Як таҳқиқоти маркази назархоҳӣ мегӯяд, 95 дарсади сокинони Узбакистон аз зиндагӣ дар ин кишвар “хушбахту розиянд”. Дар пасманзари гузориши созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар, ки вазъи озодиҳои шаҳрвандӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқи инсонро дар ин кишвар шадидан интиқод мекунанд, як хабаргузории давлатӣ (UzA) дар остонаи 21-умин солгарди ҷашни истиқлоли Узбакистон роҷеъ ба қаноатмандии мардум аз зиндагӣ дар ин кишвар хабар додааст.
Рӯзи 1-уми сентябр дар Узбакистон иди истиқлолият таҷлил хоҳад шуд. Тавре ин назархоҳӣ мегӯяд, ширкатдорони пурсиш – сокинони аз 18-сола болои Узбакистон аз пешрафтҳои кишварашон дар риштаҳои иқтисоду сиёсат ва амният изҳори қаноатмандӣ кардаанд. Муовини раиси маркази назархоҳии “Иҷтимоий фикр” Марат Ҳоҷимуҳаммедов дар сӯҳбат бо бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт, дар ин пурсиш “ҳазор ё ду ҳазор нафар” иштирок карданд. “Муҳим сифат аст, на рақам”,-гуфтааст вай. Бино ба иттилои ин марказ, аз 93 то 97 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, аз пешрафтҳои иқтисодӣ, таъмини ҳуқуқ, ҳуқуқи иҷтимоӣ, шароити тиҷорату соҳибкорӣ ва таъмини амнияташон “комилан розӣ” ҳастанд.
Ин дар ҳолест, ки як пурсиши чанд моҳ пеши маркази назархоҳии амрикоии Gallup мизони хушбахтии мардуми Узбакистонро дар ҳудуди 65 % муайян карда буд. Вале танқидгарони давлат аз ҳисоби созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон ва мухолифон мегӯянд, ин нишондодҳо ҳама мавриди шубҳа ҳастанд.
Ҷаҳонгир Шосалимов, як фаъоли ҳуқуқи башар мегӯяд, “Иҷтимоий фикр” як созмони зери назари давлат буда, пурсишҳои он баёнгари воқеияти ҳол нестанд: "Ин созмон аз ҷониби давлат маблағгузорӣ мешавад ва аз ин рӯ, наметавонад вазъи воқеии мардуми Узбакистонро инъикос кунад."
Як марди 52-солаи сокини Хоразм, ки худро Пӯлод муаррифӣ кард, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ба бовари вай, “аз ҳар даҳ сокини Узбакистон шояд ҳашт ё нӯҳ нафар аз сиёсати давлат розӣ нестанд”.
"Агар зиндагӣ хуб буду мардум аз он розӣ, чаро пас миллионҳо дар паи кору ризқу рӯзӣ дар берун аз Узбакистон ба сар мебаранд? Миллионҳо ҳамватанони мо дар Қазоқистону Русия кор мекунанд",-афзуд ӯ.
Таҳлилгарон мегӯянд, режими президент Ислом Каримов, ки яке аз поймолкунандаи ашадии ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон ба шумор рафта, дар зиндонҳои кишвар садҳо дигарандешону мухолифон ва мунаққидони давлат нигаҳдорӣ мешаванд ва муттаҳамони ҷиноятҳои сиёсӣ бо ваҳшатноктарин шева шиканҷа мешаванд, мехоҳад ба чашми мардум хок пошад, ки гӯиё ин кишвар ободу осуда аст. Узбакистон дар феҳрасти давлатҳои “ноозод” шомил буда, яке аз поймолкунандаҳои ашаддии ҳуқуқи инсон ба шумор меравад.