва шавҳари ӯ инак 5 рӯз боз дар бемористон бо марг дастбагиребон аст. Ин нахустин чунин ҳодиса дар Норини Қирғизистон будааст.

XS
SM
MD
LG