Раҳбарияти нави телевизиони “Пойтахт” рӯзи 17 феврал аз пахши рақамии барномаҳои худ (сифати HD) хабар доданд. Ин эълон дуруст як моҳ баъд аз сари кор омадани шаҳрдори нави пойтахт ва мудири нави телевизион садо дод. Рустами Эмомалӣ – писари бузурги раиси ҷумҳури Тоҷикистон – 12 январи имсол раиси шаҳри Душанбе ва баъди як рӯзаш Сӯҳроб Рауфов мудири нави телевизиони “Пойтахт” таъин шуд. Рауфов то он дам раиси телевизиони давлатии "Тоҷикистон" буд.
Ҳамаи дарду проблемаҳое, ки дар ҷомеа ҳаст, мо онҳоро пайгирӣ мекунем ва телевизион барои мардум хизмат мекунад.Сӯҳроб Рауфов
Дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ Сӯҳроб Рауфов дар бораи барномаву стратегияи кори телевизиони "Пойтахт" гуфт.
Радиои Озодӣ: Тайи як моҳе, ки ба ҳайси мудири телевизиони "Пойтахт" фаъолият доред, чӣ дигаргунӣ дар барнома ва намоишҳои телевизион ба амал омадааст?
Сӯҳроб Рауфов: "Дар тӯли ин муддат хеле навгонӣ дида мешавад. Шурӯъ аз ороишу гузаришҳои тоза то барномаҳои вижа. Бори аввал дар телевизиони "Пойтахт" сатри равон ё субтитрро ҳам ба роҳ мондем, ки то кунун истифода намешуд. Тарҳҳои нави телевизионӣ ҳам пешниҳод мешаванд, ки аз лиҳози муҳтаво ва шаклу сифат беҳтар ҳастанд."
Радиои Озодӣ: Метавонед аз барномаҳое ном баред, ки то омадани Шумо дар "Пойтахт" набуданд ва барои бинанда тоза роҳандозӣ шуданд?
Навори видеоӣ инҷост:
Сӯҳроб Рауфов: "Пеш аз ҳама сутун ё меҳвари аслии барномаҳои телевизон ин бахши итилоотӣ аст ва мо талош кардем, ки дар барномаи иттилоотии "Вақт" дигаргуниҳо ворид кунем. Баъдан, беҳтарин журналистони телевизионро, ки собиқаи корӣ доштанд, ба кор ҷалб намудем. Барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ, ки қаблан зиёд пахш мешуданд, маҳдуд шуданд. Дар интихоби мавзӯъ дар бораи вазъи ҳамаҷонибаи пойтахт дигагуниҳо ҷорӣ кардем."
Радиои Озодӣ: Чӣ пешниҳоди хос аз тарафи раиси нави шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи кайфияти барномаҳо ё стратегияи телевизион садо додааст?
Сӯҳроб Рауфов: "Сӯҳбати хос надоштем, вале дастуру пешниҳоде, ки аз тарафи раиси шаҳр дода мешавад, аз тариқи муовини ҳамин соҳаи раёсат ба мо пешниҳод мешавад. Бибинед, рӯзи 17 феврал барномаҳои “Пойтахт” ба сифати нави HD (High Definition) пахш шуданд ва ин бо кӯшиши раиси шаҳр ва бо дастури эшон сурат гирифтааст. Ин ҳама баёнгари он аст, ки раиси шаҳр ба барномаҳои телевизион таваҷҷӯҳи зиёд дорад. Илова ба ин, телевизиони мо бо таҷҳизоти замонавии рақамӣ ҳам таъмин шудааст. Ин ба маъноест, ки барномаҳои мо бо сифати аъло дар сатҳи телевизони "Сафина", "Баҳористон", "Синамо" ва дигар шабакаҳои телевизионӣ пахш мешаванд. Пас аз ҷаласаи фаъолони пойтахт дар ҳузури президенти Тоҷикистон (рӯзи 15 феврал) барои ҳамаҷониба инъикос кардани вазъу шароити экологӣ, тиҷоратӣ, хадамоти беҳдоштӣ, хадамоти нақлиёт ва дигар соҳаҳо супоришҳо дода шудааст, ки ҳамаҷониба инъикос карда шавад."
Радиои Озодӣ: Хабарнигорони варзидаи телевизион, ки гуфтед, кистанд ва шонси довталабони дигари кор дар телевизиони Шумо ҳам вуҷуд дорад?
Сӯҳроб Рауфов: "Бале, мо то якуми апрели соли равон озмун барои беҳтарин журналистҳои телевизионро эълон кардем. Аллакай ба барномаи "Вақт" хабарнигор Сорбон Саидов даъват шудааст, ки қаблан дар шабакаи "Ҷаҳоннамо" ва шабакаҳои дигар фаъолият дошт."
Радиои Озодӣ: Кадом барномаҳои хоси сиёсии фарқкунанда аз шабакаҳои дигари телевизионӣ ҳам хоҳед дошт?
Сӯҳроб Рауфов: "Хуб, журналистони телевизиони мо дар интихоби мавзӯъ озод ҳастанд. Мо ҳамарӯза дар барномаҳои "Мавзӯи рӯз" ва "Маълумот" ба масъалаҳои сиёсӣ мепардозем ва кӯшиш хоҳем кард бо ҷалби журналистони қавӣ Идораи сиёсии телевизионро тақвият бахшем."
Радиои Озодӣ: Саволе, ки дар зеҳни журналистони зиёд матраҳ аст, ин аст, ки то куҷо ҳадафи аслии барномаҳои "Пойтахт" инъикоси воқеиятҳои шаҳр аст ваё ин як василаи пуштибониву ситоиши раҳбарони Душанбе хоҳад буд?
Сӯҳроб Рауфов: "Ҳамаи дарду проблемаҳое, ки дар ҷомеа ҳаст, мо онҳоро пайгирӣ мекунем ва телевизион барои мардум хидмат мекунад ва мо бо барномаҳои худ кӯшиш хоҳем кард, масъалаҳои мубрами ҷомеаро инъикос кунем. Мо талош дорем, ки тӯли барномаҳои телевизионро дар шабонарӯз дароз кунем ва аз 14 соат ба 18 соат расонем. Барои ин, нерӯи иловагӣ зарур аст. Ҳоло дар студияи мо 50 нафар кор мекунад ва лозим аст, ки шумори кормандонро бештар кунем."