Солеҳ, сокини 36-солаи ноҳияи Ёвон баъди ҳар намозаш дуо мекард, ки Худованд ба падари бемораш ҳарчӣ зудтар шифои комил бидиҳад, аммо рӯзе расиду орзуяш дигар шуд ва акнун мегуфт, Худованд ҳарчӣ зудтар ҷони падарашро бигирад. Вай дигар тоби дидани машаққат ва дард кашидани падарашро надошт, ки гирифтори бемории саратони ҳалқ буд ва аз дарди тоқатфарсо ба худ мепечид, фиғон мекашид, вале боз ҳам намегузошт, ки ба ӯ доруҳои сахттаъсири таскинбахши дард бидиҳанд: “Месӯхт, бисёр месӯхт, се моҳ ҳамин гуна идома кард, доруҳои таскиндиҳанда додем, як ду бор гирифт, дигар раҳ надод, гуфт, лозим нест дору.“
На танҳо Солеҳ, балки дигар аҳли хонавода ҳам зимни дарди дил кардан ба наздикону ҳамсояҳо дар бораи падар, мегуфтанд, “Кош Худо зудтар ҷонашро мегирифту ӯро аз дарду ранҷ” халос мекард.
Дар посух ба ин суол, ки агар дар Тоҷикистон мисли Белгияву Ҳолланд ба “эвтаназия” ва ё марги осону бедард иҷоза медоданд, розӣ мешуд, табибон ҳамин корро бо падараш кунанд, Солеҳ билофосила бале гуфт. Ба назари мусоҳибам, шояд мардум ӯро қотилу фарзанди золиму бемеҳру носипос бидонанд, вале ба қавли Солеҳ, ҳоли ӯро танҳо онҳое мефаҳманд, ки дар ҳамингуна шароит будаанд ва дидаанд, ки чӣ гуна як азизи хонавода дар пеши чашмашон 7 моҳ месӯзаду обу адо мешавад.
Дар Тоҷикистон садҳо нафар мисли Солеҳ шоҳиди марги тадриҷиву пуразобу падар ё модар ва ё фарзанду ҳамсар мешаванд, вале ба ғайр аз нишастан сари болини онҳову дуо кардану ғусса хӯрдан аз дасташон чизе намеояд. Ҷамила Худоёрова, табиби саратоншинос ва мудири Маркази вилоятии бемориҳои онкологии Хоруғ ва аз табибони камшумори соҳа дар Бадахшон мегӯяд, дарде, ки беморони саратон дар марҳилаҳои охири беморӣ мекашанд, бисёр тоқатфарсост, вале бо вуҷуди ин дар Тоҷикистон табибон то охирин сонияҳои умр барои наҷоти ҷони бемор мубориза мебаранд: “Беморон аз дарди сахт бисёр азият мекашанд, синдроми дарднок дар онҳо зиёд аст. Дар мо эвтаназия мумкин нест, мо ин корро намекунем, чунки хешовандон ҳам ба ин кор розигӣ намедиҳанд. Мо то лаҳзаи охир мубориза мебарем ва барои кам кардани дард, доруҳои опиодӣ, (доруҳои сахттаъсири таскиндиҳандаи дард) истифода мебарем."
Дар Тоҷикистон мисли бисёре аз кишварҳои дигар эвтаназия иҷоза дода намешавад ва куштани инсон аз рӯи тарраҳум ва аз ҳамин роҳ халос кардани онҳо аз азоб дар амал ҷиноят ба ҳисоб меравад. Дар Қонуни асосии Тоҷикистон “ҳақ ба зиндагӣ” ба ҳайси як арзиши воло зикр шудааст, вале “ҳақ ба марг” ва ҳамингуна “эвтаназия” дар ҳеҷ санади қонунӣ нест. Вале шояд дар ояндаи начандон дур ва бо бештар шудани таваҷҷӯҳ ба ин тамоюл давлати Тоҷикистон ҳам ба ин масъала рӯ биёрад ва ё ба он иҷоза бидиҳад ва ё комилан бар асоси қонун мамнӯъ кунад.
Исрофил Бобоҷонов, доктори улуми ҳуқуқ ва раиси додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ, ки рисолаи докториаш дар бораи ҷанбаҳои ҳуқуқии зиндагӣ ва марги инсон аст, дар ин пажӯҳиши мукаммали худ, аз ҷумла пешниҳод кардааст, ки дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои эвтаназия ҷазо муқаррар карда шавад. Вай пешниҳод дорад, ки бо хоҳиши худаш аз зиндагӣ маҳрум кардани инсони гирифтори дарди бедаво ва ё фарде, ки дарди таҳаммулнопазир мекашад, ҷиноят ҳисобида шавад ва барои он аз 3 то 5 соли зиндон ҷазо таъйин кунанд. Ба гуфтаи ҳуқуқдони ботаҷрибаи тоҷик, дар сурати иҷоза додани эвтаназия мумкин аст, ки аз он сӯистифода шавад, зеро дар Тоҷикистон ҳанӯз таҷрибаи “тибби паллиативӣ”, ё нигоҳубини беморони гирифтори дарди бедаво рушд накардааст ва мумкин аст, баъзе аз афрод бо ҳадафи ҳарчӣ зудтар халос шудан аз бемор, ӯро ба тарки зиндагӣ мойил намоянд.
Аз сӯи дигар ин ҳам пеш хоҳад омад, ки арзишҳои ахлоқиву мазҳабӣ дар Тоҷикистони мусулмоннишин намегузорад, ки эвтаназия қонунӣ шавад. Таври маълум бар асоси муқаррароти ислом, ҳеҷ касе ҳақ надорад, қасди ҷони худ кунад, чун ба инсон Худо ҷон додааст ва ӯ ҷонашро мегирад. Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода, донишманд ва рӯҳонии маъруфи тоҷик дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: “Дар ақидаҳои мо ҳатто дуо кардан, ки Худоё маро тезтар бимирон, ки ҷонам аз ҳамин касал халос шавад, ҷонам аз ҳамин меҳнатҳои дунявӣ халос шавад, иҷозат нест. Танҳо мо бояд дуо кунем, ки парвардигорро дарди моро осон кун, моро имон бидеҳ. Барои ҳамин аз тарафи ислом иҷозат нест, масалан ба укол мемиронанд, ё ёрдам мекунанд, ки ҳамон касалиро ки бимирад. Ин худкушӣ ҳисоб мешавад ва он одамоне, ки ба ин кор (эвтаназия) даст мезананд, гуноҳи азиме мегиранд.“
Аммо ба навиштаи Исрофил Бобоҷонов, ҳуқуқдони тоҷик, бо назардошти вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон, кам шудани кӯмакҳои тиббӣ ба мардуми эҳтиёҷманд, маблағгузории нокофии соҳаи тандурустӣ ва афзоиши маргумир метавон гуфт, ки дар Тоҷикистон эвтаназияи пассиву пинҳон идома дорад -- (эвтаназияи пассив, бо ҳадафи даргузашти бемор ва бо хоҳиши ӯ ба тадриҷ кам кардани доруву дармон). Худкушӣ дар байни мардуми бузургсол бештар шуда ва ҳатто ҳолатҳое буд, ки занон фарзандони худро ҳам куштаанд.
Бино бар омори расмӣ, дар Тоҷикистон то соли 2010 аз миёни ҳар сад ҳазор нафар 133 тан ба саратон гирифтор мешаванд ва теъдоди гирифторони беморӣ сол ба сол меафзояд. Мумкин аст, бо мурури замону тағйири тадриҷии арзишҳо эвтаназия мисли Ҳолланд ва Белгия ба Тоҷикистон роҳ ёбад, аммо ба гуфтаи Солеҳ, то он замон “Худованд ҳатто душмани инсонро ба дарди бедаво гирифтор накунад.”