Дар “CrisisWatch”, арзёбии ин созмон дар моҳи январ, ки ахиран нашр шуд, Тоҷикистон, ҳамроҳ бо Қирғизистон дар радифи 12 кишваре қарор гирифтааст, ки моҳи гузашта авзоъи амниятиашон бад шудааст ва ё заминаҳо барои сар задани муноқиша дар он кишварҳо бештар шудаанд.
Тоҷикистон дар зарфи тақрибан якуним соли ахир дар ин арзёбӣ дар гурӯҳи кишварҳое буд, ки авзоъ дар онҳо бетағйир монда ва на бадтар шудааст ва на хуб. Таҳлилгарони амниятии Гурӯҳи Байналмилалии Пажӯҳиши Бӯҳронҳо бо назардошти низоъи байни марзбонони тоҷику қирғиз дар рӯзи 11 январ, гуфтаанд, баъди ин ҳодиса муносиботи Тоҷикистон бо Қирғизистон бад шудааст, ки метавонад, заминае барои муноқиша бошад.
Дар ин ҷанҷолу тирандозӣ миёни сарҳадбонони тоҷику қирғиз, ки барои як минтақаи баҳсбарангези сарҳадӣ сурат гирифт, ду афсари тоҷик ва 5 марзбону як маъмури милиса аз Қирғизистон захмӣ шуданд. Баъди ин ҳодиса Қирғизистон марзҳояшро бо Тоҷикистон баст ва баъди аз он моҷаро тарафҳо чанд дафъа роҳҳои ҷилавгирӣ аз такрори низоъ ва суръат бахшидан ба таъйину аломатгузории бештар аз 400 километр марзи ду кишвар гуфтугӯ карданд.
Гурӯҳи Байналмилалии Пажӯҳиши Бӯҳронҳо, бори охир моҳи августи соли 2012 аз бадтар шудани авзоъи амнияӣ дар Тоҷикистон ва афзоиши заминаҳои нооромӣ ҳушдор дода буд. Дар он замон баъди қатли генерал Абдулло Назаров, сардори Раёсати кумитаи амниятӣ миллӣ дар вилояти Бадахшон, маъмурони амниятии Тоҷикистон амалиётеро барои маҳви гурӯҳҳои мусаллаҳ бо раҳбарии Толиб Аёмбеков, размандаи собиқ дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва айни замон, фармондеҳи воҳиди марзбонӣ дар ноҳияи Ишкошим шурӯъ кард. Ин амалиёт, ки бо марги даҳҳо нафар, аз ҷумла сокинони осоишта ҳам анҷомид, хашми мардуми маҳаллиро барангехт.
Гурӯҳи Байналмилалии Пажӯҳиши Бӯҳронҳо, ки дар Амрико қароргоҳ дорад, соли 1995 таъсис ёфта ва ҳадафи он ҷилавгирӣ аз низоъ ва ҳалли муноқишаҳои хунин дар кишвар ва манотиқи ноороми дунёст. Ин созмон аз соли 2003 то кунун, ҳар моҳ вазъи амниятии кишварҳо ва муноқишаҳои мавҷудро баррасӣ карда ва аз эҳтимоли шиддат гирифтани авзоъ ва сар задани муноқишаҳо ҳушдор медиҳад. Ду ҳамсояи Тоҷикистон, Қирғизистон ва бахусус Афғонистон аксар вақт дар радифи кишварҳое қарор мегиранд, ки вазъи амнияташон бад шудааст ва ё заминаҳо барои нооромӣ дар онҳо афзоиш ёфтаанд.