Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсари Алифмоҳ барои ба худкушӣ расонидани ӯ 12 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд


Алифмоҳ Худойназароваи 28-сола рӯзи 13 июл худро ба дарёи Вахш андохта ба ҳалокат расид.
Алифмоҳ Худойназароваи 28-сола рӯзи 13 июл худро ба дарёи Вахш андохта ба ҳалокат расид.

Додгоҳи шаҳри Норак як сокини маҳаллиро, ки дар худкушии ҳамсараш ва бисёрзанӣ муттаҳам мешуд, бо пардохти ҷарима озод кардааст.

Масъулони додгоҳи шаҳри Норак рӯзи 21 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки додгоҳ фарзандони ноболиғи Муҳаммадзариф

Барои ман дигар фарқе намекунад. Муҳим хоҳарам буд, ки ҷон дод ва дигар нест. Он мард дар озодӣ аст ё зиндон дигар муҳим нест.

Шарипов аз ҳамсари аввалаашро ба инобат гирифт ва ӯро бо ҷарима аз ҷавобгарӣ озод кард. Ҳукми додгоҳ низ қувваи қонунӣ гирифтааст- гуфт ин манбаъ. Алифмоҳ Худойназарова, зани 28-солаи сокини деҳаи Лангари шаҳри Норак, 13 июли соли ҷорӣ худро ба дарёи Вахш андохт ва ба ҳалокат расид. Баъдан маълум шуд, ки ӯ обистан буд. Ҷасади ин занро бо гузашти як моҳ аз обҳои Вахш пайдо карданд. Фарзияи аслии даст ба худкушӣ ӯ “озору азияти пайваст дар хонаи шавҳар" гуфта мешуд.

Масъулони додгоҳи шаҳри Норак ҳаҷми ҷаримаро ошкор накарданд, вале як мақоми ҳукумати ин шаҳр гуфт, ки Муҳаммадзариф Шарипов, сокини кучаи Боймирзо Шукуров, ба пардохти маблағи 12 ҳазор сомонӣ ҷарима муҷозот шудааст.

Парвандаи худкушии Алифмоҳ Холназарова ба додгоҳ рафт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:47 0:00

То 5 соли зиндон пешбинӣ мешуд...

Муҳаммадзариф Шарипови 42-сола рӯзи 13-уми июл, дар рӯзи худкушии ҳамсари дуюмаш - Алифамоҳ Худойназароваи 28-сола боздошт ва алайҳи ӯ бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ -"ба худкушӣ расондан" ва "бисёрзанӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Пешгӯи мешуд, ки аз рӯи ин моддаҳо ба ин мард то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ба Радиои Озодӣ имкон нашуд, ки бо Муҳаммадзариф Шарипов суҳбат кунад, вале Фарҳод Шарипов, бародари ӯ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки додараш озод, вале дар ҳаҷми 12 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст. Ӯ низ нахост дар ин бора бештар сӯҳбат кунад.

Пайвандон ва ҳам мақомоти интизомӣ дар шаҳри Норак гуфта буданд, ки Алифмоҳро шавҳари 42-солааш Муҳаммадзариф Шарипов пайваста озор медод ва ҳамин вазъият ӯро ба худкуш водор кард.

"Муҳим ҷони хоҳарам буд... барои мо дигар фарқе надорад"

Нозанин Бобиева, модари Алифмоҳ чанде пеш аз мақомоти шаҳри Норак барои домодаш, ки духтарашро ба худкушӣ расонида буд, ҷазои сангин талаб кард. Ҷаҳонгир Худойназаров, бародари Алифмоҳ Худойназарова дар сдар вокуниш ба ҳукми додгоҳ гуфт: "Барои ман дигар фарқе намекунад. Муҳим хоҳарам буд, ки ҷон дод ва дигар нест. Он мард дар озодӣ аст ё зиндон дигар муҳим нест”.

Нозанин Бобиева
Нозанин Бобиева

Алифмоҳ аз шавҳари аввалааш талоқ гирифта, як сол қабл ба никоҳи Муҳаммадзариф Шарифов даромада буд. Наздиконаш мегӯянд, ӯ бо ҳамсараш зиндагии бисёр печида дошт, вайваста даъво доштанд ва рӯзҳои охири ҳаёташ дар хонаи модараш зиндагӣ мекард.

Иброҳим Шарифов, падари Муҳаммадзариф Шарифов, сокини деҳаи Тутқавули ҷамоати “Пули сангин”-и шаҳри Норак, баъди худкушии Алифмоҳ гуфта буд, ки ба издивоҷи ин зан бо писараш мухолиф буданд, вале Муҳаммадзариф ба ҳарфи хонавода гӯш надод.

Иброҳим Шарифов
Иброҳим Шарифов

Ҳодисаҳои худкушии занон дар Тоҷикистон нав нест. Соли гузашта дар Тоҷикистон 327 ҳодисаи худкушӣ ва ё талоши худкушӣ сабт шудааст, ки 168 нафари онҳо зан будаанд.

Яке аз ваҳшатноктарин ҳодисаҳо – худкушии Зӯҳро Маҳмуродова – сокини деҳаи Қибили шаҳри Норак дар якуним соли пеш буд. Ин зан ҳамроҳ бо 4 фарзанди ноболиғаш рӯзи 5-уми феврали соли гузашта худро ба дарёи Вахш афканд ва дар натиҷа ҳамаашон ҷон додаанд.

Ин ҳодиса ҷомеаи Тоҷикистонро такон дод. Масъалаи худкуширо созмонҳои мудофеи ҳуқуқи занон дар Тоҷикистон хеле ҷиддӣ ва нигаронкунанда меноманд ва мегӯянд, ки дар аксар ҳолат хушунати хонаводагӣ сабаби ин ҳодисаҳо мешавад.

XS
SM
MD
LG