Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти Ҳикматёр пас аз 20 сол. Аз умедворӣ то нигаронӣ. ВИДЕО


Гулбиддин Ҳикматёр, раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон рӯзи панҷшанбеи 4 май ба Кобул омад ва қарор аст бо раиси ҷумҳури он кишвар Ашраф Ғанӣ дидор намояд. Ҳикматёр дар пайи як тавофуқ бо ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон, баъд аз бист сол вориди Кобул шуд.

Расидани вай ба Кобул рӯзи 4 май нишонаи баргашти вай ба ҳаёти ҷамъиятӣ пас аз 20 соли табъид мебошад. Ҳикматёр, ки ба унвони “қасоби Кобул” шинохта шудааст, аслан барои даст доштан дар ҷангҳои хунуни дохилии солҳои 1990, дар ёдҳо мондааст. Ӯ дар куштани садҳо тан аз мардуми пойтахт муттаҳам аст.

Гуруҳи шибҳинизомии Ҳизби исломии Ҳикматёр моҳи сентябри соли 2016 бо ҳукмати Ашраф Ғанӣ қарордоди сулҳ ба имзо расонд.Тибқи ин қарордод, Ҳизби исломӣ силоҳро канор гузошт ва ба ҷанги худ алайҳи ҳукумати Афғонистон дар саросари кишвар поён дод. Бар пояи ин қарордод, зиндониёни Ҳизби исломӣ аз маҳбасҳои Афғонистон озод хоҳанд шуд.

Як корвони мусаллаҳи иборат аз садҳо мошин Ҳикматёрро аз вилояти Нангарҳор ба Кобул ҳамроҳӣ карданд. Нерӯҳои амниятии Афғонистон барои таъмини бехатарии ӯ дар 160 километр роҳ мустақар шуданд.

Қарор аст Ҳикматёр бо Ашраф Ғанӣ дар қасри раиси ҷумҳур дидор кунад ва ба ифтихори ӯ як маросими бузург ҳам баргузор шавад. Интизор меравад, ки Ҳикматёр рӯзи 5 май дар майдони Ғозии Кобул ба мардум пайём бифиристад. Ҳикматёр ҳафтаи гузашта дар ҷамъи мардум дар вилояти Лағмон аз Толибон даъват кард, ки силоҳро ба замин гузоранд ва ба “корвони сулҳ” бипайванданд.

Дар пайи суқути ҳукумати муҷоҳиддин бо раҳбарии Бурҳониддин Раббонӣ ба дасти Толибон дар соли 1996, Ҳикматёр ба Эрон фирор кард. Пас аз сарнагунии режими Толибон дар соли 2001 ва таъсиси ҳукумати муваққат дар Афғонистон, ӯ ба сафи мухолифони мусаллаҳ пайваст ва алайҳи нерӯҳои афғон ва эътилофи байналмилалӣ меҷангид. Давоми ин муддат зоҳиран ӯ дар Покистон ба сар мебурд, ҳарчанд худаш ҳоло иддао дорад, ки ӯ на аз хориҷ, балки "аз кӯҳҳо ба шаҳр омадааст."

Назари коршиноси тоҷик дар бораи бозгашти Ҳикматёр:

Таҳлилгар: Омадани Гулбиддин вазъро беҳ намекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:24 0:00

Ҳикматёр, ки соли гузашта баъди имзои созиши сулҳ аз рӯйхати таҳримҳои СММ берун шуда, ҳафтаи гузашта барои аввалин бор дар як ҷамъомади мардумӣ дар шаҳри Ҷалолободи вилояти Нангарҳор зуҳур намуд. Амрико ва президенти Афғонистон аз бозгашти Ҳикматёр истиқбол намуда, онро ҳамчун оғози раванди васеътари сулҳ бо гурӯҳи ошӯбгари Толибони афғон арзёбӣ мекунанд.

Ҳикматёр, ки яке аз чеҳраҳои ҷанҷолбарангези чаҳор даҳаи ахир дар саҳнаи сиёсии Афғонистон мебошад. Ӯ муддате мақоми сарвазири Афғонистонро бар ӯҳда доштааст, дар авоили солҳои 2000-ум ба Толибон пайваст. Шумори зиёди сокинони Кобул аз бозгашти ӯ интизороти бузурге надоранд. Узви порлумони Афғонистон Ҳафиз Мансур мегӯяд, "аз онҷо, ки Ҳикматёрро мешиносам, агар вай метавонист аз тариқи ҷанг ба аҳдофи шахсии худ дар Афғонистон бирасад, ҳаргиз созиши сулҳ розӣ намешуд".

Ҳамсӯҳбатҳои дигари хабаргузории Рейтерс изҳор намудаанд, ки бозгашти Ҳикматёр ҳеҷ таъсире ба вазъи кунунии Афғонистон нахоҳад дошт. Як сокини Кобул бо номи Абдулғаффор гуфт, "Ҳикматёр дигар муассир нест. Ӯ як нигаронӣ аст. Мо аз ӯ ҳеҷ интизорӣ надорем. Агар ҳукумат дар Афғонистон сулҳи воқеӣ мехоҳад, бояд бо Толибон ва гурӯҳи "Давлати исломӣ" низ созиш кунад. Зеро Ҳикматёр тарафдорони зиёд надорад ва миён мардум обрӯяш рехтааст."

Ҳикматёр мисли президент Ашраф Ғанӣ паштун аст. Бисёре аз сиёсатмадорони паштунтабор ба бозгашти пешвои Ҳизби исломӣ назари нек доранд, вале намояндагони қавмҳои дигари Афғонистон, аз ҷумла тоҷикҳо, ки дар Ҷамъияти исломии раиси ҳукумати иҷроияи Афғонистон Абдуллоҳи Абдуллоҳ аксариятро ташкил медиҳанд ва ҳазораҳои шиамазҳаб ишора кардаанд, ки бозгашти Ҳикматёр нуфузи паштунҳоро афзоиш хоҳад дод.

Мансабдорони ғарбӣ нигарониҳои ақвоми ғайрипаштунро беҳуда меноманд ва таъкид мекунанд, ки ҳукумати Афғонистон масъули назму субот аст ва бояд бо ҳамаи гурӯҳҳои мусолиҳа кунад. Онҳо бовар доранд, ки бозгашти Ҳикматёр намунаи хатми душманӣ барои гурӯҳҳои дигар хоҳад шуд. Аммо сокинони Кобул, ки мушакборонҳои солҳои навадуми қарни гузаштаро фаромӯш накардаанд, бо нигаронӣ хотирнишон мекунанд, ки беҳуда Ҳикматёрро "Рокетёр" ном надодаанд.

XS
SM
MD
LG