Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қиссаи ҳиҷоб, итоби муаллима ва сӯзанро фурӯ бурдани Шукрона (ВИДЕО)


Волидони Шукрона Давлатоваи 12-сола мегӯянд, ки ӯ аз тарси муаллима сӯзани рӯсарияшро фурӯ бурдааст. Шукрона ҳоло дар бемористони Қарияи боло қарор дорад.

Шукрона Давлатоваи 12-сола, хонандаи синфи 5 -уми мактаби рақами 172, ноҳияи Рудакӣ иддаъо дорад, ки аз тарси муаллима сӯзанаки рӯсарияшро фурӯ бурдааст, аммо устодони мактаб инро рад мекунанд.

Шукрона, ки рӯзи сешанбеи 3-юми июн дар беморхонаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе қарор дошт, дар сӯҳбат бо радиои «Озодӣ» гуфт, ки вай воқеан 5 рӯзи пеш аз тарси муаллима сӯзанаки русариашро фуру бурдааст. Вай гуфт, "Вақте ба мактаб барои дарси иловагӣ рафтам, муаллима Иброҳимова ҷанг кард, ки сатратро гир. Ман саросема шуда, рӯймоламро гирифтам. Вақте сӯзани рӯймоламро дар даҳонам гирифтам, ки сӯзан ба гулӯям рафт. Рӯзи панҷшанбе шикамам дард кард. Хостам аз дарс ҷавоб гирам. Ба роҳбари синфам гуфтам, ки ҷонишини директори мактаб ҷангам кард аз тарс сӯзанро хурдам, муаллима гуфт, хонаамон раваму ба директор нагӯям."

Ҳамакнун ба гуфтаи Шукрона ҳоло як тарафи шикамаш дард мекунад ва шабонгаҳ ӯро хоб кардан намемонад.

Шаҳло Раҳимов,
модари Шукрона, ки ҳамроҳи духтараш барои маротибаи 7-ум ба ҳадафи ташхиси рентгенӣ кардан ба Маркази ташхисии «Нурафзо», воқеъ дар Бемористони Қарияи Боло омадааст, гуфт, ки духтараш ба мактаб бо рӯсарӣ рафта буд ва ин боиси ғазаби муаллима шудааст.

Намунаи сӯзане, ки Шукрона Давлатова фурӯ бурдааст.
Намунаи сӯзане, ки Шукрона Давлатова фурӯ бурдааст.
Ба гуфтаи вай, вақте ҷонишини директори мактаби 172-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ғазаб мехоҳад рӯсарии Шукронаро гирад, духтарак аз тарс ва ҳаяҷон мехоҳад худаш рӯсарияшро гирад. Ҳангоми гирифтани рӯсарӣ духтараш сӯзанаке, ки рӯсарияшро бо он маҳкам карда буд, ба даҳонаш гирифта, мехоҳад рӯймолашро ба китобдонаш монад, аммо нохост сӯзанак ба гулӯяш меравад ва дигар берун наомада фурӯ мебарад.

Модари Шукрона аз ҷумла гуфт: «Ин маротибаи 7-ум мешавад, ки ӯро рентген мекунем. Дар 6 ташхисе, ки пештар кардем дар 3 тояш сӯзанро дар рудаҳои Шукрона нишон дода буд, аммо дар 3 маротибаи дигар нишон надодааст. Дар ин ташхис агар дар куҷо будани сӯзанро муайян кунем тасмим аст, онро табибон бароварда гиранд.»

Бо ин ҳам пайвандони Шукрона то кунун дар ин бора ба ҳеҷ мақомототе шикоят набурдаанд ва банди табобати духтарашон ҳастанд.

Аммо ба қавли модари Шукрона онҳо чандон имкони табобати фарзандашонро надоранд. Зеро падари Шукрона ба ҳайси посбон кор мекунад, ки ҳамаги 500 сомонӣ моҳона мегирад ва дар хонаводаашон ба ғайр аз Шукрона боз 4 фарзанди дигар доранд, ки се нафар аз онҳо мактабхонанд.

Хонаводаи Шукрона дар деҳаи Арбобхотуни ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ мекунад ва рӯзгори фақиронае доштаанд. Волидони Шукрона Давлатова ҳамчунин аз ашхоси саховатпеша интизори кӯмак барои табобати духтарашон мебошанд. Чунки аз камбуди маблағ натавонистаанд дарҳол вайро дар беморхона бистарӣ кунанд.
Холбозор Пӯлодов, пизишки беморхонаи Қарияи боло афзуд, 29-уми май ҳангоми навбатдории вай Шукронаро ба беморхона оварда буданд. Ба қавли ин пизишк ҳангоме ба модари Шукрона гуфтанд, ки духтарашонро бояд бистарӣ кунанд, онҳо надоштани шароитро пеш оварда духтарашонро дубора ба хона бурданд. Аммо ҷаноби Пӯлодов мегӯяд, онҳо ба модари Шукрона гуфтаанд, ки ҳар лаҳзае ба духтарашон мушкиле пеш ояд бидуни мушкил метавонанд муроҷиат кунанд. Шукрона бояд зери назорати табибон бошад: «Сӯзане, ки Шукрона фуру бурдааст борик буда, халанда намебошад. Замоне мо ташхис кардем аллаккай ба рӯдаи борик гузашта буд. Мо наздики ду соат ӯро зери назорат гирифтем, аммо ягон шикояте надошт. Шароити шаб хобониданро надорем гуфта духтарро гирифта бурданд. Гуфтанд, ки пагоҳаш меоем. Пагоҳаш омаданд рентген кардем, ки сӯзан аллаккай ба рӯдаи ғафс гузаштааст. Ҳоло бошад тасмим дорем, ки рентгени рақами анҷом дода, дақиқ кунем, ки сӯзан афтидааст ё ҳоло ҳам дар рӯдааш қарор дорад.»

Ба гуфтаи ин пизишк, дар сурати халанда набудани сӯзан он ба бадани Шукрона хатари зиёд надорад. Дар сурати халанда будани сӯзан баровардани он ҳатмӣ мебошад. Чун имкони зарар расонидан ба дигар узвҳои Шукрона эҳтимол дорад.
Дар ҳамин ҳол мо ки барои сӯҳбат бо муаллимони Шукрона ба мактаби 172-и ноҳияи Рӯдакӣ рафтем, маъмулан бештари духтарону занони деҳаашон русарӣ доштанд. Ба назар мерасид, ки аксари хонаводаҳои деҳа оилаҳои суннатӣ мебошанд. Ба ин далел иддае аз ҳамсолони Шукрона низ бо рӯсарӣ то даромадгоҳи мактаб рафта баъдан онро аз сар мегиранд.

Муаллимони Шукрона аз посух ба суолҳои мо худдорӣ карда, танҳо даъво мекарданд, ки гӯё ин як чизи «тарҳрезишуда» алайҳи онҳо аст ва ба эшон тӯҳмат зада истодаанд.

Раҳбари синфи Шукрона даъво пеш меовард, ки «ин як дурӯғи маҳз» буда, Шукрона на дар мактаб, балки дар хонаашон сӯзанро фурӯ бурдааст.
Чанд хонандаи мактаб, ки шоҳиди ҳол буданд мегӯянд, ки Шукрона маҳз дар мактаб сӯзани рӯсарияшро фурӯ бурдааст.
Шукрона аз тарси муаллима сӯзани рӯймолашро фурӯ бурдааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:13 0:00

Мадина Содиқова, ва чанд хонандаи дигар тасдиқ карданд, ки замони сӯзанро фурӯ бурдани Шукрона дар назди ӯ будаанд. Ба нақли Мадина онҳо барои дарси иловагӣ аз фаннӣ математика ба мактаб рафта буданд. Аммо ҷонишини мудири мактабашон муаллима Иброҳимова ба онҳо гуфтааст, рӯсариҳояшонро аз сарашон гиранд. Замоне рӯймолҳои худро дар назди оинаи мактаб мегирифтанд Шукрона сӯзанро бо дандонаш дошта рӯмолашро дар сумкааш гузоштан мехостааст, ки ногаҳон сӯзан ба гулӯяш рафтааст: «Вақте сӯзан дар гулӯяш рафт ба ман гуфт, сӯзан ба қуртақам рафт. Баъд гуфтам биё хона рафта ба очаат гӯем, гуфт, не об менӯшам соз мешавад. Рафта дарсамонро хондем. Баъд хонаашон рафта ба очааш гуфтааст, ки гирифта ба духтур бурданд.»

Ин бори аввал нест, ки дар макотиби Тоҷикистон масъалаи бо рӯсарӣ рафтани духтарон боиси гуфугузорҳо мешавад. Аммо ин ҳодисаи ба сари Шукронаи 12 сола омада аз камтарин ҳодисаҳоест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ, баҳсҳои ҷиддиеро ба бор овардааст.
XS
SM
MD
LG