Чаро дар оғози солҳои 90-ум дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ сар зад ва чӣ гуна пас аз панҷ соли он сулҳ ба даст омад? Хонандагони мактабҳои миёна дар Тоҷикистон акнун ба ин суол аз китоби дарсии "Таърих" метавонанд маълумот бигиранд.
Вале муаррихоне, ки бо муҳтавои китоб ошно шудаанд, мегӯянд, ин китоб "майнаи хонандагонро гиҷ мекунад" ва метавонад дар ботини онҳо "эҳсоси бадбиниро нисбат ба як қишри ҷомеа" бедор кунад.
Дар мавриди воқеаҳои солҳои 90-ум дар Тоҷикистон чандин китоб таълиф шудааст, вале аксари муаллифони китобҳо ба "тарафгирӣ", "баҳои якҷониба додан ба ҳодисаҳо" ва гоҳе "ғаразнок баён кардани таърих" айбдор шудаанд.
Вале бори аввал тафсири таърихи навтарини Тоҷикистон ба китобҳои таълимии мактабҳои миёна роҳ ёфтааст. Акнун насли нав бо "айнак"-и муаллифони китоби "Таърихи халқи тоҷик барои синфҳои 11" ба ҳодисаву воқеаҳои даҳаи 90 ва 2000-уми Тоҷикистон назар меандозанд.
То кунун китобҳои дарсии фанни таърих то соли 1990 хотима меёфт ва таърихнигорон аксаран мегуфтанд барои арзёбии мунсифонаи таърихи навин гузашти солҳо зарур аст.
Муаллифони китоби дарсии "Таърихи халқи тоҷик барои синфҳои 11" Роҳат Набиева ва Файзӣ Зикриёев ҳастанд. Яке аз муаллифон -- Роҳат Набиева -- даргузаштааст ва кӯшиши мо барои тамос гирифтан бо муаллифи дигар то ин дам бенатиҷа буд.
Онҳо пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, шикасти Ҳизби коммунист ва ҳизбҳои навтаъсиси исломӣ ва демократиро аз омилҳои сар задани ҷанг номбар кардаанд. Муаллифон дар як бахши китоб навиштаанд, "демократҳо ва исломиён" аз норозигиҳои бавуқуъомада истифода бурда, мехостанд, барномаҳои худро татбиқ намоянд … ва ба ин кор як гурӯҳ қувваҳои хориҷӣ ҳам даст зада, дар ба амал омадан ва авҷ гирифтани ҷанги шаҳрвандӣ саҳми худро гузоштанд".
Муаллифони китоб дар ҷои дигар ҳангоми тасвири ҳодисаҳои солҳои навадум навиштаанд, "дар ҷумҳурӣ сол то сол бо ном "модарони миллат", "падарони миллат" роҳи иртиҷоиро пеш гирифта, зери шиори "Барои фарҳанги аҷдодӣ!" тамоюли эронпарастию миллатгароиро авҷ гиронда, пояҳои сохтори сиёсии ҷумҳуриро торафт суст мегардонданд".
Луқмон Бойматов, таърихнигори тоҷик, ки бо матни ин китоб ошно шудааст, мегӯяд, "таърихи навини Тоҷикистон дар ин китоб беғаразона тасвир нашудааст" ва ҷо-ҷо муаллифон ба худ иҷоза додаанд, ки гуруҳ ва ҳизбу ҳаракатҳои алоҳидаро барои ба вуқӯъ пайвастани ин ва ё он ҳодиса гунаҳкор кунанд.
Ҳол он ки, ба гуфтаи Бойматов, "таърихнигор қозӣ нест" ва аз айбдор кардани ашхос ё ҳизбу гуруҳҳо бояд бипарҳезад ва танҳо бо баёни факту далелҳо, рӯшан кардани равандҳои таърихӣ ва натиҷаҳои он иктифо кунад. Ин дар ҳолест, ки сиёсатзадагии таърих мероси замони шӯравист, ки ба ҳамин шева дар бисёре аз кишварҳои пасошураӣ решаҳои қавӣ дорад. Мушкили чунин таърихнигорони ақидатӣ дар Тоҷикистон дучанд аст, чунки кишвар ҷанги дохилиеро аз сар гузаронд.
"Дар мавриди сабабҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ муаллифон махсус навиштаанд, ки гӯё яке аз онҳо, гӯё дар Тоҷикистон "авҷ гирифтани тамоюлҳои эронпарастӣ ва миллатгароӣ" аст. Тасаввур кунед, дар аксар кишварҳои туркзабони ҳамсояи Тоҷикистон ҳам тамоюли пантуркистӣ буд, аммо чаро дар ин кишварҳо ҷанги шаҳрвандӣ сар назад?", -- суол гузошт Бойматов.
Муаррихи тоҷик мегӯяд, дар китоби дарсӣ, ки аз рӯи он ҳама хонандагони мактабҳои миёна дар ҷумҳурӣ таълим мегиранд, "муаллифон ҳодисаву воқеаҳоро мунсифона баррасӣ накардаанд". Аммо ҳамин гуна дидгоҳ солҳои охир дар ҷомеа бартарӣ пайдо мекунад, ки зоҳиран, натиҷаи таблиғоти сиёсист
Пажуҳишгари тоҷик афзуд, "дар китоб саҳми як ҷониб барои ба даст омадани сулҳи тоҷикон бориз нишон дода шудааст, аммо аз саҳми тарафи дигар ёд намешавад. Ҳамчунон дар ин китоб афкори зидди ҳам ба чашм мерасад. Дар оғоз ҳизбу ҳаракатҳоро дар сар задани ҷанги шаҳрвандӣ айбдор мекунанд, боз дар ҷойи дигар мегӯянд, саҳми Сайид Абдуллои Нурӣ дар созишномаи сулҳ калон аст. Пас, хонандае, ки аз асли ин воқеаҳо хабар надорад, аз ин китоб чӣ мефаҳмад? Дар китобҳои дарсӣ набояд ба чунин як чиз роҳ дода шавад. Бо ин афкор агар таърихи муосири худро баррасӣ кунем, дар зеҳни насли нав тухми адоватро мекорем," -- мегӯяд Луқмон Бойматов.
Ин нуктаи китоб низ аз таблиғоти чанд соли охири Тоҷикистон маншаъ мегирад ва мерсобарони тарафи дигари сулҳ низ борҳо эътироз кардаанд, ки суҳбат аз саҳмгузорӣ якҷониба ҷараён мегирад.
Комил Исоев, мудири Маркази таҳия ва нашри китобҳои дарсии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон рӯзи 7-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин китоб пеш аз нашр аз ҷониби коршиносони илми таърих азрёзбӣ ва тарафҳои мусбат ва манфии он баррасӣ шудааст. Ӯ гуфт, "ҳар китоб пас аз баррасӣ дар Шӯрои коршиносон ба мушовараи вазорат фиристода мешавад. Танҳо пас аз гузаштани ин марҳилаҳо китобро чоп мекунанд."
Исоев афзуд, мунаққидон ва донандагони таърих, ки нисбат ба муҳтавои китоби "Таърих барои хонандагони синфи 11" эрод доранд, метавонанд фикру андешаҳои худро дар шакли хаттӣ ба вазорат фиристанд. "Ҳар кас ҳақ дорад фикру андеша ва ё ислоҳу пешниҳодҳояшро ба ин китоб баён кунад. Ин гуна пешниҳодҳо баррасӣ мешаванд ва пас аз муҳокимаҳо имкон дорад, ки дар нашрҳои ояндаи китоб ворид карда шаванд", -- иброз дошт ин мақоми Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.
Баъзе аз пажуҳишгарони дигар, ки бо муҳтавои ин китоб ошно шуданд, мегӯянд, дар фасле, ки ба таърихи солҳои 90-ум бахшида шудааст, чандин зиддунақизиҳо ҷой дорад ва хонандаро "роҳгум" мезанонад.
Эроди мунаққидон аз муаллифон он аст, ки ширкаткунандагони майдони "Озодӣ"-ро ҷонибдорони сохти конститутсионӣ қаламдод кардаанд, дар ҳоле ки он замон ба гуфтаи онҳо ҳукумати муросои миллӣ амал мекард, ки Додгоҳҳои вақти конститутсионӣ онро қонунӣ ва машруъ дониста буд.
Бархе аз муаррихони дигар мегӯянд, дар замони роҳбарии бетағйири як ҳукумат даврони фаъолияти онро мунсифона баррасӣ кардан имкон надорад ва барои ба вуҷуд омадани таърихи ростин гузашти солҳо ва иваз шудани ҳукуматҳо зарур аст.
Сайфулло Муллоҷонов, таърихшинос ва устоди донишгоҳ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ дар ин робита гуфт:
"Дар вақти қудрати сиёсии ҳеч ҳукумате имкони баёни воқеии ҳаводиси замони он муяссар нест. Мо бо гузашти 28 сол аз фурӯпошии ҳукумати Шӯравӣ то кунун натавонистаем таърихи он ҷомеаро бинигорем. Чун ҳанӯз ҷонибдорону ҳавохоҳони он имкон намедиҳанд. Таърихнигории миллии мо, ки танҳо бар пояи манофеи миллӣ ва ҳақиқати таърихӣ пажӯҳиш анҷом диҳад, дар ҳоли шаклгирист. Куҳансолон намехоҳанд, замони Шӯравӣ нақди ҷиддӣ шавад ва ҷавонон наметавонанд ё тавони ин корро надоранд. Барои баёни ҳаводиси замони истиқлол ҳанӯз фурсат нарасидааст".
Китоби таълимии "Таърихи халқи тоҷик барои хонандагони синфи 11" бо теъдоди 75 ҳазор нусха зери назари Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисҷумҳури Тоҷикистон ба нашр расидааст. Амалан ин китоби таълимӣ шурӯъ аз ҳамин соли нави таълим ба дасти хонандагон расид.