Мақомоти додситонии вилояти Суғд гуфтанд, ки шаҳрванди Тоҷикистон Абдушукур Ҳакимов аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шудааст.
Ҳакимови 30-сола, ки ба гуфтаи худаш, соли 2006 Тоҷикистонро тарк карда, солҳои охир дар Маскав зиндагӣ мекард, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз таъқибу фишори сохторҳои интизомии Тоҷикистон шикоят карда буд.
Шавҳари ман субҳ ба кор рафт ва соати 6-и бегоҳ ман аз рақами кӯҳнаи ӯ СМС гирифтам, ки ӯро рабудаанд. Маълум буд, ки СМС саросемавор навишта шудааст, зеро пур аз хато буд
Дар як изҳороти ҳамсари Ҳакимов ва ҳам чанд раҳбари созмонҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Маскав гуфта шуд, ки Ҳакимов "аз ҷониби сохторҳои махсуси Тоҷикистон рабуда ва ба Тоҷикистон бурда шудааст ва дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд нигаҳдорӣ мешавад".
Таваккал Файзуллозода, як масъули Додситонии Суғд рӯзи 20-уми июл дар ҳошияи нишасти хабарии ин ниҳод ба Радиои Озодӣ гуфт, нисбат ба Абдушукур Ҳакимов се сол пеш дар пайванд ба иртиботи ӯ ба созмони мамнӯи Ҳаракати исломии Узбакистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда буд.
Ба маълумоти додситонӣ, Абдушукур Ҳакимови 30-сола шаби 12 ба 13-уми июл ба Хуҷанд оварда шудааст ва ҳоло дар Боздоштгоҳи муваққатии Суғд (СИЗО-и рақами 2) нигаҳдорӣ мешавад. Таҳқиқи пешакии парвандаи ӯро мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ пеш мебаранд ва ҳоло маълум нест, ки нисбат ба ӯ чӣ гуна иттиҳом пешниҳод шудааст.
"Шавҳарамро дар Маскав рабуда ба Тоҷикистон истирдод карданд"
Ғайб задани Абдушукур Ҳакимовро дар рӯзи 12-уми июл пайвандони ӯ ба думболи дастрас кардани паёме аз телефони ҳамроҳи ӯ дар бораи рабуда шуданаш аз сӯи афроди номаълум ба қасди истирдодаш ба Тоҷикистон, расонаӣ карданд. Пайвандони ин ҷавон тахмин мекунанд, ки ӯро кормандони хадамоти махсуси Тоҷикистон аз пойтахти Русия рабуданд.
Замони боздошти асрорангез ва истирдодаш ба Тоҷикистон, Абдушукур Ҳакимов дар як маркази дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар Маскав фаъолият мекард. Ҳоҷирхон Маҳдихонова, ҳамсари Абдушукур Ҳакимов гуфт, "шавҳари ман субҳ ба кор рафт ва соати 6-и бегоҳ ман аз рақами кӯҳнаи ӯ СМС гирифтам, ки ӯро рабудаанд. Маълум буд, ки СМС саросемавор навишта шудааст, зеро пур аз хато буд."
Ба қавли ҳамсари Ҳакимов, аз чанд калимаи паёмак аз мобили шавҳараш дарк кард, ки одамрабоён ӯро ба фурудгоҳ бурдаанд. Хоҳари Абдушукур ба кӯмакаш ба фурудгоҳи Домодедово шитофт. Аммо Абдушукур Ҳакимов аллакай дар фурудгоҳ марзро убур карда буд.
Мавлуда Хакимова, хоҳири Абдушукур Ҳакимов мегӯяд, "ман дарҳол бо таксӣ ба Домодедово рафтам. Ва бо ариза ба пулис муроҷиат кардам. Онҳо гуфтанд, ӯ дар ин ҷо аст, ташвиш набошед. Дар аввал онҳо маро ба масхара кашиданд ва пурсиданд, ки кӣ ӯро рабуд? Магар ман рабудам?"
Рабоиши шаҳрвандони Узбекистону Тоҷикистон зиёд рух додааст
Абдушукур Ҳакимов, аз ин пештар ҳамроҳи ҳамсар ва се фарзандаш дар Мисру Туркия мезист ва тиҷорат ҳам дошт. Аммо баъд ба Маскав рафт. Ба нақли пайвандон, кормандони ҳифзи ҳуқуқ пайваста ба ӯ занг зада ва талаб менамуданд, ки ба ватан баргардад. Сабабро барояш шарҳ намедоданд ва ӯро барои дар он кишварҳо буданаш таъна мекарданд.
Ҳуқуқшиносон мегӯянд, рабудани инсон аз сӯи ҳар ниҳоде, ки набошад, ғайриқонунӣ аст. Бидуни эълони ҳеҷ айб ва ҳукми додгоҳ нафареро аз ҳудуди Русия бидуни ризояти вай берун баровардан нақзи рӯирости қонун аст.
Светлана Ганнушкина, раҳбари кумитаи “Мусоидати шаҳрвандӣ” дар Маскав мегӯяд, "рабудани шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, ба вижа Узбекистон ва Тоҷикистон хеле зиёд аст. Шахсан ман солҳои ахир 20 чунин ҳолатро медонам."
Искандаров, Ҷӯраев...
Мақомоти тоҷик ҳеҷ гоҳ иттиҳоми созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон оиди “аз роҳи ғайриқонунӣ” ва ё “пинҳонӣ дуздида шуда ба Тоҷикистон интиқол ёфтани” гумонбаронро эътироф намекунанд. Ингуна иттиҳомот солҳои гузашта дар робита бо қазияҳои Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Низомхон Ҷӯраев, Мақсуд Иброҳимов ва бархе аъзои созмони дар Тоҷикистон мамнӯи “Гурӯҳи 24” садо додааст.
Вале дар як изҳороташ вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, ки моҳи сентябри соли 2016 дар нишасти «Ҷангҷӯёни террористии хориҷӣ: таҳдидҳо ва масъулиятҳо» садо дод, гуфт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз оғози соли 2015 - 152 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба терроризму ифротгароӣ муттаҳам дониста мешуданд, ба Тоҷикистон баргардонидаанд ва 75 нафари онҳо ихтиёран худро таслим кардаанд. Дар миёни онҳо аксарият аъзои ДИИШ мебошанд.
Вазир гуфта буд, ин шахсон аз Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркия ва Сурия ба ватан баргашта, бархе аз онҳо аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод карда шудаанд. Азбаски аксари ин парвандаҳо пушти дари бастаи додгоҳ баррасӣ мешаванд, фаҳмидани ҷузъиёт ва воқеияти ҳоли ин қазияҳо барои матбуот номумкин мешавад.