То охири моҳи ҷорӣ ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон фавқулодда гарм боқӣ монда, дар Душанбе нишондоди ҳавосанҷҳо то 43 дараҷа гармӣ баланд мешавад. Масъулони Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон чунин гармии бесобиқа ва селобҳоро натиҷаи тағйири иқлим дар ҷаҳон арзёбӣ карда мегӯянд, онҳое, ки ногузир бояд зери офтоби сӯзон кор кунанд, бояд хеле эҳтиёт кунанд.
Бархе кишоварзон бо назардошти гармии шадид реҷаи корро бозбинӣ кардаанд. Хурсандмурод Ҳасанов, як кишоварз аз ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд гуфт, гармии тоқатфарсо онҳоро водор кард, ки аз кори рӯзонаву нисфирӯзӣ даст кашида, субҳи барвақат ва наздики шом ба саҳро бароянд. Хоҷагии деҳқонии Ҳасанов дар парвариши сабзавот ва чормағзи заминӣ ё арахис ихтисос дорад.
Ҳавошиносон пешбинӣ мекунанд, ки то охири моҳи ҷорӣ гармии ҳаво боз ҳам шиддат ёфта, тафси ҳаво аз меъёрҳои бисёрсола 1-2 дараҷа бештар мешавад.
Вай гуфт, агар гармии шадид барои ҳосили хуб мусоид бошад, кори кишоварз сангин мешавад: "Ин гармо ҳам хуб аст, зеро ҳосили хуб ба даст меояд. Аммо дар кор мушкил мешавад, зеро маҷбур ҳастем танҳо субҳи барвақт ва шом дар саҳро кор кунем. Баъд аз фарорасии торикӣ озими хона шуда, истироҳат мекунем."
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Ҳомидҷон Расулзода, мудири Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон, ҳавошиносон пешбинӣ мекунанд то охири моҳи ҷорӣ гармии ҳаво боз ҳам шиддат ёфта, тафси ҳаво аз меъёрҳои бисёрсола 1-2 дараҷа бештар мешавад. Ба гуфтаи ҷаноби Расулзода, 8 июл дар шаҳри Душанбе гармии ҳаво 43,7 дараҷа сабт шудааст, ки бесобиқа мебошад. Вай гуфт, ки дар таърихи ҳавошиносии Тоҷикистон то ин замон гармтарин ҳаво дар пойтахти кишвар 8-уми июли соли 2001 сабт шуда буд, ки он рӯз ҳарорати ҳаво то ба 43,4 дараҷа будааст.
Вай афзуд: "Дар даҳаи аввали моҳи июл гармии ҳаво нисбати солҳои гузашта то 5 дараҷа баландтар буд. Дар даҳаи ахири моҳи ҷорӣ гармии ҳаво батадриҷ баланд шуда, ҳатто дар баландкӯҳҳо низ ҳаво гарм мешавад. Дар рӯдхонаҳо, аз ҷумла дар Ғунду Панҷ сатҳи оби дарёҳо баланд шуда, селфароӣ мушоҳида хоҳад шуд. Қаблан ҳаҷми миёнаи оби рӯдхонаҳо то 400 метр дар як сония буд, аммо акнун дар пайи обшавии пиряхҳову қабатҳои барф дар баландкӯҳҳо то 600 метр дар як сония бештар мешавад. Дар қисматҳои мухталифи кишвар дар ин рӯзҳо гармии ҳаво аз 40 то 43 дараҷа мешавад."
Масъулони Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон гуфтанд, ки далели аслии селобҳои моҳҳои ахир, ба боришоти бесобиқаи барфу борон дар зимистон ва баҳори соли ҷорӣ марбут аст, ки бо гарм шудани ҳаво, об мешаванд. Ба гуфтаи онҳо, чунин боришоти зиёд бори охир дар Тоҷикистон соли 1969 мушоҳида шуда буд.
Дар ҳамин ҳол, ахиран Бонки Осиёии Рушд дар гузориши тозаи худ ҳушдор дод, ки дар солҳои оянда дар минтақа, аз ҷумла, дар Тоҷикистону Афғонистон ва Покистону қисмати ғарбии Чин ҳарорати миёнаи ҳаво 8 дараҷа гармтар мешавад ва дар зиндагии сокинон мушкилоти зиёди иҷтимоӣ ва иқтисодиро дар пай хоҳад дошт. Ин ниҳоди молии байналмиллалии молӣ аз кишварҳои минтақа даъват кард, ки дар вазифаҳои худ барои ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла, дар коҳиши партоби газҳои гулхонаӣ талош кунанд.
Масъулони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон мегӯянд, ки ба манзури пешгирӣ аз паёмадҳои номатлуби тағйири иқлим кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, барномаи таҷдиди обанборҳои вуҷуддошта ва сохтмони обанборҳои наверо ба нақша гирифтааст. Зеро, дар пайи гармшавии иқлим обшавии пиряхҳо бештар шуда, хатари хисорот ба иқтисоди Тоҷикистон меафзояд.
Дар ҳамин ҳол, масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон аз ҳоло тавсия медиҳанд, ки дар рӯзҳои гармо сокинони кишвар бештар аз ҳар вақти дигар аз эҳтиёт кор бигиранд. Фотима Ғоибова, сухангӯи ин ниҳод 18-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, "муҳим дар рӯзҳои гарми тобистон сокинони кишвар танҳо субҳи барвақт ва шом ба кӯча бароянд ва ҳатто дар ҳамин вақт бо чатр ва кулоҳ бошанд. Пайваста оби ҷӯшонидашуда истеъмол кунанд, зеро сирояти бемориҳои мухталиф аз оби чиркин низ имконпазир аст."
Фотима Ғоибова афзуд, ки маъмулан дар рӯзҳои гарм бемории фишорбаландӣ дар миёни сокинон ва бемориҳои шикамдарди кӯдакон бештар мешавад. Ба ин далел, хонум Ғоибова машварат дод, ки дар ин рӯзҳои гарм сокинони калонсол ҳамеша бо худ доруҳои зидди фишорбаландӣ дошта бошанд.