Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Нилуфар Раҳимҷонова қурбонии табъизи нажодӣ шудааст"


Нилуфар Раҳимҷонова бо фарзандонаш.
Нилуфар Раҳимҷонова бо фарзандонаш.

Анҷумани “Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Миёна” ҳалокати Нилуфар Раҳимҷонова, шаҳрванди Тоҷикистон дар маҳбаси Тошкандро қурбонии “табъизи нажодӣ” хондааст.

Анҷумани "Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Миёна" пас аз омӯзиши парвандаи Нилуфар Раҳимҷонова ба хулосае расидааст, ки ин зани тоҷик бо иттиҳоми сохтае чун "терроризм" ва "ҷосусӣ" ба манфиати Тоҷикистон равонаи зиндон шуда, вале бештар ҳамчун тоҷик мавриди табъизи нажодӣ дар маҳбаси Тошканд қарор гирифтааст.

Дар ин баёния навишта шудааст, ки “ба мо маълум аст, ки дар Узбакистон дер боз табъизи нажодии тоҷикон давом дорад. Ба хусус тоҷиконе табъиз мешаванд, ки дар Тоҷикистон наздиконашон зиндагӣ мекунанд. Муттаҳам донистани ӯ бо иттиҳоме чун марзшиканӣ ва риоя накардани қоидаҳои будубош танҳо иддаои сохтае буданд. Ӯро танҳо ба хотири духтари Домулло Маъруфҷони Истаравшанӣ, рӯҳонии маъруф ва ҳамсари Бурҳонов Саидюнус, мунтақидони режими Ислом Каримов, ба ҳабс кашиданд.”

Ин созмон дар байёниаш навиштааст, ки 14 ҳолати бадарға шудани тоҷиконеро рӯи даст дорад, ки аз 10 то 20 сол дар Узбакистон зиндагӣ мекарданд, аммо мақомоти ин кишвар онҳоро барои иқомат дар ин кишвар иҷоза надода, дубора ба ватани бобоӣ равон кардаанд.

Наздикони Нилуфар Раҳимҷонова ба Радиои Озодӣ хабар дода буданд, ки ҷасади Нилуфар Раҳимҷоноваро рӯзи 13 сентябр аз маҳбаси занонаи "Зангиота" ба бародараш Муҳаммадиқбол дар Тошканд супурдаанд ва ӯ дар ҳамон ҷо ба хок супурда шудааст.

Ӯ дар соли 2011 барои ширкат дар тӯйи арӯсии бародараш Муҳаммадиқбол ба Тошканд меояд ва дар ҳамон ҷо дар моҳи августи ҳамон сол аз тарафи мақомоти амниятии Узбакистон боздошт ва алайҳи ӯ ба иттиҳоми убури ғайриқонунии марз парванда боз мешавад.

Тавре наздикони Нилуфар Раҳимҷонова дар ноҳияи Истаравшан мегӯянд, мақомоти амниятии Узбакистон бо Нилуфар сӯҳбат намуда, "пешниҳод" мекунанд, ки азбаски серфарзанд аст, агар аз тариқи телевизиони давлатии Узбакистон баромад карда, гӯяд, дар "урдугоҳҳои Эрон" таълим дидааст, озод хоҳад шуд.

Вай ба хотири озод шуданаш аз тариқи телевизиони давлатии Узбакистон ин ҳарфҳоро ба забон меорад, аммо мақомоти амниятии Узбакистон ба иловаи ҷурми убури ғайриқонунии сарҳад боз ҷурми «терроризм»-ро ба парвандаи Раҳимҷонова изофа карда, дар авоили соли 2012 ӯро ба 10 соли зиндон маҳкум карданд.

Нилуфар Раҳимҷонова то дами маргаш ин ҳукми тӯлониро дар зиндони занонаи «Зангиота»-и ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканд адо мекард. Сайидюнуси Истаравшанӣ дар номаи худ унвонии Созмони Милал гуфтааст, ҳаргиз ҳамсараш узви кадом гуруҳи террористӣ набуда, ба нафъи кадом давлате ҳам ҷосусӣ накардааст.

XS
SM
MD
LG