Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуқуқи инсон: Аз таъқиби мухолифин то "иҷозатнома" барои ришу ҳиҷоб


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар як гузориши байналмилалӣ масдуд кардани расонаҳои интернетӣ, таъқиби мухолифин ва маҳдуд кардани озодиҳои динӣ аз мушкилоти умдаи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон номбар шудааст.

4 созмони ғайридавлатӣ дар як гузориши муштарак вазъи ҳуқуқи башар ва озодии баён дар 3 кишвари Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Туркманистон ва Тоҷикистонро тасвир кардаанд. Ин гузориш аз сӯи созмонҳои Бюрои ҳуқуқи башар ва риояи қонунияти Қазоқистон, Ташаббуси ҳуқуқи башари Туркманистон, созмони “Нота Бене” аз Тоҷикистон ва Мушорикати байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи башар, марказаш дар Белгия бар асоси мониторинги вазъи ҳуқуқи башар дар ин 3 кишвари Осиёи Марказӣ аз моҳи май то августи соли 2015 дар чорчӯби барномаи “Эътилофи фаромиллии ҷомиаи шаҳрвандӣ ба пуштибонӣ аз ҳуқуқи бунёдӣ дар Осиёи Марказӣ” таҳия шудааст.

Дар бахши Тоҷикистони ин гузориш гуфта мешавад, ки “вазъи озодии матбуот дар Тоҷикистон мушкил боқӣ мемонад. Дар бораи мавридҳои нави худсарона масдуд кардани дастрасӣ ба сомонаҳои интернетӣ, аз ҷумла ба сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ гузориш мешавад. Сабаби масдудкунии сомонаҳо дар моҳи майи соли 2015 дар Интернет пайдо шудани муроҷиати видеоии як мақоми дар гузашта баландпояи пулис буд, ки аз пайвастани худ ба “Давлати исломӣ” хабар дод. ”

Гузориш мегӯяд, дар моҳи август раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба тағйирот ба қонуне имзо гузошт, ки созмонҳои ҷамъиятиро муваззаф мекунад, то ниҳодҳои давлатиро дар бораи тамоми маблағҳое, ки аз хориҷа мегиранд, дар ҷараён гузоранд. Ин талабот мояи интиқоди ҷомиаи шаҳрвандӣ ва намояндагони СММ дар умури ҳуқуқи башар шуд, ки дар ин тағйирот “таҳдиди маҳдуд шудани фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ бар хилофи меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи башар”-ро мебинанд.

Созмонҳои ғайридавлатӣ, аз ҷумла созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, дар Тоҷикистон дар ин се моҳ мавриди силсилаи тафтишоти мақомот ва он ҳам бидуни шарҳи расмии сабабҳои тафтиш қарор гирифтанд. Гузориш мегӯяд, “нигарониҳое вуҷуд дорад, ки мақсади тафтишҳо метавонад талоши тарсондан ва хомӯш кардани садои созмонҳои маъруф бо танқиди мақомот бошад.”

Дар ин радиф аз ҷумла аз худи созмони “Нота Бене” ёд шудааст, ки Кумитаи андоз ба далели як кӯтоҳӣ дар замони сабти номи ин созмон дар соли 2009 бастанашро талаб кардааст. “Нота Бене” феълан бо Кумитаи андоз сари ин даъво вориди баҳсҳои додгоҳист.

Дар гузориш аз вазъи бар асари бӯҳрони иқтисодӣ ва қонунҳои нави Русия боз ҳам осебпазиртаршудаи муҳоҷирони тоҷик ва идомаи фишорҳо алайҳи ҳизби исломӣ ва ҳушдори поёни моҳи августи вазорати адлия ба ин ҳизб, ки фаъолияташ “ғайриқонунӣ”-ст, низ сӯҳбат шудааст. Ҳамчунин изҳори ташвиш шудааст, ки фаъолони мухолифин, ки дар хориҷ бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир шудаанд, метавонанд дар сурати истирдодашон дар Тоҷикистон мавриди шиканҷа ва бадрафторӣ қарор бигиранд.

Гузоришгарон мегӯянд, созмонҳои ғайридавлатӣ аз шаҳрвандоне, ки нафақаи маъюбӣ мегиранд, дар бораи бар хилофи ҳаққи онҳо ба меҳнат барканор шуданашон аз кор дар идораҳои давлатӣ ваё маҷбур кардани онҳо барои рафтан аз кор “бо хоҳиши худ” шикоятҳои зиёд гирифтанд. Барномаи эълонкардаи вазорати тандурустӣ дар бораи ташхиси ҳатмии пеш аз издивоҷ низ, ба ақидаи ҳомиёни ҳуқуқи тоҷик, мояи нигаронист, бахусус дар робита ба эҳтимоли муносибати табъизомез нисбат ба он афроде, ки мисли гирифиторони ВИЧ – вируси ангезандаи бемории СПИД - таърихи бемории “мушкил” доранд.

Лутфулло Бобобеков,сокини 38-солаи шаҳри Панҷакент мегӯяд, рӯзи 31 марти соли 2015 дар шаҳри Хуҷанд милиса риши ӯро тарошидааст.
Лутфулло Бобобеков,сокини 38-солаи шаҳри Панҷакент мегӯяд, рӯзи 31 марти соли 2015 дар шаҳри Хуҷанд милиса риши ӯро тарошидааст.

Дар гузориш гуфта мешавад, амалиёти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ алайҳи фурӯшандагони либоси исломии “номатлуб” ва мавридҳои маҷбуран тарошидани риши мардони мусалмон идома ёфта, алайҳи онҳое, ки “иҷозатнома”-ҳои қалбакӣ барои мондани риш ва пӯшидани ҳиҷобро ба фурӯш гузоштаанд, парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Муаллифон зикр кардаанд, ки дар гузориши солонаи Кумиссиюни байналмилалии озодиҳои мазҳабии Амрико Тоҷикистон имсол дар радифи 17 кишвари “мояи нигаронии вижа” ҷой гирифтааст.

XS
SM
MD
LG