Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати беш аз 550 зоир дар ҳаҷҷи имсол


Дар маросими ҳаҷҷи фарзии имсола дар шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ беш аз 550 кас ҷон бохтааст.

Сабаби марги бештари онҳо гармии беш аз 50-дараҷаӣ гуфта шудааст. Бино ба хабарҳо, зоирон дар маконҳои муқаддас ва навбатпоӣ зери офтоб мондаанд.

Без аз 300 каси ҷонбохтаҳо мисриянд. Дар миёни онҳо шаҳрвандони Тунис, Урдун, Эрон, Сенегал, Индонезия ва кишварҳои дигар ҳам ҳастанд. Ҳудуди 2700 зоир ба беморхона интиқол дода шудааст.

Вазорати тандурустии Арабистони Саудӣ ба зоирон тавсия додааст, ки дар рӯзҳои мавсими ҳаҷ зери офтоб наистанд ва бештар об нӯшанд. Аммо зоирон ҳангоми тавофи хонаи Каъба ва баромадан ба куҳи Арафот маҷбур ҳастанд, ки зери офтоб бошанд.

Имсол беш аз 1,8 миллион мусулмон аз гӯшаҳои ҷаҳон барои адои маросими ҳаҷҷи фарзӣ вориди Арабистони Саудӣ шудаанд.

Маросими имсолаи ҳаҷ рӯзи 14-уми июн оғоз шуд. Тақрибан 7 ҳазор нафар аз Тоҷикистон барои адои ҳаҷҷи фарзӣ иҷозат доранд.

XS
SM
MD
LG