Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВИДЕО: Кӣ "ширпулӣ" мегирад?


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, барои ҳар зане, ки фарзанди аввалашро ба дунё меорад, 120 сомнӣ "ширпулӣ" хоҳанд дод. Аммо занон мегӯянд, ин пул кирои "коғазбозӣ"-ро надорад.

"Гавҳорапулӣ" ё "ширпулӣ", ки дар Шӯравии собиқ ба модарони бе ҷои кор барои тарбияи фарзанд пардохт мешуд, ҳоло ҳам дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, аммо на ҳама аз ин кумаки иҷтимоӣ бохабаранд.

"Ширпулӣ" бар асоси қонунҳои Тоҷикистон танҳо як бор ба занҳое, ки фарзанди аввалро таваллуд мекунанд, 120 сомонӣ ва барои нигоҳубини фарзандони дувуму сеюм то 40 сомонӣ пардохт мешавад. Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳри Кӯлоб мегӯяд, "ширпулӣ" бештар ба занҳое дода мешавад, ки қабл аз таввалуди кӯдак худро суғуртаи иҷтимоӣ кардаанд.

Шовалӣ Абдураҳмонов, сардори Раёсати оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳри Кӯлоб, ба Радиои Озодӣ гуфт, соли гузашта беш аз 300 зан аз оилаҳои камбизоат суғуртаи иҷтимоӣ шуданд ва ё ба истилоҳ “ширпулӣ” дарёфт карданд.

Ӯ гуфт, "мутаассифона, занҳои камбизоат барои суғуртаи иҷтимоӣ пул намесупоранд, то аз ҳаққи қонунии худ барои кумаки иҷтимоӣ бархӯрдор бошанд. Тибқи қонунгузории Тоҷикистон ба оилаҳои камбизоат “гавҳорапулӣ” дода мешавад. Ин аз ҳисоби суғуртаи иҷтимоии корхонаву идораҳои давлатӣ ситонда мешавад."

Ширпулӣ барои занони фарзандори тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:21 0:00

Дар замони Шӯравӣ аксар модарон бо дарёфти “ширпулӣ” роҳат тифлони худро бузург мекарданд ва қариб то ба синни мактабӣ расидани кӯдак ҳар моҳ кумакпулӣ мегирифтанд. Кумакпулии феълӣ мисли суғуртаи тиббӣ аст, ки Шумо ба давлат пул медиҳед ва давлат қисмеро баъдан ба Шумо бармегардонад. Сокинони шаҳри Кӯлоб мегӯянд, онҳо аз чунин як навъи кумак хабар надоранд ва агар хабар ҳам медоштанд аз паяш намешуданд, зеро, ба қавли онҳо, ин маблағ арзиши саргардониро надорад.

Гулнора Гавҳаршоева, як сокини 25-солаи шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ду дафъа бача ба дунё овард, аммо бори аввал мешунавад, ки ҳукумат барои модарони таваллудкарда пул медодааст. Аммо вақте мо ба ӯ миқдори кумакпулиро гуфтем, дарҳол дилсард шуд ва гуфт, барои коғазбозии ин маблағ беш аз 120 сомонӣ сарф мешавад.

Хонуми Гавҳаршоева афзуд: "Мо аз чунин кумакпулиҳо огаҳӣ надорем. Лекин чун ҳама медонанд, ки онҳо хеле ночизанд, дигар кӯшиш намекунанд, онро бигиранд. Ду-се бор ба идораҳо рафтану маълумотнома пешниҳод кардан, худаш 200-300 сомонӣ мешавад. Барои 120 сомонӣ кӣ ақлашро хӯрдааст, ин қадар маблағ сарф мекунад?”

Ҳукумати Тоҷикистон суғуртаи иҷтимоӣ ва ё ба истилоҳ “ширпулӣ”-ро ба хотири кумак ба занону кӯдакон роҳандозӣ кардааст, аммо аксари занон чунин кумакҳоро хеле беарзиш медонанд. Басгул Умарова, зане, ки замони Шӯравӣ унвони қаҳрамонмодариро ба даст оварда буд, мегӯяд, ҳамаи фарзандонашро бо “ширпулӣ” бузург кардааст.

“Барои як фарзанд пули ду се халта ордро медоданд. Ба ҳама мерасид ва аз чизе танқисӣ намекашидем. Кӯдаконро табобаташон бепул буд. Барои ҳамин нотарсида таваллуд мекардӣ. Ҳоло пул бебаракат шудааст. Чанд кас кор мекунад, вале ду фарзандро хӯрондаву пӯшонда наметавонанд”,-афзуд Басгул Умарова.

Дар замони Шӯравӣ занони тоҷик бо умеди дарёфти унвони қаҳрамонмодарӣ талош мекарданд, то бештар аз даҳ фарзанд ба дунё биоваранд. Он замон ба чунин занҳо имтиёзи зиёд дода мешуд, аммо ҳоло дар Тоҷикистон бо қабули Қонуни танзими оила таблиғ мешавад, то сокинон на бештар аз чор фарзанд дошта бошанд.

XS
SM
MD
LG