Як гурӯҳи ҳомиёни ҳуқуқи башари ин кишвар хостори афви муҳоҷирон шудаанд. Ба ақидаи ин ҳомиёни ҳуқуқ, қонунҳои шадиди муҳоҷират дар Русия боис ба афзоиши шумори муҳоҷирони ғайриқонунӣ шудааст ва фурсате фаро расида, ки Маскав муҳоҷиронеро, ки даст ба ягон қонуншикании ҷиддӣ назадаанд, афв кунад.
То имрӯз танҳо шумори онҳое, ки бо ҳукми додгоҳҳо аз қаламрави Русия берун карда шуда, ҳаққи бозгашт ба ин кишварро барои 3, 5 ё ҳатто 10 сол аз даст додаанд, ба 1,5 миллион нафар мерасад. Аксари онҳо аз се кишвари Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон будаанд. Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, то 26 март шумори он шаҳрвандони тоҷике, ки ба рӯйхатҳои сиёҳи Русия афтода, аз ҳаққи сафар ба он кишвар маҳрум шудаанд, ба 330 ҳазор нафар расидааст.
Бар илова, чанд миллион муҳоҷири дигари ғайриқонунӣ дар дохили Русия дармондаанд.
Светлана Ганнушкина, раҳбари созмони “Гражданское содействие” дар сӯҳбат бо “Парламентская газета” – нашрияи расмии парлумони Русия - гуфтааст, ҷолиб ин аст, ки аксарияти кулли ихроҷшудаҳо аз кишварҳоеянд, ки бо Русия режими виза надоранд. Ба ақидаи ӯ, режими бидуни виза дар дасти Маскав ба як асбоби сӯиистифода табдил ёфтааст, ки аз як тараф, кишварҳои таҳти нуфузашро “миннатдор” мекунад, ки бо шумо виза ҷорӣ намекунем, вале аз тарафи дигар, муҳоҷирон аз ҳамин кишварҳои бидуни визаро саркӯб мекунад.
Ин ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, додгоҳҳои Русия барои баррасии парвандаи ихроҷи як муҳоҷир ҳамагӣ чанд дақиқа сарф мекунанд ва аслан парво надоранд, ки бо берун кардани ҳар муҳоҷир дасти кам як хонавода дар зодгоҳи ӯ аз манбаи асосии таъмини рӯзгораш маҳрум мешавад.
Професссор Иосиф Дискин ба ҳамин нашрия гуфтааст, бӯҳрони Русия боиси аз ин кишвар рафтани муҳоҷирони зиёд шуд ва ҳоло вазъи муҳоҷирон ба гунае доғ нест, ки як ё ду соли пеш буд. Ба ин далел, афзудааст ин узви Палатаи ҷамъиятии Русия, ҳоло фурсати оромона бозбинӣ кардани сиёсати муҳоҷират фаро расидааст.
Профессор Владимир Хомерики, ки худ зодаи Гурҷистон аст ва ҳоло Шӯрои ҳамоҳангсози созмонҳову ҷамъиятҳои муҳоҷирони Русияро раҳбарӣ мекунад, рӯзи 30 июн дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, агар ҳукумати Русия муҳоҷирони ғайриқонуниро афв накунад, ҳеҷ гоҳ аз ин ҳалқаи фасоде, ки дар атрофи 10 миллион муҳоҷири муқими ин кишвар бино шудааст, халос хӯрда наметавонад.
Владимир Хомерики: Русияро зарур аст, ки муҳоҷирони кориро афв кунад. Чунки дар Русия имрӯз, бино ба ҳисобҳо, аз 5 то 6 миллион муҳоҷири ғайриқонунӣ ҷамъ шудааст ва азбаски қонунҳо пайваста иваз мешаванд, ин мардум дар як навъ қапқон афтодаанд. Онҳо метарсанд, ки агар аз Русия берун бароянд, онҳоро баъдан барои 3, 5 ё 10 сол нахоҳанд гузошт, ки ба инҷо баргарданд. Ба ҳамин далел, онҳо дар дохили Русия дар як вазъияти пинҳонӣ ва беҳуқуқ ва бархе ҳатто бидуни робита бо хонаводаҳояшон боқӣ мемонанд. Ин вазъият дар Русия танҳо барои фасод роҳ боз мекунад. Ва бархе кормандони пулис ва идораҳои дигар аз беҳуқуқии ин муҳоҷирон истифода бурда, онҳоро бо таҳдиди ихроҷ мисли гови ҷӯшоӣ меҷӯшанд. Барои ҳамин, ман мӯътақидам, ки дар Русия бояд афви муҳоҷирон доир шавад ва ба мардум имкон бидиҳанд, ки агар дар Русия монданӣ бошанд, будубоши худро қонунӣ гардонда, патент бигиранд ва расмӣ кор кунанд. Ва онҳое ҳам, ки ба кишварҳои зодгоҳи худ баргаштанианд, битавонанд баъдан бидуни кадом мамониат ва ин дафъа ҳамчун муҳоҷири қонунӣ ба Русия баргарданд.
Радиои Озодӣ: Агар ин афв анҷом нашавад, чӣ паёмадҳое дошта метавонад?
Владимир Хомерики: Агар мо ин корро накунем, миллионҳо муҳоҷир ҳамчунон дар банди иқтисоди зери соя боқӣ хоҳанд монд, фасод бо ҳамон вусъату доманааш боқӣ хоҳад монд, ки ин ҳама барои Русия оқибати хубе надорад. Чунки, қарори маълум, муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар атрофаш фазои ҷинояткориро ба вуҷуд меорад. Мардуме, ки дар ҳоли маҳрумиятҳо ба сар мебаранд, хеле ба осонӣ метавонанд тӯъма ва ҳадафи ҳамлаҳои гурӯҳҳои ҷиноӣ қарор бигиранд. Муҳоҷирони ғайриқонунӣ, ки аз доираи назорат дур мемонанд, ҳамин тавр, ба осонӣ метавонанд ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротиву террористӣ биафтанд. Барои ҷилавгирӣ аз чунин сурати кор, бояд ин миллионҳо мардумро ба майдони қонунӣ баргардонем ва фаъолияти минбаъдаи онҳоро зери назорат бигирем. Русия талош дорад, ки сиёсати муҳоҷираташро танзим кунад, вале мавзӯи афви муҳоҷирон то ҳол аз сӯи бархе мансабдорони фасодзада, ки аз оби лойи муҳоҷират моҳии худро мегиранд, дучори мониаҳои зиёд мешуд.
Радиои Озодӣ: Соли гузашта кумиссиюни ҳукумати Русия ба раҳбарии муовини сарвазир Игор Шувалов пешниҳоди афви муҳоҷиронро напазируфт ва гуфт, афви муҳоҷирон ба салоҳи кори Русия нест. Оё ҳоло то куҷо иродаи сиёсӣ дар Русия барои билохира таҳия кардани як қонуни афви муҳоҷирон пухта расидааст?
Владимир Хомерики: Ман муддати тӯлониест, ки ба ин масъала машғулам. Ҳанӯз аз замони афви нисбии муҳоҷирон, ки солҳои 2006-2007 дар Русия анҷом шуд. Ҳоло, ман фикр мекунам, ки мо билохира тавонистем ҳарфи худро ба самъи ҳукумат бирасонем ва ҳоло як ҳусни тафоҳуми нисбие дар мавриди зарурати афви муҳоҷирон аз сӯи мақомҳои баландпояи Русия эҳсос мешавад. Онҳо мефаҳманд, ки барои ҷорӣ кардани тартиб дар масъалаи муҳоҷират бояд ин корро кард. Ва ҳоло ин масъаларо дар сатҳи кумиссиюни масоили муҳоҷират дар назди раисиҷумҳури Русия гузоштаанд. Дар Русия омбудсмен оид ба масоили муҳоҷирон амал мекунад, ки низ дар масъалаи афв аз мавқеи мо пуштибонӣ мекунад. Фикр мекунам, ин масъала ба зудӣ баррасӣ мешавад ва ҳама чӣ хуб хоҳад шуд.