Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тадобири шадиди амниятӣ дар мавсими имсолаи Ҳаҷҷ (АКС)


Тақрибан 1 миллиону 500 ҳазор нафар аз мусулмонони ҷаҳон зери тадобири шадиди амниятӣ, ба адои маросими Ҳаҷҷ оғоз карданд. Дар мавсими имсолаи Ҳаҷҷ беш аз шаш ҳазор зоирон аз Тоҷикистон, низ ҳузур доранд.

Баъд аз зӯҳри шанбеи 10 сентябр мавҷи зоирони сафедпӯш аз Макка ба водии Мино ҳаракат карданд, ки дар 5-километрии ин шаҳр воқеъ мебошад. Вуқуф ваё истодан дар Арафот, яке аз муҳимтарин рукнҳои Ҳаҷҷ ба шумор меравад ва зоирон шабро дар Мино сипарӣ карданд ва рӯзона ба мавзеи Арафот мераванд.

Мақомоти амниятии Арабистони Саудӣ, тадобири амниятиро барои роҳ надодан ба бебандуборӣ, ки соли гузашта садҳо нафарро кушт, тақвият бахшидаанд. Аз ҷумла ба зоирон дастбандҳое тақсим кардаанд, ки онҳоро ба роҳи зиёрат ҳидоят мекунад.

Имсол бинобар афзоиши таниш байни Арабистони Саудӣ ва Эрон, даҳҳо ҳазор аз нафар аз шаҳрвандони Эрон аз ҳаққи зиёрати Маккаву Мадина маҳрум шуданд. Дар маросими Ҳаҷҷи соли гузашта бар асари талотум дар миёни зоирон дар водии Мино, ҳудуди дувуним ҳазор зоир ҷон бохтанд, ки 464 нафари онҳо аз Эрон буданд.

Тибқи иттилои мақомоти Кумтаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон, дар мавсими имсолаи Ҳаҷҷ ду зоири ҷон бохтанд, ки яке сокини ноҳияи Дӯстӣ ва дигаре аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мебошанд. Сабаби фавти аввалӣ маълум нест, аммо дувумӣ бар асари сактаи қалбӣ даргузаштааст.

​Имсол аз Тоҷикистон каме беш аз 6 ҳазор нафар имкон пайдо карданд барои адои маносики Ҳаҷ ба шаҳрҳои Маккаву Мадинаи Арабистони Саъудӣ сафар кунанд. Тибқи нақша, сафари ҳоҷиёни Тоҷикистон аз 21-уми август оғоз гардида, ва то 5-уми сентябр идома кард. Бозгашти ҳоҷиёни тоҷик аз сафари Ҳаҷ, дар назар аст, ки 17-уми сентябр оғоз шавад. Арзиши хизматрасониҳо дар мавсими Ҳаҷ-2016 дар Тоҷикистон 28 ҳазору 649 сомониву 10 дирам муқаррар шуда буд.

Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шарҳи сабабҳои имсол боз тақрибан 5000 сомонӣ боло рафтани нархи сафари Ҳаҷ барои зоирони тоҷик гуфт, як сабаби асосӣ боло рафтани қурби доллар аст. Сабаби дигар, ба гуфтаи масъулини ин кумита, шароити назар ба солҳои гузашта беҳтарест, ки имсол барои зоирони тоҷик дар Маккаву Мадина дар ҷараёни иҷрои маносики Ҳаҷ фароҳам оварда мешаванд.

Ҳаҷҷ яке аз рукнҳои панҷгонаи ислом ба шумор меравад ва бар асоси таълимоти исломӣ, барои ҳар фарди мусалмон, ки тавоноии молӣ дошта бошад, давоми умр як бор фарз мебошад.

ЗОИРОНИ ТОҶИК ДАР РОҲ БА СӮИ МИНО:

XS
SM
MD
LG