Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳар рӯз ду занро дар Покистон "қатли номусӣ" мекунанд. ВИДЕО


Як духтари қурбонии қатлҳои номусӣ дар Покистон. Акс аз бойгонӣ.
Як духтари қурбонии қатлҳои номусӣ дар Покистон. Акс аз бойгонӣ.

Ҷасади як духтари 16-соларо баъди ду рӯзи издивоҷ дар утоқи хобаш дар минтақаи Своти вилояти Хайбар-Пахтунхоҳи Покистон пайдо карданд. Ӯро то дами марг зада ва нафасгир карда куштаанд. Шавҳараш ба қатли ӯ муттаҳам мешавад ва мунтазири ҳукм аст.

Духтар зоҳиран як қурбонии дигари қатли номусӣ дар Покистон аст. Андӯҳи падараш ҳоло поён надорад ва мегӯяд, ки вақте ба вай занг заданд ва хабари марги духтарашро гуфтанд, эҳсос кард, ки осмон ба сараш ва замин зери пояш фӯру рафт.

Дар Покистон, ягон узви хонавода ва асосан духтаронро барои гӯё иснод овардан ба шаъни оила мекушанд ва ҳамин анъанаро қатли номусӣ меноманд. Кумиссиёни ҳуқуқи инсони Покистон мегӯяд, танҳо дар соли 2015-ум 1096 нафарро бо баҳонаи беобрӯ кардани хонавода кушта шудаанд. Мухолифи хоҳиши аъзои хонавода издивоҷ кардан ва иртиботи бе никоҳ бо марде, дар назари қотил иснод овардан ба обруи оила ҳисоб мешавад.

Ҳар рӯз ду занро дар Покистон "қатли номусӣ" мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:05 0:00

Насибаҷони 20-сола -- қурбонии дигаре, мебошад, ки аз куштори номусӣ наҷот ёфтааст. Ӯ мегӯяд, ҳамин сол вақти муҳоҷирати кории шавҳараш ӯро падарарӯс ва хушдоманаш чанд бор корд заданд. Ба гуфтаи Насибаҷон, шавҳараш ба ӯ дастдарозӣ мекард ва ҳам барои даҳон боз карданаш мезад. Ӯ бо як азоб аз чанги ин хонавода раҳо шуда пеши волидони худаш омадааст. Ҳоло шифо меёбад ва метавонад дар ин бора гап занад. Насибаҷон мегӯяд, ки "маро 52 бор корд заданд. Ягон ҷойи баданам обод нест. Фақат ҳалқам осеб надидааст. Гарданамро буриданд, ҳарду дастам сиёҳ аст. Ба инҷо ва инҷо ҳам корд заданд."

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, танҳо имсол дар дараи Свот 45 занро қатли номусӣ шудаанд. Аксарияти қотилон ҳам ҷазо нагирифтаанд. Мутааcсифона бисёре аз омилони ин ҷиноят хешовандони наздики қурбонӣ ҳастанд. Бародарон, падарон, шавҳар ва фарзандон аксаран дар қатл нақш доранд, чун яке мекушад, дигарон пинҳон медоранд.

Порлумони Покистон моҳи октябр қонунеро қабул кард, ки дигар иҷоза намедиҳад, аъзои хонавода гуноҳи касеро, ки қатли номусӣ кардааст, бубахшанд. Вале ин кофӣ нест ва ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, пулис бояд ба фишори сиёсатмадорон ва ё муллоҳо тан надода, ингуна парвандаҳоро одилона таҳқиқ кунад. Пулис мегӯяд, афкори умумро бояд тағйир дод

Гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, ҳукумат бояд барои занон паноҳгоҳҳое бештаре бидиҳад, то аз ҷабри ҳамсарони золим ва хонаводаҳои хашин паноҳ баранд. Вале ин тадбири кор нест, садҳо чораи дигар лозим аст, то ба қатли хоҳар ба дасти бародар дар Покистон хотима диҳанд.

XS
SM
MD
LG