Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Думбуранавозии Назарбоев, сурудхонии Раҳмон ва рақси наврӯзии Каримов


Думбуранавозии Назарбоев. Акс аз сомонаи akorda.kz
Думбуранавозии Назарбоев. Акс аз сомонаи akorda.kz

Раҳбарони аввали аксаран худкомаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соатҳои холӣ аз сиёсат таронаву оҳанг менависанд, суруд мехонанд ва ҳатто мерақсанд.

Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ахиран дар сомонаи расмиаш 4 таронаи аз ҳама дӯстдоштааш ва ҳам 4 таронаеро, ки матну оҳангашро худи Назарбоев навиштааст, нашр кард.

Маълум мешавад, Нурсултон Назарбоев таронаҳои “Жұлдызым” (“Ситораам”), “Көзімнің қарасы” (“Нури чашмон”), “Беу, айдай” (шабеҳи “Бале, бале”) ва “Сәулем-ай” (“Саулеми ман”)-ро дӯст медорад. Ин таронаҳо аксаран таронаҳои халқианд ва зери навои думбура – маъруфтарин сози мардуми қазоқ иҷро мешаванд.

Ҳамин тавр, 4 таронае, ки гуфта мешавад, худи президенти Қазоқистон шеъру оҳангашро эҷод кардааст, “Шұбарат” ("Аспи саманд"), “Жерім менің” ("Кишвари ман"), “Үшқоңыр” (исми зодгоҳи Назарбоев) ва “Елім менің” ("Халқи ман") ном доштаанд.

Таронаҳои дӯстдошта ва худаш навиштаи Нурсултон Назарбоевро инҷо метавонед бубинед

Оқ- Ӯрда, ки ҳоло маъмурияти президенти Қазоқистонро чунин ном мебаранд ва ҳатто сомонаи расмиии президент низ исми “Оқ-Ӯрда”-ро дорад, баъд аз нашри ин таронаҳо аз тариқи сомонаи Назарбоев дар Фейсбук навиштааст, “ба ҳама маълум аст, ки раҳбари давлат ба таронаву оҳанг ва дар маҷмӯъ ба ҳунар таваҷҷӯҳи хосе нишон медиҳад. Ин ҳам ба ҳама маълум аст, ки вай чанд тарона навишта, ҳамчунин ҳаммуаллифи гимни Қазоқистон аст.”

Назарбоев худаш низ думбура менавозад ва дар нишастҳои ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои пасошӯравӣ гоҳе тарона ҳам мехонад.

Дар соли 2013 як шабакаи телевизионии Қазоқистон гузориши видеоиеро нашр кард, ки дар он Назарбоев дар байни мардум думбура навохта суруд мехонд.

Ҳамовозии Эмомалӣ Раҳмон бо Сироҷиддини Фозил

Раисиҷумҳури Қазоқистон танҳо нафаре аз байни 5 раисиҷумҳури Осиёи Марказӣ нест, ки ба таронаву оҳанг чунин алоқа дорад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ба рақсу тарона алоқаи зиёд дорад ва дар соли 2003 дар маросими тақдими ҷоизаҳои озмуни “Суруди сол” ҳатто худаш ба саҳна баланд шуда, ҳамроҳи овозхони шинохта Сироҷиддин Фозилов таронаи он замони хеле маъруфи “Ман, ки дар гӯшаи боми ту будам”-ро иҷро кард.

Онҳое, ки Эмомалӣ Раҳмонро аз наздик мешиносанд, мегӯянд, ӯ дар маҳфилҳое, ки танҳо атрофиёнаш роҳ меёбанд, овозхонҳои даъватшударо ҳамовозӣ мекунад. Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои пеш дар чандин маросим рақс ҳам кардааст ва дар сомонаи Ютуб чанд сол боз навори сурудхониву рақсидани ӯ дар тӯйи писараш Рустами Эмомалӣ низ чарх мезанад.

Рақсҳои наврӯзии Ислом Каримов

Раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов бо он сиёсати шадид ва ҳатто қиёфаи сахтгиронае, ки дорад, чандон “шоир” ё “оҳангсоз” ба назар намеояд. Ба фарқ аз духтари калониаш Гулнора Каримова, ки бо тахаллуси Гугуша тарона мехонд ва ҳатто албоми таронаҳояшро ҳам нашр кардааст, Каримов то имрӯз боре ҳам майли худро барои шеъру оҳанг навиштан зоҳир накардааст. Вале Ислом Каримови чунин сахтгир ҳар сол як бор, дар иди Наврӯз каме об мешавад ва ба майдон баромада, рақси наврӯзӣ мекунад. Ва видеои рақси наврӯзиии Ислом Каримов ҳар сол тамошобини зиёдеро дар Интернет ҷамъ мекунад.

Рақси Ислом Каримов дар иди Наврӯз
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:45 0:00

Таронаи Бердимуҳаммадов - дар китоби рекордҳои Гиннес

Ба фарқ аз Каримов, президенти кунунии Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба ҳунар, аз ҷумла ба навиштани таронаву оҳанг майли тамом дорад ва аккордеон ҳам менавозад.

Аккордеонзании президенти Туркманистон
Аккордеонзании президенти Туркманистон

Дар поёни моҳи ноябри соли 2015 дар як толори консертӣ дар шаҳри Марви Туркманистон таронаи "Ба пеш, танҳо ба пеш, кишвари дӯстдоштаам - Туркманистон"-ро, ки аз ҷониби Бердимуҳаммадов таҳия шудааст, беш аз 4 ҳазор нафар якҷоя сароиданд. Худи президенти Туркманистон ин “хор”-и бузургро на ба таври зиндаву мустақим, балки дар шакли сабтшуда ҳамроҳӣ кард. Намояндаи Китоби рекордҳои Гиннес баъди иҷрои ин тарона эълон кард, ки онро ба Китоби рекордҳои Гиннес шомил мекунанд.

Бердимуҳаммадов ҳамин тавр, гитор менавозад ва ҳунари худро ҳамчун диҷей низ таҷриба кардааст. Соли гузашта дар шабакаи Ютуб наворе пайдо шуд, ки дар он Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба сифати Ди-Ҷей (DJ) ҳузур пайдо кард. Дар он навор дида мешавад, ки чигуна Бердимуҳаммадов дар барномаи консертии солинавӣ сари дастгоҳи танзими мусиқӣ нишаста ва бо овозхонҳо ҳамовозӣ мекунад. 5 сол пеш дар Ютуб наворе ҳам пайдо шуд, ки дар он президенти Туркманистон суруди навиштаи худро иҷро мекард.

Гиторзании Отамбоев ва "Полкаи андиҷонӣ" - дар иҷрои Боқиев

Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон низ ҳамчун як раисиҷумҳури фарҳангдӯст шинохта мешавад. Яке аз дӯстони солҳои донишҷӯии ӯ шоири мардумии Қирғизистон Эгамбердӣ Эрматов мегӯяд, Отамбоев аз замони таҳсил дар Донишкадаи идории ба номи Орҷоникидзеи шаҳри Маскав ба адабиёту фарҳанг алоқаи хос дошт: “Ӯ бо онки дар донишкадаи идорӣ таҳсил мекард, тарҷумони касбист. Алмосбек аввал китоби "Кӯли “тилоӣ”-и Илҳомбой Отимчиевро ба русӣ баргардонд. Тарҷумаи дувуми ӯ романи “Рӯзҳо”-и Саъдибақасов буд. Ӯ соли 1983, дар синни 27 узви Иттиҳодияи адибон шуд. Дар солҳои донишҷӯӣ шеър ҳам мегуфт, мусиқӣ менавишт ва гиторро низ хеле олӣ менавохт. “

Баъди расиданаш ба мақоми президентӣ касе рақсидан ё суруд хондани Отамбоевро надидааст. Дӯстонаш мегӯянд, ӯ зонуяшро ҷарроҳӣ кардааст ва ба ҳамин далел рақсида наметавонад.

Вале ба фарқ аз раҳбари кунуниаш, раисиҷумҳури собиқи Қирғизистон Қурмонбек Боқиев, ки соли 2010 дар натиҷаи эътирозҳои мардум барканор шуд, хеле хуб мерақсид. Дар як ҷашни Наврӯз Боқиев ба майдон баромад ва рақси маъруфи “Полкаи андиҷонӣ”-ро чунон моҳирона рақсид, ки то ҳол дар ёдҳо мондааст.

XS
SM
MD
LG