Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СҶМ дар 15 сол 700 қурбонии қочоқи инсон аз Тоҷикистонро шиносоӣ кардааст. ВИДЕО


Дар 15 соли охир 700 шаҳрванди Тоҷикистон дар муроҷиат ба Созмони байналмиллалии муҳоҷират аз худ ба унвони қурбонии қочоқи инсон хабар додаанд.

Дар солҳои охир шаҳрвандони Тоҷикистон бештар дар қаламрави Афғонистон, Туркия, Русия ва ҷумҳуриҳои дигари шӯравӣ ва бархе кишварҳои арабӣ мавриди сӯиистифодаи шаҳвонӣ ё истисморӣ корӣ қарор гирифтаанд.

Зулайхо дар Саудӣ "истисмор" шуд

Зулайхо исми шартии зани 24-сола аст, ки соле қабл бо кӯмаки хешовандон ва ҳам Cозмони байналмилалии муҳоҷират тавонист аз Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон баргардонида шавад. Ин зан намехоҳад исми воқеиаш фош шавад, чун умедвор аст, ки баъди озод шудан аз дасти ҷинояткорон, дар ватан зиндагии солиму наверо шурӯъ хоҳад кард.

Коршиносон мегӯянд, ки бо зиёд шудани сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷ, дар баробари боз шудани имкониятҳои бештари кору даромад, хатарҳои мисли афтодан ба дасти афроди ҷиноятпеша ҳам вуҷуд дорад.

Зулайҳо гуфт, ду сол қабл ба фиреби як ширкат гирифтор шуда, ба шаҳри Риёз рафт ва вақте огаҳ шуд, дарк кард, ки мавриди истисмори шаҳвонӣ қарор гирифтааст.

Афроде, ки ӯро бо ваъдаи кор ба Риёз бурданд, шиноснома ва телефонашро гирифта, ӯро аз ҳама гуна тамос бо пайвандон маҳрум карданд. Танҳо баъди кӯмаки бархе ҳамтақдирони дигараш бо Созмони байналмилалии муҳоҷират, ин зан тавонист аз дасти қочоқчиҳо озод ва ба ватан баргардонида шавад.

"Фемида" ба қурбониён кӯмак мекунад

Созмони ҷамъиятии "Фемида", ки бо ҳадафи кӯмак ба қурбониёни қочоқи инсон амал мекунад, мегӯяд, дар миёни муштариёни онҳо асосан онҳое мебошанд, ки қурбонии тиҷорати сиёҳи фаҳшо шудаанд ва ё истисмори корӣ шудаанд. Саноат Солиева, муассиси созмони "Фемида" мегӯяд, дар паноҳгоҳи ин созмон, ки аз соли 2006 амал мекунад, дар 12 соли охир ҳудудан 200 қурбонии қочоқ кӯмак дарёфт кардааст.

Ба иттилои ӯ, дар ин марказ, ки дар гузашта зери назари Созмони ҷаҳонии муҳоҷират ва ҳоло бо кӯмаки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон амал мекунад, ба қурбониҳо ҳама кӯмаки зарурӣ - аз ёрии тиббиву ҳуқуқӣ сар карда то омӯзондани касбу ихтисоси нав расонида мешавад.

Хатари қочоқи инсонҳо аз Тоҷикистон ба хориҷ вуҷуд дорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:56 0:00

Дар Душанбе роҳҳои ҷилавгирӣ аз қочоқи инсонро ҷустанд

Коршиносон ва мақомоти зирабти кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Покистон рӯзи 3-юми декабр дар Душанбе роҳҳои ҷилавгирӣ аз қочоқи инсонро дар як ҳамоиш бо ширкати масъулин ва сохторҳои зирабти минтақавӣ баррасӣ карданд.

Яке аз кишварҳое, ки бо масъалаи қочоқи инсон аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон сарукор мегирад, Афғонистони ҳамсоя аст. Ин кишвар бо Тоҷикистон беш аз 1300 км марзи муштарак дорад ва қочоқи инсон дар баробари қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва таҳдидҳои дигар, яке аз нигарониҳои ҷиддӣ дар марзи ду кишвар ба шумор меравад.

Орифи Ноифӣ, раиси бахши иртибототи хориҷии вазорати адлияи Афғонистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ эътироф кард, ки масъулони ин вазоратхона шикоятҳои сокинони қочоқшудаи Тоҷикистонро низ баррасӣ мекунад. Ҳарчанд ҷаноби Ноифӣ гуфт, ки дар даст омори дақиқи сокинони қочоқшудаи Тоҷикистонро надорад, вале чунин афрод бо далелҳои мухталиф дар қаламрави Афғонистон қарор доранд.

Вай гуфт: "Омори дақиқеро дар даст надорам, вале аз сӯи вазорати адлияи Афғонистон ба ин афрод кӯмакҳо ироа мешаванд. Кишварҳои мо на танҳо ҳаммарз ҳастанд, балкӣ ҳамфарҳангу ҳамзабон низ мебошанд. Бояд иқрор бишавам, ки марзҳои миёни кишварҳои мо низ чандон баста нестанд. Дар марз минтақаҳое вуҷуд доранд, ки роҳҳои убур нисбатан боз ҳастанд. Мо намегӯем, ки ҷабрдидаҳои қочоқи инсон аз Тоҷикистон дар Афғонистон нестанд. Аммо, ба онҳое, ки қочоқ шудаанд, мо кӯмакҳои зарурӣ ихтисос медиҳем".

"Иттилои дақиқро мақомоти тоҷик бояд эълон кунанд"

Сохторҳои ҳифзи қонун дар солҳои гузашта гуфтаанд, ки дар миёни афроди мавриди қочоқ қароргирифта наздикони онҳое ҳам мебошанд, ки даст ба муомилаи ғайриқонунӣ бо нашъа зада, дар пайи пардохт накардани қарзи нашъаҷаллобон, наздиконашон гаравгони қочоқчиҳо шудаанд. Сара Кракс, муовини намояндаи Созмони байналмиллалии муҳоҷират дар Афғонистон ингуна ҷиноятҳоро бо нооромиҳои идомаёбанда дар ин кишвар рабт дод.

Кристина Транка, намояндаи Созмони байналмиллалии муҳоҷират дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз соли 2003 ба ин сӯ ин созмон ба беш аз 700 шаҳрванди Тоҷикистон, ки мавриди қочоқ қарор гирифтаанд, кӯмакҳо ироа кардааст. Ба гуфтаи хонум Франка, мушаххас кардани афроди қочоқшуда дар шароити феълии ҷаҳонӣ кори душвор мебошад, вале бо ин вуҷуд, коршиносони IOM талош мекунанд бо дарёфти иттилоъ аз наздикони шахси қочоқшуда маҳалли ҳузури ӯро муайян созанд.

Кристина Транка афзуд: "Мо метавонем иддао кунем, ки бештаре аз ҳудуди 700 шаҳрванди қочоқшудаи Тоҷикистон ба Русия, Туркия, кишварҳои Халиҷи Форс ва Афғонистон интиқол шудаанд. Иттилои дақиқро бояд мақомоти тоҷик эълон кунанд".

Муҷозоти сангин барои қочоқи инсон

Қонунҳои Тоҷикистон барои қочоқи инсон муҷозоти сангин пешбинӣ мекунад ва ҳафтаи гузашта дар парлумон муовини вазири умури дохилӣ Икром Умарзода зимни муаррифии тағйирот ба қонун "Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон" гуфт, дар аксар вақт занон барои даст доштан дар ҷиноятҳои марбут ба қочоқи инсон боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Икромзода гуфт, дар даҳ моҳи соли ҷорӣ дар доираи парвандаҳои ҷиноятии марбут ба савдои одамон 49 нафар дастгир шуданд, ки аз ин 5 нафар мард ва 44 нафар зан мебошанд. Баробар бо ин, аксар қурбониҳои ин тиҷорати сиёҳ ҳам занону кӯдакон будаанд. Аз ҷумла, соли ҷорӣ 36 зан ва 10 кӯдак қочоқ шудаанд.

Қочоқи инсон як хатар боқӣ мемонад

Коршиносон мегӯянд, ки бо зиёд шудани сафар ва ҳаракати шаҳрвандони Тоҷикистон ба кишварҳои дигар, дар баробари боз шудани имкониятҳои бештари кору даромад, хатарҳои мисли афтодан ба дасти афроди ҷиноятпеша ҳам вуҷуд дорад. Барои пешгирӣ аз чунин хатарҳо ба шаҳрвандон машварат мешавад, ки ҳангоми муомила бо афроди ношинос, дарёфти пешниҳоди кор ё сафар бо ҳадафи кор ва саёҳат аз эҳтиёт кор гиранд ва аз муроҷиат ба сохторҳои қудратӣ, сафоратҳои кишварҳои худ дар хориҷа ва ё Созмони ҷаҳонии муҳоҷират наҳаросанд.

Мадина Худоназарова, зани 38-солае, ки бо ваъдаи кори сердаромад ба Арабистони Саудӣ рафта буд, тахминан ду сол дар манзили як сокини маҳаллӣ дар шароити сахту сангин кор кард. Танҳо баъди муроҷиати ӯ ба матбуот қазияи ӯ расонаӣ шуд ва мақомоти тоҷик ӯро ба Тоҷикистон баргардониданд. Худоназарова яке аз бисёр заноне буд, ки гуфт, созишномаи корро бидуни санҷиши дурусти ҳуқуқӣ имзо карда, амалан дар ҳолати ғуломӣ кору зиндагӣ мекард.

XS
SM
MD
LG