Ин иқдом ба ибтикори Созмони иҷтимоии «СПИН +» ва Маркази ҷумҳуриявии мубориза алайҳи вируси заъфи масунияи бадан СПИД (HIV AIDS) ҷараён мегирад.
Ба гуфтаи Парвина Неъматова, масъули созмони иҷтимоии «СПИН +», ин созмон дар шаҳри Душанбе ва Ваҳдати Тоҷикистон чанд озмоишгоҳи сайёри ташхиси хунро гузоштааст, ки ба таври ройгон барои хоҳишмандон дар чор дақиқа санҷиши хунро анҷом медиҳад. Дар муддати шаш рӯзи маърака танҳо як озмоишгоҳ хуни беш аз 200 нафарро санҷида, дар як ҳолат, дар шаҳри Душанбе эҳтимоли гирифторӣ ба вируси заъфи масунияти бадан СПИДро пайдо кардааст. Шахси гумонбар бояд ба ташхиси дигарбора фиристода шавад. Эҳтимолияти дурустии натиҷаи санҷиши хун дар лабораторияи сайёр 97 дар садро ташкил медодааст.
«Ҳафтаи аврупоии ташхис» муддати як ҳафта ҷараён гирифт ва барои аҳолии Тоҷикистон имкони ройгонро барои санҷиши хун ва ҷилавгирӣ аз паҳншавии ин вируси марговар фароҳам овард.
Маъмулан дар фасли тирамоҳ садҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон аз муҳоҷирати кории Русия бармегарданд ва ба ташхиси хун ниёз доранд. Яке аз роҳҳои афзоиши шумори ибтило ба Эйч Ай Ви ва СПИД равобити бенизоми ҷинсии мардон дар муҳоҷират гуфта мешавад.
Ҷамъи гирифторон ба вируси Эйч Ай Ви СПИД дар Тоҷикистон ҳудуди 5000 нафар шумурда шуда, теъдоди онҳое ки аз ин беморӣ ҷон додаанд, ба 600 нафар расидааст.