Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзадории мардум дар авҷи гармо (3 ВИДЕО)


Гарми сахт дар рӯзҳои аввали моҳи рамазон дар Тоҷикистон тоқати мардуми рӯзадорро имтиҳон мекунад. Ҳавошиносон мегӯянд, ин гармо ҳамоно идома хоҳад ёфт.

Дар ҳоле ки бо фарорасии моҳи Рамазон дар Тоҷикистон дари баъзе аз ошхонаву тарабхонаҳо баста шудаву аксарият рӯзадоранд, афроди зиёдеро дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе дидан мумкин аст, ки рӯза нагирифтаанд ва барои хӯрдани хӯрок ба хона ва ё ошхона шитоб мекунанд. Ин афрод гармои ҳаво ва ё бемориро сабаби ин амр унвон карданд. Аммо дар муқобил нафарони дигаре, ки аз навоҳӣ ба шаҳри Душанбе омадаанд, рӯза доштаанд.

Дар як сӯҳбати сарироҳии хабарнигори Радиои Озодӣ сокинон гуфтанд, навобаста аз гармии ҳаво бояд фарзи исломиро баҷо овард. Занони рустои гуфтанд, ки бо вуҷуди корҳои сангини хоҷагӣ онҳо рӯза медоранд ва ҳатто кӯдаконашонро барои рӯза доштан даъват мекунад. Дар ин миён марде, ки бемории фишорбаландӣ дошт афзуд, ду рӯз рӯза дошт, вале фишорбаландияш боло гирифт ва имрӯз рӯзаашро хӯрд.

Назари мардум ба рӯзадорӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:35 0:00

Бар асоси қавонини шариати дини Ислом, афроде, ки узр доранд, аз қабили беморӣ ва ё дар мусофират ҳастанд, онҳо метавонанад рӯзаи моҳи Рамазонро то рӯзҳои мувофиқ қазо доранд. Аммо дар миёни мардум сару садое ҳаст, ки агар нафаре рӯза надорад дар моҳи Рамазон, вай бо пардохти маблағ ба афроди камбизоат ва фақир метавонад, ки рӯзаашро хӯрад.

Ин ҳам дар ҳоле, ки масъулони Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ин иддаоро рад мекунанд. Ҷамолиддин Хомӯшӣ, сармутахассиси раёсати фатво мегӯяд: «Дар китобҳои фиқҳӣ мушахас шудааст, нафароне, ки беморанд ва бо рӯза доштан беморияшон беҳбудӣ намекунад, онҳо набояд рӯза гиранд. Онҳо бояд танҳо баъди шифо ёфтан рӯза доранд. Ҳамчунин ин зумра инсонҳо, ки тавон надоранд, метавонанд фидия, яъне як пули муайян ба миқдори 300 сомонӣ, ба камбизоатҳо диҳанд».

Ҷамолиддин Хомӯшӣ, сармутахассиси раёсати фатво
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:47 0:00

Дар ҳамин ҳол рӯзҳои аввали моҳи Рамазон дар Тоҷикистон гарм омад ва ҳатто ҳарорати ҳаво аз 40 дараҷаи гармӣ убур намуд, ки ба вазъи рӯзадорон таъсири худро расонид. Масъулони Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯянд, ки ду рӯзи оянда ҳарорати ҳаво муътадил хоҳад буд, аммо баъдан боз гармои шадид дар пеш аст:

Парвина Саидҷамолова, сардори шӯъбаи пешгӯии боду ҳаво мегӯяд: «Аз 2-ум ба ҷумҳурӣ стиклонҳо ворид мешавад ва боиси боридани боронҳои кӯтоҳмудат мешавад. Аз 2 то то 4 -ум ҳарорати ҳаво 4-6 дараҷа паст мешавад, вале рӯзҳои гарм мардуми рӯзадорро интизор аст ва бо ворид шудани мавҷҳои гарм кишварро гармӣ фаро мегирад».

Рӯзҳои гарме дар пешанд ҳанӯз
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:16 0:00

XS
SM
MD
LG