Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз як ҷайб ба ҷайби дигар. Чӣ тавр бонкҳо кӯмаки молии давлатро ҳаллу фасл карданд. 2 ВИДЕО


Аз 3 миллиарду 320 миллион сомоние, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои наҷоти ду бонк “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” ҷудо карда буд, танҳо чоряки он -- 800 миллион сомонӣ барои бозгардони амонатҳои мардум масраф шудааст. Маблағи боқимондаро бонкҳо барои пардохти пули андози давлат ва харҷҳои дигари давлат масраф кардаанд.

Тавре баъзе бонкдорони собиқ мегӯянд, пули будҷа аз ҷайб ба ҷайби дигари давлат гузошта шуд. Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки милли Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири порлумон аз киса ба киса гузаштани пулро тасдиқ карда ва гуфт, агар давлат ба мо 2 миллиарду 100 миллион сомонии дигар медод, баъд мушкили бонкҳо ҳал мешуд.

Бонкҳо дар Тоҷикистон аз оғози истиқлолият дар шароити сахте ба кор шурӯъ карданд ва дар солҳои 2000-ум пас аз хатми ҷанги шаҳрвандӣ мардум бинобар набуди эътимод, амонатҳои худро дар бонк намегузоштанд.

Моҳи феврали соли равон давлати Тоҷикистон 2 миллиарду 250 миллион сомонӣ ба "Тоҷиксодиротбонк" ва 1 миллиарду 70 миллион сомонӣ ба "Агроинвестбанк" кӯмаки молӣ кард. Ҳарчанд мавзӯи суханронии Нурмуҳаммадзода дар порлумон ба бӯҳрони бонкӣ рабт надошт, аммо шурӯъ аз раиси маҷлис то вакилон аз ӯ дар мавриди бӯҳрони бонкҳо пурсиданд.

Изтироб ва норозигии амиқи сокинони кишварро, ки наметавонанд пасандозҳои худпро аз бонкҳо бозпас бигиранд, Шукурҷон Зуҳуров раиси порлумон ба таври возеҳ баён кард. Ӯ гуфт, аз мардум номаҳо дарёфт мекунанд, ки ҳамагӣ аз бӯҳрони бонкӣ шикоят доранд.

Зуҳуров хитоб ба Нурмуҳаммадзода гуфт: "Шумо гуфта будед, ки бо ин маблағи ҷудошуда, бонкҳо наҷот меёбанд, аҳолӣ ва шахсони ҳуқуқӣ маблағҳояшонро мегиранд. Таҳлил кунед, ки ин маблағҳо куҷо шуданд, ба кӣ расид ва чӣ қадар маблағи амонатгузорон нодода мондааст?"

"На қарз медиҳам, на қарз мегирам"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:00 0:00

Кӣ айбдор аст -- бонкҳо ё муштариён?

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар бӯҳрони бамаломадаи бонкӣ қисман муштариёни бонкҳоро муттаҳам кард, ки беш аз 50 дарсади қарзҳоро ба бонкҳо барнагардонидаанд. Суолу ҷавоби вакилон ба раиси Бонки миллӣ, ки дар таҷрибаи порлумонии Тоҷикистон ҳодисаи маъмулӣ нест, ин натиҷагириро ба миён овард, ки эҳтимолан то истеъфои Ҷамшед Нурмуҳаммадзода фурсати каме боқӣ мондааст. Нурмуҳаммадзода муваззаф шуд то ду ҳафтаи дигар дар куҷо сарф шудани кӯмаки молии ҳукуматро ба вакилон шарҳ диҳад.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон.
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон.

Аммо аксари қитисоддонҳо мегӯянд, гумон намеравад, ки раиси Бонки миллӣ бештар аз он таҳлиле, ки ҳафтаи гузашта ироа кард, чизе дигаре барои гуфтан дошта бошад. Ин далел, ки бонкҳои Тоҷикистон дар қадами аввал қарзҳои сохторҳои давлатиро баргардонидаанд ва амонатгузорони оддиро сарфи назар карданд, боис дилсардии мардум аз ин сохторҳои молӣ шуд.

"Ҳукумат ба худ кӯмак кард, на ба муштарӣ"

Анвар Камолов иқтисоддон, ки таҷрибаи кор дар созмонҳои байналмилалии молиявиро дорад, мегӯяд, дар ҳолати бӯҳрон давлат ва бонкҳо пеш ҳама бояд манфиати амонатгузорони оддиро ба инобат бигиранд. Камолов аз бӯҳрони бонкии соли 2008-ум дар Амрико мисол овард, ки кӯмаки давлат ба бонкҳо пеш аз ҳама барои пардохти пули амонатгузорони оддӣ масраф шуд.

"Тоҷиксодиротбонк" аз ҷумлаи бонкҳое буд, ки ба мушкилӣ молӣ рӯбарӯ шуд.
"Тоҷиксодиротбонк" аз ҷумлаи бонкҳое буд, ки ба мушкилӣ молӣ рӯбарӯ шуд.

Ӯ гуфт, "барои бонк манфиати муштарӣ аз ҳам бояд боло бошад. Чунки эътимоди муштариён аз ҳама муҳим аст. Вале дар Тоҷикистон баръакс шудааст. Ҳукумат бо ҷудо кардани беш аз 3 миллиард сомонӣ маблағ ба бонкҳо дар асл, бештар ба худ кӯмак кард. Маълум мешавад, ки аз 4 се ҳиссаи маблағ дар шакли андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ба ҷайби давлат боз гашт. Ҳол он, ки дар навбати аввал бояд пасандози мардуми оддӣ бозпас дода мешуд."

Бонкҳо дар Тоҷикистон аз оғози истиқлолият дар шароити сахте ба кор шурӯъ карданд. Дар солҳои 2000-ум пас аз хатми ҷанги шаҳрвандӣ мардум бинобар набуди эътимод амонатҳои худро дар бонк намегузоштанд. Ҳанӯз таҷрибаи талхи реформаи пулии солҳои 90-ум дар ёдҳо зинда буд, ки пулҳои ҳазорон нафар дар як они воҳид ба қоғази нодаркор табдил шуд. Бинобар натиҷаҳои оморӣ, танҳо пас аз нимаи солҳои 2000-ум, амонатҳои мардум дар бонкҳо рӯ ба афзоиш овард.

Қарз гирифтан сахт мешавад.
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00

Беэътимодӣ ба бонкҳо

Таҳлилгарон мегӯянд, баъди 27 соли аз байн рафтани эътимоди мардум ба бонкҳо, мардум акнун ба бонкҳо эътимод мекарданд ва маблағҳоеро, ки ё аз пули муҳоҷирон ё аз корҳои кампардохти дигар ҷамъ карда буданд, ба бонкҳо супурданд. Як маркетолог ё бозоршиноси тоҷик мегӯяд, "ҳоло муштариёнро тарс идора мекунад. Онҳо бовариро ба бонкҳо гум карданд. Минбаъд бовари мекунанд е не, аз худи банкхо вобаста аст. Аз пиар ва маруетинги онҳо".

То ба ҳол дар Тоҷикистон 15 бонки тиҷоратии хусусӣ ва як бонки давлатӣ- "Амонатбонк" амал мекунанд. Ду бонки асосии Тоҷикистон- "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк", ки созмонҳои молии хусусӣ буданд, баъди гирифтани миллиардҳо кӯмак аз давлат, метавон гуфт моли давлат шуданд.

XS
SM
MD
LG