Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Ҳамкории стратегӣ. Имзои созишномаи нав байни Арманистону Амрико

Энтони Блинкен (рост) ва Арарат Мирзоян (чап)
Энтони Блинкен (рост) ва Арарат Мирзоян (чап)

Арманистон ва Амрико созишномаи ҳамкориҳои стратегиро имзо карданд.

Ин маросим рӯзи 14-уми январ бо ҳузури Энтони Блинкен, котиби давлатии Амрико ва ҳамтои арманияш Арарат Мирзоян дар Вашингтон гузашт.

Блинкен гуфт, Иёлоти Муттаҳида пуштибонияшро аз амнияту дифои Арманистон идома дода, барои ҳифзи истиқлол, ҳокимияти миллӣ ва тамомияти арзии ин кишвар ҳамкорӣ хоҳад кард.

Арманистон талош дорад, ки аз Русия фосила бигирад.

Ереван дар Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) ҳампаймони Маскав аст.

Русия дар Арманистон пойгоҳи низомӣ дорад.

Пас аз он ки дар ҷанги Арманистону Озарбойҷон бар сари Қаробоғи Кӯҳӣ Маскав аз Ереван ҳимоят накард, муносибати ду кишвар сард шуд.

Озарбойҷон дар соли 2023 Қаробоғи Кӯҳиро пурра ишғол кард ва ҳазорҳо арманӣ маҷбур шуданд, ин минтақаро тарк кунанд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

"Ҳашар" дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон. Омодагӣ ба бозкушоӣ?

Ҳашар аломати боз кардани марзи Тоҷикистону Қирғизистон?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:16 0:00

Даҳҳо кас аз Тоҷикистон ва Қирғизистон гузаргоҳҳои марзии "Гулистон"-и Исфара ва "Қизилбел"-и Бодкандро, ки беш аз се сол боз бастаанд, аз партову лой пок кардаанд.

Ин кор рӯзи 22-юми январ, баъд аз як моҳи хатми марзнигорӣ сурат гирифт.

Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара, рӯзи 23-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, раиси ноҳияи Бодканд Учқунбек Ҷоробоев низ дар ин ташаббус ҳамроҳ буд.

"Дар маърака беш аз 400 нафар иштирок карда, пас аз анҷоми поксозӣ сокинони ҳарду ноҳия якҷоя хӯроки нисфирӯзӣ ва оши дӯстӣ тановул карданд," – хабар дод Зубайдулло Шомадов, сухангӯйи ҳукумати Исфара.

Сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан чаҳор сол ба ин сӯ бастааст.

Номуайянии хати сарҳад байни Тоҷикистону Қирғизистон дар солҳои 2021 ва 2022 сабаби муноқишаи хунин шуд ва аз ду ҷониб даҳҳо куштаву захмӣ барҷой гузошт.

Намояндагони Тоҷикистон ва Қирғизистон дар моҳи декабри соли 2024 хабар доданд, ки марзнигорӣ ё кашидани хати сарҳад ба анҷом расидааст.

Ин санад бояд дар порлумонҳои ду кишвар баррасӣ, қабул ва сипас аз тарафи президентҳо имзо шавад, вале бо гузашти як моҳ ҷузъиёташ эълон нашудааст. Маълум нест хати нави марз кадом қаламравҳоро ба кадом кишвар вогузор мекунад.

Амрико мехоҳад, шӯришиёни ҳусиро созмони террористӣ эълон кунад

Шӯришиёни ҳусии Яман. Акс аз бойгонӣ
Шӯришиёни ҳусии Яман. Акс аз бойгонӣ

Иёлоти Муттаҳида мехоҳад, шӯришиёни ҳусии Яманро дубора созмони террористии хориҷӣ эълон кунад.

Ин раванд оғоз шудааст.

Ҳусиҳои Яман аз тарафи Эрон пуштибонӣ мешаванд.

Кохи Сафед рӯзи 22-юми январ дар баёнияе гуфт, ҳусиҳо аз соли 2023 бо ҳимояти нерӯҳои Қудси Сипоҳи посдорони Эрон даҳҳо бор ба киштиҳои ҷангии Амрико ҳамла кардаанд.

Дар изҳорот гуфта мешавад, нерӯҳои Қудси Эрон созмонҳои террористиро дар саросари ҷаҳон мусаллаҳ мекунаду тамрин медиҳад.

Дар изҳороти Кохи Сафед ҳусиҳо "Ансоруллоҳ" ном бурда мешаванд.

Шӯришиёни ҳусӣ аз солҳои 1990 ба ин тараф бо ҳукумати Яман меҷанганд. Ҳукумати Яман дар сатҳи байнулмилалӣ ба расмият шинохта шуда, аз тарафи эътилофи низомии ба раҳбарии Арабистони Саудӣ ҳимоят мешавад.

Ҷанг дар Яман аз соли 2014 ба ин сӯ идома дорад. Дар он сол шӯришиён бахшҳое аз шимолу ғарби Яман ва пойтахт, шаҳри Санъоро ишғол карданд.

Таъйини Зебонисо Абдуллозода ба мақоми раиси Додгоҳи иқтисодӣ

Зебонисо Абдуллозода
Зебонисо Абдуллозода

Зебонисо Абдуллозода ба мансаби раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ дар Тоҷикистон таъйин шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 23-юми январ аз аъзои порлумон хост, ки дар ин маврид ризоят бидиҳанд.

Зебонисо Абдуллозода 53-сола аст. То ин дам муовини раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон буд. Дар гузашта дар мансаби раиси Додгоҳи иқтисодии Душанбе кор кардааст.

Курсии раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ рӯзи 21-уми январ холӣ шуд. Рустам Мирзозода, раҳбари пешини ин ниҳод, раиси Додгоҳи олӣ таъйин гардид.

Ҳамчунин раисҷумҳур хостааст, Қарахон Чиллазода аз мақоми раиси Палатаи ҳисоб барканор ва ба ҷояш Ҷамшед Каримзода таъйин шавад.

Каримзода 55-сола аст. То ин дам муовини раиси вилояти Хатлон буд. Дар гузашта дар мақоми муовини аввали вазири молия ва сардори Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон кор кардааст.

Мансаби нави Шералӣ Мирзо. Эмомалӣ Собирзода – вазири нави дифоъ

Акси Эмомалӣ Собирзода ва Шералӣ Мирзо
Акси Эмомалӣ Собирзода ва Шералӣ Мирзо

Генерал Эмомалӣ Собирзода вазири нави мудофиаи Тоҷикистон таъйин шуд. Фармонро дар ин бора раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23-юми январ имзо кард.

Собирзода 53-сола аст ва то ин дам муовини аввали вазири мудофиа ва ҳамзамон раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон буд.

Ӯ дар мақоми нав Шералӣ Мирзоро иваз кард. Шералӣ Мирзо тақрибан дувоздаҳ сол вазири дифои Тоҷикистон буд. Рӯзи 23-юми январ ба мақоми сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ таъйин шуд.

Дар замони раҳбарии Шералӣ Мирзо дар Вазорати дифоъ "сарбозшикор" ё ҷалби маҷбурии ҷавонон ба артиш ва бархӯрд бо онҳо дар қисмҳои низомӣ доғ гашт.

Баъзе аз намояндагони ҷомеа хоҳони ислоҳи вазъ ва ҳамзамон истеъфои ӯ шуданд, вале Шералӣ Мирзо ва муовинаш Эмомалӣ Собирзода "дедовшина"-ро на ҳосили кори онҳо, балки пайомади рафтори ҷомеа номиданд.

Аз ҷумла, соли 2021, вақте миёни Эмомалӣ Собирозода ва баъзе аз вакилони порлумон баҳс бархост, ӯ гуфта буд, ки "дедовшина" дар артиш таваллуд нашудааст, он аз хонавода сар мешавад”.

Номи Шералӣ Мирзо дар соли 2015 ва дар пайванд ба ошӯби нофарҷоми соли 2015 дар Тоҷикистон низ расонаӣ шуд. Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), ки мақомот ӯро раҳбари “ошӯб” медонистанд ва тайи амалиёте дар Ромит кушта шуд, муовини ӯ буд.

Шералӣ Мирзо 58-сола аст ва зодаи ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон. Дар гузашта муовини вазири дифоъ ва муовини аввал ва сардори Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон буд.

Тағйирот дар Додситонӣ. Барканории Юсуф Раҳмон ва таъйини Ҳабибулло Воҳидзода

Акси Ҳабибулло Воҳидзода ва Юсуф Раҳмон
Акси Ҳабибулло Воҳидзода ва Юсуф Раҳмон

Юсуф Раҳмони 59-сола аз мансаби додситони кулли Тоҷикистон озод шуд. Ӯ дар ин мақом даҳ сол кор кард.

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23-юми январ дар қароре гуфт, ки ӯ "ба вазифаи дигар гузашт", вале ҳоло маълум нест ба куҷо.

Ба ҷойи ӯ Ҳабибулло Воҳидзодаи 60-сола таъйин шудааст, ки то ин дам дар мақоми муовини додситони кул (ҳамзамон додситони ҳарбӣ) кор мекард. Пеш аз он раиси Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир буд.

Маҷлиси Миллӣ бояд қарори барканории Юсуф Раҳмон ва таъйини Ҳабибулло Воҳидзодаро тасдиқ кунад.

Воҳидзода аз соли 2011 то 2015 низ муовини додситони кул буд. Дар аввали соли 2015, баъд аз танқиди сахти президент Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амният, аз мақом дур карда шуд, аммо зуд ба ҳайси додситони вилоят ба Суғд рафту сипас дубора ба Душанбе баргашт.

Юсуф Раҳмон дар моҳи январи соли 2015 ба мансаби додситони кулли Тоҷикистон таъйин шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Юсуф Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон ва Юсуф Раҳмон

Дар замони раҳбарии ӯ, бо пешниҳоди Додситонии кул, Ҳизби наҳзати исломӣ, яке аз ҳизбҳои умдаи мухолиф дар кишвар мамнуъ ва террористӣ эълон шуд. Ҳарчанд раҳбарони ҳизб дар хориҷ ин қарорро намепазиранд ва онро беасос мешуморанд. Дар ин давра даҳҳо фаъол аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастгир ва ба муддатҳои дароз зиндонӣ карда шуданд.

Инчунин, баъзе аз рӯзноманигорон мегӯянд, дар давраи раёсати Юсуф Раҳмон гирифтани иттилоъ аз Додситонии кул мушкил шуд. Юсуф Раҳмон дар чанд ҷаласаи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳайати Тоҷикистонро роҳбарӣ кардааст.

Як шаҳрванди Чин дар Тахор кушта шуд

Шаҳри Толиқон, вилояти Тахор.
Шаҳри Толиқон, вилояти Тахор.

Шохаи Хуросон"-и гурӯҳи "Давлати исломӣ" ё ДОИШ, масъулияти ҳамла ба як шаҳрванди Чин дар вилояти Тахори Афғонистонро ба ӯҳда гирифт.

Як мақоми амниятии Толибон дар Тахор қаблан тасдиқ карда буд, ки як шаҳрванди Чин дар ҳамлаи мусаллаҳона дар он вилоят кушта шудааст.

Муҳаммад Акбар Ҳаққонӣ, сухангӯи фармондеҳии амнияти Толибон дар Тахор рӯзи 22 январ гуфтааст, ки ин шаҳрванди Чин бо номи "Ли" шаби гузашта дар масири ноҳияи Дашти Қалъа кушта шуд.

Ба гуфтаи Ҳаққонӣ, ин марди чинӣ бе огоҳии мақомоти Толибон бо тарҷумони худ ба ҷое номаълум мерафт ва дар ин руйдод ба тарҷумони ӯ осебе нарасидааст. Бар асоси бархе гузоришҳо, Толибон тарҷумони вайро боздошт кардаанд. Вале Толибон то кунун боздошти ӯро расман тасдиқ накардаанд.

Пеш аз ин, дар моҳи ноябри соли гузашта дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, як шаҳрванди Чин кушта ва панҷ нафар захмӣ шуданд. Манобеъ он замон ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки ин ҳамла аз хоки Афғонистон сурат гирифтааст.

Ҳабиб Саид дар 71-солагӣ дар Русия даргузашт

Ҳабиб Саид. Акс аз 8 декабри соли 2010.
Ҳабиб Саид. Акс аз 8 декабри соли 2010.

Нависанда, рӯзноманигор ва блогнавис Ҳабиб Саид, ки солҳо боз дар Интернет ба таблиғу муаррифии таърих, адабиёт, мусиқӣ ва чеҳраҳои намоёни Тоҷикистон машғул буд, рӯзи 20-уми январ дар 71-солагӣ дар Оренбург даргузашт.

Ӯ дар солҳои 90-ум, дар айёми ҷанги дохилии Тоҷикистон, ба Русия рафта, то охири умр дар онҷо монд. Маросими дафни ӯ дар шаҳри Исфара баргузор хоҳад шуд.

Хабари даргузашти Ҳабиб Саид рӯзи 22-юми январ тавассути шахсони наздик ба ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. То кунун даҳҳо кас зери он шарҳ гузоштаанд. Чанд сол пеш ӯ ба сактаи дил гирифтор гашта буд.

Ҳабиб Саид дар солҳои охир силсилаи блогу саҳифаҳоро дар бахши адабиёт, сиёсат, фарҳанг ва ходимони маъруфи Тоҷикистон дар Интернет гардонандагӣ мекард. Дар саҳифаи ӯ дар Ютуб мусиқӣ ва гуфтору наворҳои нодире аз даврони Шӯравии собиқ ҷой ёфтаанд. “Душмани №1-и тоҷик – вируси М”, яке аз сохтаҳои ӯ дар бораи дарди маҳалгароӣ дар Тоҷикистон аст.

Саидаҳмад Қаландаров, донишманди тоҷик, рӯзи 22-юми январ дар навиштае дар Фейсбук ӯро “зиндагардонандаи осори таърихӣ, фарҳангӣ ва адабию чеҳраҳои нотакрори наздик ба сад соли охири миллати тоҷик дар Интернет” номид.

“Ҳабиб Саид дар бораи устод Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Комил Ёрматов, Қорӣ Ниёзӣ, Мамлакат Наҳангова, Лоиқ Шералӣ видеороликҳои алоҳида сохтааст. Дар зиёда аз 100 видеоролики бахшида ба Аҳмад Зоҳир, ки ҳаҷми бархе аз онҳо зиёда аз як соат аст, то 490 акси ин ҳунарманди шодравон гирд омадааст,” – навишт Субҳони Аъзамзод, донишманди дигари тоҷик, дар Фейсбук.

Ҳабиб Саид зодаи шаҳри Душанбе ва хатмкардаи Донишгоҳи кишоварзист, аммо пешаҳои зиёдеро озмудааст. Кафшергар, челонгар, геолог, муҳандис, корманди нашрияи “Ҳафтганҷ” ва шореҳи сиёсии Радиои Тоҷикистон буд.

Ӯ соли 2019 дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки баъди кӯчиданаш ба Русия корро дар корхонаи равғанкашӣ низ таҷриба кард, вале сактаи қалбӣ шуду ба нафақа баромад ва ба кори эҷодӣ баргашт.

"Одамсуратон субҳидам пайдо мешаванд", маҷмӯаи достонҳои кӯтоҳ, новелла, мазҳака ва ҳикояҳои тахайюлии ӯ, соли 1992 дар Душанбе ба нашр расид. “Итолиёӣ, хола ва Золушка” китоби дигари ӯст, ки бо забони русӣ чоп шудааст.

Баъзе аз порчаҳои суҳбати Ҳабиб Саид аз соли 2019

Радиои Озодӣ: Ҳоло ҷомеа пеш рафта, мусиқиву ҳунар ҳам дигар шудааст. Мардум завқи дигар доранд. Шояд бипурсанд, ки бойгонии солҳои 50-ум ва 80-ум ба кӣ даркор?

Ҳабиб Саид: “Баъзеҳо мегӯянд, гузашта чӣ лозим? Аммо намешавад, ки гузаштаи худро фаромӯш кунем. Ҳоло сарояндагони зиёде дар жанри гуногун тарона мехонанд. Ёдатон бошад, сарояндаи тоҷикро дар як барномаи телевизионӣ дар Афғонистон эрод гирифтанд, ки хуб суҳбат карда наметавонад. Сарояндагоне, ки мо доштем, адабиёти классикиро хуб медонистанд, огоҳ ва донишманд буданд. Бояд бо корашон ошно бошем ва омӯзем. Бинанда ва шунавандаи ин мусиқиҳои қадимӣ кам нестанд. Ман ҳам бовар надоштам, ки барномаҳо бинанда пайдо мекунанд, вале насли ҷавон низ мешунаванд ва тарафдорӣ мекунанд."

Радиои Озодӣ: Таҷрибаи кор дар радиоро доред. Ба назари шумо, хатари нобудии мусиқиҳои нодир, навору суҳбатҳои солҳои Шуравӣ аз радиои тоҷик вуҷуд дорад?

Ҳабиб Саид: “Бале. Радиои Тоҷикистон тақрибан 11 ҳазор сабт дорад, ки бояд ҳамаашро аз лента ба MP3 гузаронем, ки нобуд нашаванд. Дар аксар кишварҳо сабтҳояшонро аз лента дар компютерҳо захира кардаанд, вале дар мо на ҳамаашро гузарондаанд. Лентаҳои кӯҳна низ нобуд мешаванд, касе истифода намекунад. Бисёриҳо онҳоро мепартоянд. Як дӯстам низ ба ман навишт, ки бо дастони худашон лентаҳои нодирро бурда нобуд кардаанд. Русҳо ин чизҳоро ҳифз мекунанд, эҳтиёткор ҳастанд, аммо мо инҳоро нест мекунем."

Радиои Озодӣ: Чанд сол пеш дар Тоҷикистон будед. Барои як ҳунарманд муҳити кору эҷоду зиндагӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна аст?

Ҳабиб Саид: “Ман фикр мекунам, ки Душанбе муҳити озоде барои зиндагӣ нест, муҳити эҷодӣ маҳдуд аст… Дар 30 соли охир мушоҳида накардам, ки шахсиятҳои қавии ҳунару фарҳанг дар Тоҷикистон ба миён омада бошанд. Албатта, 5 сол пеш ба Душанбе рафта будам ва муҳитро медонам. Ҳафтод дарсади хонандагони блог ва саҳфаам дар Ютуб аз Русия ҳастанд, дигар кишварҳо ва шумораи хело камашон аз Тоҷикистон."

Талаби 17 сол зиндон ба Рухшона Ҳакимова

Рухшона Ҳакимова бародарзодаи Шокирҷон Ҳакимов, муовини боздоштшудаи раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон аст
Рухшона Ҳакимова бародарзодаи Шокирҷон Ҳакимов, муовини боздоштшудаи раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон аст

Додситон ба рӯзноманигор Рухшона Ҳакимова 17 сол зиндон талаб кардааст.

Ҳакимоваи 31-сола, бародарзодаи Шокирҷон Ҳакимов, муовини боздоштшудаи раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, аст.

Мақомот ӯро дар доираи парвандаи маъруф ба "табаддулот" ба "хиёнат ба давлат" (моддаи 305-и Кодекси ҷиноӣ) гумонзад медонанд. Рухшона Ҳакимова ва вакили мудофеаш барои шарҳи масъала дастрас нестанд.

Талаби додситон нисбат ба Рухшона Ҳакимова рӯзи 8-уми январ дар мурофиаи паси дарҳои баста дар Боздоштгоҳ садо додааст. Радиои Озодӣ тасдиқи хабарро рӯзи 22-юми январ гирифт.

Як манбаи наздик ба тафтишот дар нимаи моҳи октябри соли 2024 парвандаи Рухшона Ҳакимоваро ба пурсише “дар мавриди нуфузи Чин дар Тоҷикистон” рабт дод. “Баъзе аз чеҳраҳои боздоштшуда, аз ҷумла Саидҷафар Усмонзода ва Шокирҷон Ҳакимов дар он пурсиш назар додаанд,” – афзуд ӯ.

Дар бораи назарпурсӣ ва суолҳояш манбаи мо изҳори бехабарӣ кард. Вай гуфта натавонист, ки ба ҷуз пурсиш дар мавриди нуфузи Чин қазияи Рухшона Ҳакимова ба парвандаи “талоши табаддулот” иртиботи дигаре дорад ё не.

Инчунин, ошкор нест, ки оё ин пурсиши афкор вокуниши тарафи Чинро ба миён овардааст ва чаро он бояд заминаи парвандаи ҷиноӣ бо иттиҳоми “хиёнат ба давлат” шуда бошад.

Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, ба далели кӯдаки ширхора доштан Рухшона Ҳакимова ба ҳабси пешакӣ гирифта нашудааст, вале шиносномааш мусодира шуда, ба шарти берун нарафтан аз маҳалли иқомат дар озодист.

Рухшона Ҳакимова хатмкардаи риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Ӯ дар Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, нашрияи “Ҷавонони Тоҷикистон” ва баъзе аз созмонҳои рӯзноманигорӣ кор кардааст. Соҳиби ду фарзанд.

Парвандаи маъруф ба “табаддулот” дар моҳи июни соли 2024 боз шуд. То кунун дар доираи он 8 кас боздошт гардида, муҳокимаашон дар ҳоли анҷомёбист.

"Талафоти ҷонӣ нест, чор кас маҷруҳ шуд." Тарма дар роҳи Душанбе-Чаноқ

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Чор мусофир дар роҳи Душанбе-Хуҷанд дар зери тарма ё баҳман монда, осеб дидаанд.

Ҳодиса рӯзи 22-юми январ рух дод.

Намояндагони IRS, масъули нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар ин роҳ, гуфтанд, баландии тарма чор ва паҳнияш зиёда аз 40 метр буд.

Ба иттилои манбаъ, кормандони IRS ва маъмурони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ронандаи "Мерседес" ва мусофиронро аз зери тарма берун оварданд.

"Хушбахтона, талафоти ҷонӣ нест. Чор мусофир, ки ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд, ба беморхона интиқол дода шуданд. Ҳоло роҳ боз ва ҳаракати тамоми намуди нақлиёт таъмин аст," – хабар дод манбаъ.

Ҳар сол дар фасли зимистону баҳор фаромадани тармаву сангпора дар роҳи Душанбе-Хуҷанд сабт шуда, борҳо боис ба талафоту бастани роҳ гаштааст.

Ҳукумат масъулияти нигоҳубини роҳи пулакиро аз соли 2009 ба ширкати IRS додааст. Соҳиби ширкат маълум нест.

Раҳоии ду амрикоӣ дар ивази озодии як намояндаи "Толибон"

Райан Корбетт бо пайвандонаш. Соли 2022
Райан Корбетт бо пайвандонаш. Соли 2022

Мақомоти Иёлоти Муттаҳида ва баъзе аз расонаҳо раҳоии ду амрикоии зиндониро дар Афғонистон тасдиқ карданд.

Бино ба гузоришҳо, озодии ин афрод дар ивази раҳоии Хон Муҳаммад, як намояндаи "Толибон", аз зиндоне дар Калифорния имконпазир шудааст.

Хон Муҳаммад соли 2008 бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ва терроризм дар Амрико ба ҳабси абад маҳкум шуда буд.

Раҳбарони "Толибон" рӯзи 21-уми январ озодии Хон Муҳаммадро "натиҷаи музокироти тӯлонӣ ва муассир" миёни Афғонистон ва Иёлоти Муттаҳида хонданд.

Онҳо шахсияти ду амрикоии озодшударо нагуфтанд. Телевизиони CNN ва хабаргузории AP аз онҳо Райан Корбетт ва Вилям МакКентӣ ном бурданд.

Як узви маъмурияти президент Доналд Трамп ба расонаҳо гуфт, созиш бо миёнравии тими Ҷо Байден рӯзи 20-уми январ ва пеш аз тарки мақомаш сурат гирифтааст.

Дар бораи Ҷорҷ Глезман ва Маҳмуд Ҳабибӣ, ду шаҳрванди дигари Амрико, ки аз соли 2022 ба ин сӯ дар зиндони Афғонистон ҳастанд, чизе гуфта нашудааст.

Иёлоти Муттаҳида ҳукумати "Толибон"-ро, ки тобистони соли 2021 Афғонистонро тасарруф кард, эътироф намекунад.

Трамп гуфт, агар Путин розӣ нашавад, таҳрим ҷорӣ мекунад

Доналд Трамп. Акс аз бойгонӣ
Доналд Трамп. Акс аз бойгонӣ

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ҳушдор дод, ки агар Владимир Путин, президенти Русия, бо Украина ба созиши сулҳ нарасад, алайҳи Маскав таҳримҳои изофӣ ҷорӣ хоҳад кард.

Изҳороти Трамп рӯзи 21-уми январ дар ҷараёни суханронияш дар Кохи Сафед ва дар посух ба суоли хабарнигор садо дод.

Ӯ ҳамзамон аз раисҷумҳури Чин, Сӣ Ҷинпин, хост, ки дар хатми ҷанг дар Украина ҳамкорӣ кунад.

“Мо бо президенти Украина Владимир Зеленский суҳбат мекунем ва ба зудӣ бо президент Путин ҳам гуфтугӯ хоҳем кард,” -- гуфт Доналд Трамп, аммо ҷузъиёт надод.

Трамп ҳамчунин изҳор дошт, ки тими ӯ масъалаи фиристодани силоҳи бештарро ба Украина баррасӣ мекунад.

Вай дар ҷараёни маъракаҳои интихоботии худ ҳукумати қаблии Амрикоро барои ёрии зиёд ба Украина танқид карда буд.

Зеленский ба "хатми одилона"-и ҷанг дар кишвараш умедвор аст

Владимир Зеленский
Владимир Зеленский

Раисҷумҳури Украина мегӯяд, умедвор аст, ки президенти нави Амрико ба ҷанги Русия алайҳи кишвараш ба таври одилона хотима медиҳад.

Владимир Зеленский дар ин бора рӯзи 21-уми январ дар Давоси Швейтсария суҳбат кард. Дар онҷо Анҷумани ҷаҳонии иқтисодӣ ҷараён дорад.

Ба қавли Зеленский, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ба ӯ гуфтааст, имсол барои поён додан ба ҷанг аз тамоми василаҳо истифода хоҳад кард.

Вай афзуд, Украина низ мехоҳад, ин ҷанг дар соли ҷорӣ поён ёбад, вале на танҳо ба зудӣ, балки ба таври одилона низ.

Доналд Трамп рӯзи 20-уми январ савганд ёд кард ва расман раисҷумҳури Амрико шуд. Ӯ қаблан гуфта буд, ки ба ҷанги идомадори Русия дар Украина поён хоҳад дод.

Тоҷикистон ба Литва коргар мефиристад

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон шаҳрвандонро барои кор дар Литва даъват кардааст.

Ба иттилои ин ниҳод, Литва барои кор ба 60 корманд, аз ҷумла, кафшергар, устои барқ ва ронандаи мошини борбар, ниёз дорад. Барои соҳибони чунин касбҳо маоши аз 1500-1900 евро боло пешниҳод шудааст.

Ҳамчунин, аз ҷониби кортаъминкунанда иҷозатномаи иқомат барои ду сол ва манзили зист дода мешавад. Аз довталабон донистани забони русӣ, надоштани доғи судӣ, таҷрибаи кории яксола ва доштани диплом ё сертификат дар ин соҳа ва ҳуҷҷати ронандагӣ, талаб карда мешавад. Ба ин корҳо шаҳрвандони аз 20 то 40-сола даъват шудаанд.

Бино ба маълумоти Департаменти муҳоҷирати Литва, шаҳрвандони зиёди Тоҷикистон дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд

Мақомоти Тоҷикистон талош доранд ба ҷуз Русия, роҳи муҳоҷирони корӣ ба дигар кишварҳо боз шавад. Аз ҷумла, шаҳрвандони Тоҷикистон дар солҳои ахир барои кор ба Британияи Кабир фиристода мешаванд. Вале шумораи онҳо хеле кам аст.

Тоҷикистон ба Ғазза кӯмаки башардӯстона фиристод

Тоҷикистон ба мардуми Ғазза дар Фаластин, 200 тонна орд кӯмак кардааст.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ин кӯмак дар доираи ташаббуси башардӯстонаи чанд кишвари узви Созмони исломии амнияти озуқаворӣ барои бартарафсозии мушкилоти шадиди норасоии ғизо дар Ғаззаи ҷангзада, фиристода шудааст.

Вазорат мегӯяд, ин иқдом аз сӯйи кишварҳои узви Созмони исломии амнияти озуқаворӣ дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти хайриявии Урдун амалӣ карда шуда, ба он Қазоқистон, Озарбойҷон ва Бангладеш низ ҳамроҳанд.

Интизор меравад, ки корвони кӯмаки башардӯстона давоми 2 рӯз ба гузаргоҳи сарҳадии Карам Абу Салем бирасад. Ин кӯмакҳо дар ҳамоҳангӣ бо Барномаи ҷаҳонии озуқа ва дигар ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид, ба ниёзмандон расонида мешаванд.

Созмони исломии амнияти озуқаворӣ дар оғози соли 2024 барои мубориза бо хатари гуруснагӣ дар навори Ғазза бо интишори як даъвати изтирорӣ барномаи “Орд барои башарият”-ро роҳандозӣ карда буд.

Ифшои фарқи даромад ва пулҳои фиристодаи муҳоҷирон дар Қазоқистон

Баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳадафи кору даромад ба Қазоқистон мераванд
Баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳадафи кору даромад ба Қазоқистон мераванд

Як тафтиш дар Қазоқистон фарқ ё тафовути даромади муҳоҷирони корӣ аз се кишвари Осиёи Марказӣ ва пули фиристодаи онҳоро ба ватанашон ошкор кардааст.

Палатаи олии аудитории Қазоқистон рӯзи 21-уми январ гуфт: “шаҳрвандони се кишвари Осиёи Марказӣ дар се соли гузашта наздик ба 260 миллион доллар кор карда, ба ватанашон наздик ба 2 миллиард доллар пул фиристодаанд.”

Дар изҳорот номи кишвари мушаххасе оварда нашудааст.

Мақомоти Қазоқистон таъкид кардаанд, ки фарқи калон миёни даромади расмӣ ва пулҳои интиқолии муҳоҷирон баёнгари “бисёр ҷиддӣ будани сатҳи иқтисоди пинҳонӣ ё соягӣ” дар Қазоқистон аст.

Қазоқистон баъд аз Русия кишвари дувуми муҳоҷирпазир аз Осиёи Марказист.

Баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳадафи кору даромад ба он ҷо мераванд.

"Буҳрони сиёсӣ ва башарӣ". Нома ба Трамп дар бораи Тоҷикистон

Доналд Трамп. Вашингтон, 20-уми январи 2025
Доналд Трамп. Вашингтон, 20-уми январи 2025

Як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар номае ба Доналд Трамп, президенти нави Амрико, аз "шиддат гирифтани буҳрони сиёсӣ ва башарӣ" дар кишвар шикоят кардааст.

Шарофиддин Гадоев, раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, қароргоҳаш дар Ҳолланд, рӯзи 20-уми январ гуфт, "режими Эмомалӣ Раҳмон пайваста озодиҳои шаҳрвандиро саркӯб, намояндагони мухолифин, расонаҳои мустақил ва ҳомиёни ҳуқуқро таъқиб мекунад."

Гадоев дар номааш аз маъмурияти Трамп хостааст, аз озодии фаврӣ ва бе қайду шарти маҳбусони сиёсӣ, қатъи таъқибу фишор ба фаъолон ва ташкили интихоботи озоду шаффоф дар Тоҷикистон пуштибонӣ кунад.

Шарофиддин Гадоев
Шарофиддин Гадоев

“Мо омодаем бо маъмурияти шумо барои пешбурди ислоҳоти демократӣ, ҳимояи ҳуқуқи инсон ва таҳкими волоияти қонун дар Тоҷикистон ҳамкорӣ кунем," – афзудааст Шарофиддин Гадоев.

Доналд Трамп, намояндаи Ҳизби Ҷумҳурихоҳ, дар интихоботи моҳи ноябри соли 2024 дар Амрико пирӯз шуд. Вай рӯзи 20-уми январ савганд ёд кард ва баъд аз чаҳор сол “танаффус” ба Кохи Сафед баргашт.

Тоҷикистон ва Амрико додугирифти зиёд надоранд, аммо Вашингтон пайваста ба бахши пизишкиву марзбонӣ ёрӣ мерасонад.

Ҳамзамон Иёлоти Муттаҳида аз маҳдудиятҳои озодии баёну виҷдон ва саркӯби дигарандешон дар Тоҷикистон интиқод мекунад ва онро ба қатори “кишварҳои мавриди нигаронии хос” ворид кардааст. Чизе, ки ҷониби Тоҷикистон бо он розӣ нест ва беасос медонад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар моҳи нобяри 2024 Доналд Трампро ба пирӯзияш дар интихобот табрик карда буд.

Фармоне, ки монеи парвози 1600 муҳоҷири афғон ба Амрико хоҳад шуд

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як фармони раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп, қарор аст, сабаби бекор шудани парвози 1600 муҳоҷири афғон ба Иёлоти Муттаҳида гардад.

Дар ин бора бахши афғонистонии Радиои Озодӣ рӯзи 21-уми январ гузориш дод.

Трамп рӯзи 20-уми январ, пас аз маросими савгандёдкунӣ, барномаи муҳоҷират ба Амрикоро боздошт. Ин фармон аз 27-уми январ ба иҷро медарояд.

Хабаргузории "Рейтерс" навишт, ки ин афрод аз сарбозон, кӯдакони танҳо ва кормандони пешини ҳукумати Афғонистон иборат буда, мунтазири интиқол ба Иёлоти Муттаҳида ҳастанд.

Кохи Сафед ва Департаменти давлатии Амрико то ҳол дар ин бора изҳори назар накардаанд.

Ба гузориши расонаҳои амрикоӣ, баъди ба қудрат расидани "Толибон", маъмурияти раисҷумҳури пешини Амрико Ҷо Байден ҳудуди 200 ҳазор афғонистониро ба ИМА бурдааст.

Як вазир ва раисони чанд идораро дар Тоҷикистон дигар карданд

Акс аз 21-уми январи 2025
Акс аз 21-уми январи 2025

Дар баъзе аз ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон рӯзи 21-уми январ тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Солеҳа Холмаҳмадзодаи 48-сола рӯзи 21-уми январ вазири кору муҳоҷират таъйин шуд. Ӯ дар ин мансаб Гулнора Ҳасанзодаро иваз кард. Бино ба фармони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, Ҳасанзода бознишаста (нафақахӯр) шудааст. Солеҳа Холмаҳмадзода аз соли 2020 намояндаи порлумон буд. Қаблан дар мақоми муовини раиси шаҳри Турсунзода кор кардааст.

Нуриддин Саид
Нуриддин Саид

Коргардон Носир Саидзода, ки то ин дам мудири телевизиони “Сафина” буд, ба ҷойи Нуриддин Саид раиси Кумитаи телевизион ва радио шуд. Нуриддин Саид ба нафақа баромад. Вай пештар вазири маориф ва илми Тоҷикистон буд ва бештар дар робита ба сару либоси ягона ва тарафдориаш аз ширкати донишҷӯён дар "маршировка" хабарсоз буд.

Муродалӣ Раҷабзода муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва ҳамзамон фармондеҳи нерӯҳои марзбонӣ таъйин шудааст. Ӯ дар ин мақом Раҷабалӣ Раҳмоналиро иваз кард.

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо қарори ҳукумат ба ҷойи Рустам Назарзода раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шуд. Назарзода бознишаста шуд. Ӯ қаблан дар Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир кор кардааст.

Ҷумъа Давлатов
Ҷумъа Давлатов

Дар ин рӯз Ҷумъа Давлатов бо сабаби "гузаштан ба кори дигар" аз мақоми раиси Оҷонси хидмати давлатӣ барканор шуд. Ба ҷойи ӯ Илёс Идрисзода омад. Ҷумъа Давлатов дар гузашта бо чанд изҳороташ, аз ҷумла дар бораи эъломияи даромади мансабдорон, дар сархати хабарҳо қарор гирифт. Ӯ дар соли 2019 гуфта буд, ки эъломияи дороии мансабдорон нашр намешавад, чун "ҷомеа ба қабули он омода нест".

Насрулло Маҳмудзода аз мақоми дабири Шӯрои амният озод карда шудааст. Дар фармон сабаби тасмимро "гузаштан ба кори дигар" гуфта, аммо шарҳ надодаанд. Чанде пеш номзадии ӯ барои ширкат дар интихоботи порлумонӣ аз ҳавзаи якмандатии Конибодом пешниҳод шуда буд.

Дар ин рӯз Абдураҳмон Ҳалимзода мудири Оҷонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Аҳтам Абдуллозода сардори Хадамоти иҷро, Сахидод Раҳматуллозода раиси Кумитаи забон ва ислоҳот ва Лутфия Шарифзода сардори Саридораи бойгон таъйин шудаанд.

Аз оғози моҳи январ дар баъзе аз идораҳои давлатӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ҷараён дорад.

Бахтиёр Сафаров, сардори ширкати "Central Asia Consulting” дар Вашингтон, дар суҳбати пешинааш бо Радиои Озодӣ гуфта буд, "таъйиноти кадрие, ки солҳои дароз дар ҳукумати Тоҷикистон мушоҳида мекунем, бештар монанди намоишҳои театрӣ ҳастанд, на ислоҳоти воқеӣ."

Бозхонди Шоҳиён. Пешниҳоди номзадии Рустам Мирзозода

Рустам Мирзозода
Рустам Мирзозода

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз порлумон хостааст, ки Шермуҳаммади Шоҳиёнро аз мансаби раиси Додгоҳи олӣ бигирад.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21-уми январ ба ҷойи ӯ номзадии Рустам Мирзозодаро пешниҳод кард.

Ҳарду пешниҳодро бояд порлумон тасдиқу ниҳоӣ кунад.

Рустам Мирзозода 50-сола аст ва аз соли 2022 то ин дам раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ буд.

Дар гузашта дар мансаби раиси Додгоҳи вилояти Хатлон кор кардааст.

Шермуҳаммади Шоҳиён
Шермуҳаммади Шоҳиён

Шермуҳаммади Шоҳиён 63-сола аст ва аз соли 2015 раёсати Додгоҳи олиро бар дӯш дошт. Ҳоло тибқи рӯйхати ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ номзад ба вакили порлумон шудааст. Интихобот моҳи март баргузор мешавад.

Дар гузашта дар мақоми муовини вазири адлия, мушовири давлатии президент ва раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон кор кардааст. Аз моҳи феврали соли 2011 то соли 2015 раиси Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон буд.

Шоҳиён дар интихоботи соли 2010 низ вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуда, як сол дар мақоми раиси Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти порлумон кор кардааст.

Бастрикин хост, тақдими хона ба як оилаи тоҷикро таҳқиқ кунанд

Александр Бастрикин
Александр Бастрикин

Ба дунболи эътирози чанд сиёсатмадор ва гурӯҳҳои миллатгаро, раиси Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрикин амр додааст, ки қазияи тақдими хона ба як оилаи серфарзанди тоҷик дар шаҳри Митишӣ санҷида шавад.

Мақомоти Митишӣ чанде пеш ба як оилаи тоҷики дорои шаҳрвандии Русия санади манзил доданд. Ин хабар корбарони рус ва аъзои Думаи давлатиро ба ғазаб овард.

Александр Бастрикин рӯзи 20-уми январ талаб кардааст, ки қонунӣ будани тартиби тақсими хона дар вилояти Маскав таҳқиқ шавад.

Мақомоти Митишӣ гуфтаанд, санади хонаро ба ҳамсарони тоҷик – Таҳмина Самадова ва Рамазон Раҳимов – дар доираи барномаи давлатии дастгирии оилаҳои серфарзанд доданд. Ба гуфтаи онҳо, оила соҳиби ҳафт фарзанд буда, дар хонаи якҳуҷраӣ зиндагӣ дорад.

Тақдими манзил ба оилаи серфарзанди тоҷик миллатгароҳои русро ба ғазаб овард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

Ин тасмим дар шабакаҳои иҷтимоии Русия баҳси зиёдеро ба по кард ва корбарон мансабдорони Митишӣ ва оилаи тоҷикро таҳқир карданд. Чанде аз вакилони рус ҳам ба мавзуъ таваҷҷӯҳ карда, хоҳони таҳқиқи қазия шуданд. Ҳатто пешниҳод шуд, ки ин хонавода аз Русия ронда шавад.

Баъзе аз саҳифаҳо дар Телеграм бо нашри акси сарвари оила, Рамазон Раҳимов, аз маросими ҳаҷ ниёзманд будани ин оиларо зери суол гузоштааст.

Таҳмина Самадова ва Рамазон Раҳимов 14 сол пеш шаҳрванди Русия шудаанд.

Дар вокуниш ба ҳамлаҳои густарда ба оилаи тоҷик, шаҳрдории Митишӣ аз ин хонавода ситоиш карда, гуфтааст, ду узви он дар ҷанги Украина ширкат кардаанд ва худи Таҳмина Самадова ҳам дар ҳаёти иҷтимоии шаҳр фаъол аст.

Мавқеи худи ҳамсарон дар робита ба ин ҳама сару садо маълум нест.

Пирӯзии футболбозони навраси тоҷик дар Туркия

Дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар бозии сеюми санҷишӣ бар ҳамсолони худ аз тими «Лехия Зелена Гура»-и Полша ё Лаҳистон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.

Бозии дӯстона миёни футболбозони навраси тоҷику лаҳистонӣ 20-уми январ дар шаҳри Анталияи Туркия доир гардид. Голҳоро Садриддин Сатторов ва Абдулло Иброҳимзода заданд.

Бозии сеюми санҷишии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17), ки мебоист рӯзи 21-уми январ бо ҳамсолонашон аз Кувайт баргузор шавад, лағв гардид. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, оғози ҷамъомади таълимию тамринии тими мунтахаби наврасони Кувайт (U-17) дар Туркия ба охири моҳи январ гузаронида шуд. Бинобар ин, футболбозони навраси тоҷик дар бозии сеюми дӯстона бо тими лаҳистонии «Лехия Зелена Гура» рақобат карданд.

Дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 дар аввалин бозии санҷишӣ дар Анталия 15-уми январ бар тими мунтахаби ҷавонони «Манавгат Беледиеспор»-и Туркия (U-19) бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда буд.

Аммо футболбозони навраси тоҷик 18-уми январ дар бозии дуюми санҷишӣ аз тими «Спартак»-и Суботитса, ки намояндаи Суперлигаи Сербия мебошад, бо ҳисоби 1:5 шикаст хӯрданд.

Ҳамакнун бозии чаҳоруми санҷишии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Анталия рӯзи панҷшанбеи 23-юми январ бо дастаи Академияи «Краснодар»-и Русия (U-17) дар назар аст.

Сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Марко Раҷини, мутахассиси итолиёӣ, ба ҷамъомади таълимию тамринӣ дар Туркия 26 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 12 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват кардааст.

Қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 аз 3-юм то 20-уми апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор хоҳад шуд. Рақибони дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳ 23-юми январ тавассути қуръакашии маълум мешаванд.

Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар ҷамъомади таълимию тамринӣ дар Анталияи Туркия:

Дарвозабонҳо: Абубакр Раҳмонқулов («Сарҳадчӣ»), Муҳаммадраҳим Раҳмонов (МҶМОВ), Анушервон Қурбонзода («Душанбе»);

Ҳимоятгарон: Мустфао Ҳасанбеков, Аҳмадҷон Шоев, Самиаллоҳ Давлатов, Мубориз Мискиншоев (ҳама аз «Истиқлол»), Садриддин Сатторов, Меҳроҷиддин Розиқов, Абдусамад Меликмуродов (ҳама аз «Душанбе»);

Нимҳимоятгарон: Умед Ҷафоев (ССКА, Русия), Идрис Давлатзода («Ленинградетс», Русия), Парвиз Бобоназаров, Рамазон Бахталиев, Меҳрубон Одилзода (ҳама аз «Истиқлол»), Ҳайдаршо Худойдодов, Зариф Зарифзода, Баҳодур Назарзода, Абдулло Иброҳимзода, Фурқон Раҳимзода, Тоҳирҷон Аҳлиддин (ҳама аз «Душанбе»), Давид Мақсудов («Моҳир»);

Ҳамлагарон: Муҳаммад Назриев, Фирӯзҷон Шарипов (ҳарду аз «Истиқлол»), Назрулло Ашурализода («Душанбе»), Муҳаммадҷон Мираҳмадов («Равшан»).

Сармураббӣ – Марко Раҷини (Сан-Марино).

Бозиҳои санҷишӣ дар Анталияи Туркия:

15-уми январ (чоршанбе)

Мунтахаби Тоҷикистон (U-17) - «Манавгат Беледиеспор» (Туркия U-19) – 1:0

18-уми январ (шанбе)

Мунтахаби Тоҷикистон (U-17) - «Спартак» (Суботитса, Сербия) – 1:5

20-уми январ (душанбе)

Мунтахаби Тоҷикистон (U-17) – «Лехия Зелена-Гура» (Полша U-17) – 2:0

23-юми январ (панҷшанбе)

Мунтахаби Тоҷикистон (U-17) - Академияи «Краснодар» (Русия U-17)

Талаби нави Арабистони Саудӣ аз мусофирон

Арабистони Саудӣ аз якуми феврали имсол аз ҳамаи мусофирон, аз ҷумла, зоироне, ки ба ин кишвар мераванд, гувоҳномаи эмгузаронӣ бар зидди менингит талаб мекунад.

Бемории менингит ё илтиҳоби пардаҳои мағзи сар ва ҳароммағз аз як шахс ба шахси дигар мегузарад.

Вазорати тандурустии Арабистони Саудӣ хабар додааст, ки ин талабот ба ҳамаи мусофирони аз 2-сола боло, аз ҷумла ба зоироне, ки барои адои Ҳаҷҷи фарзӣ ва Умра ба Арабистони Саудӣ мераванд, дахл дорад.

Гуфта мешавад, аз ин ба баъд мусофирон бояд ваксинаи чорҷузъии “Neisseria” гиранд ва гувоҳномаи эмгузарониро то 10 рӯз пеш аз сафар ба даст оваранд.

Мақомот гуфтаанд, ин чораҳо барои таъмини саломатӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятист.

Ҳар сол ҳазорон кас аз Тоҷикистон барои адои Ҳаҷҷи фарзӣ ва Умра ба Арабистони Саудӣ мераванд.

Путин дар Шӯрои Амнияти кишвараш Трампро табрик кард

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Раисҷумҳури Русия рӯзи 20-уми январ дар нишасти Шӯрои Амнияти кишвараш Доналд Трампро бо оғози даври дувуми кораш дар мақоми президенти Амрико табрик гуфт.

Владимир Путин дар ин суҳбаташ омодагии Маскавро ба гуфтушунид бо маъмурияти нави Амрико дар бораи ҳалли ҷанг дар Украина таъкид кард.

"Мо майли раисҷумҳури тозаинтихоби Амрико ва аъзои тими ӯро дар бораи барқарор кардани равобити мустақим бо Русия мебинем. Ин равобит на бо айби мо, балки айби маъмурияти пешини Амрико қатъ шудааст," --афзуд ӯ.

Ба гузориши CNN, Доналд Трамп ба ёваронаш дастур додааст, ки дар рӯзҳои наздик як гуфтугӯйи телефониро бо Владимир Путин ташкил кунанд.

Ба иттилои манобеъ, ҳадафи суҳбат, аз ҷумла дарёфти роҳҳои хатми ҷанги Русия дар Украина хоҳад буд.

Ирсоли ёриҳои башардӯстона ба Ғазза дар рӯзи дувуми оташбас

Ғазза, 20-уми январи 2025
Ғазза, 20-уми январи 2025

Рӯзи 20-уми январ, дар рӯзи дувуми оташбас миёни Исроил ва гурӯҳи тундрави "Ҳамос"*, беш аз 200 мошини ҳомили кумакҳои башардӯстона аз Миср ба Ғазза фиристода шуд.

Як масъули Ҳилоли Аҳмари Миср гуфт, даҳ мошини борбар сӯзишворӣ мекашонанд.

Ба гуфтаи Том Флетчер, масъули умури башардӯстонаи Созмони Милал, рӯзи 19-уми январ ба Ғазза зиёда аз 630 мошини кумакҳои башардӯстона ворид шуд.

Оташбас дар Навори Ғазза барои 42 рӯз эълон шудааст.

Қарор аст, ду тарафи муноқиша ва кишварҳои миёнарав барои оташбаси доимӣ гуфтугӯҳоро идома диҳанд.

*Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи "Ҳамос"-ро созмони террористӣ медонанд.

CNN: Трамп мехоҳад баъди савгандёкунӣ бо Путин гап занад

Доналд Трамп
Доналд Трамп

Доналд Трамп, раисҷумҳури мунтахаби Амрико, ба ёваронаш дастур додааст, ки дар рӯзҳои оянда суҳбати телефонии ӯро бо президенти Русия Владимир Путин ташкил кунанд.

Трамп 20-уми январ дар мақоми раисҷумҳури 47-уми Амрико савганд ёд мекунад.

Дар ин бора телевизиони CNN бо такя ба манобеаш хабар дод.

Ба гуфтаи манбаъҳои CNN, яке аз ҳадафҳои ин гуфтугӯ "баррасии мулоқот дар моҳҳои наздик барои талоши поён додан ба ҷанг дар Украина" будааст.

Доналд Трамп рӯзи 13-уми январ дар мусоҳибае бо Newsmax гуфта буд, ки Путин омодааст, пас аз маросими савгандёдкунӣ билофосила бо ӯ мулоқот кунад.

"Медонам, ки ӯ мехоҳад мулоқот кунад ва ман ба зудӣ бо ӯ мулоқот хоҳам кард," – афзуд Трамп,

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG