Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар "Ҷоми шоҳи Тайланд" эълон шуд


Ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон ҳайати дастаро барои ширкат дар 50-умин мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2024» (“Ҷоми шоҳ- 2024”), ки аз 11-ум то 14-уми октябр дар шаҳри Сонгкхлаи Тайланд баргузор мешавад, эълон кард.

50-умин мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2024», ки дар рӯзҳои FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) – 11-ум ва 14-уми октябр - дар шаҳри Сонгкхлаи Тайланд баргузор мешавад, дар баробари мизбонон дастаҳои мунтахаби Сурия, Тоҷикистон ва Филиппин иштирок мекунанд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 23 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар - шомил шуданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон зери раҳбарии мутахассиси гурҷӣ Гела Шекиладзе барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии "King’s Cup 2024" субҳи 7-уми октябр тавассути ҳавопаймо ба Тайланд сафар кард.

Дар даври ниманиҳоии мусобиқот мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Сурия вориди рақобат мешавад. Дар бозии дигари даври ниманиҳоӣ тимҳои миллии Тайланд ва Филиппин рақобат мекунанд. Ин бозиҳо рӯзи 11-уми октябр дар варзишгоҳи Тинсуланондаи шаҳри Сонгкхлаи Тайланд баргузор мешаванд.

Ғолибони даври ниманиҳоӣ дар финал ва мағлубшудагон дар бозӣ барои ҷойи сеюм мубориза мебаранд. Бозиҳои ҳалкунандаи мусобиқаи «King’s Cup 2024» рӯзи 14-уми октябр доир мегарданд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup-2024»:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Ростов», Русия), Олег Баклов («Уфа», Русия), Далерҷон Баротов («Истаравшан»);

Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Сипоҳон», Эрон), Зоир Ҷурабоев, Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз «Нефтчӣ», Узбекистон), Меҳрубон Каримов («Самгурали», Гурҷистон), Раҳматшо Раҳматзода («Персиҷап Ҷепара», Индонезия), Фахриддин Аҳтамов («Хуҷанд»), Баракатулло Неъматуллозода («Барқчӣ»);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Хусрав Тоиров, Фатҳулло Олимзода (ҳарду аз «Атирау», Қазоқистон), Муродалӣ Ҳақназаров («Самтредиа», Гурҷистон), Азизбек Ҳаитов («Равшан»), Алишер Шукуров, Салоҳиддин Эргашев (ҳарду аз «Вахш»), Ислом Зоиров («Ҳосилот»), Абубакр Сулаймонов, Азизбек Далиев (ҳарду аз «Барқчӣ»);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Андиҷон», Узбекистон), Далер Шарипов («Металлург», Узбекистон), Нуриддин Ҳамроқулов («Вахш»).

Сармураббӣ – Гела Шекиладзе (Гурҷистон/Белгия).

Мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2024»

Нимфинал

11-уми октябр (ҷумъа)

16:30 – Сурия – Тоҷикистон

20:00 – Тайланд – Филиппин

14-уми октябр (душанбе)

16:30 – Бозӣ барои ҷойи сеюм

20:00 – Финал

Варзишгоҳи Тинсуланонда, Сонгкхла, Тайланд

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбест.

XS
SM
MD
LG