Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришҳо: Русия ва Ғарб ба табодули маҳбуcон сар кардаанд 


Корманди Радиои Озодӣ Алсу Қурмашева
Корманди Радиои Озодӣ Алсу Қурмашева

Мақомоти Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва чанд кишвари дигар табодули зиндониёнро оғоз кардаанд. Эҳтимол меравад, ин калонтарин табодули маҳбусон дар давраи пас аз Ҷанги Сард бошад.

Ягон мансабдори давлати Амрико ё Русия дар ин бора чизе нагуфтаанд. Дмитрий Песков, сухангӯйи Кремлин, рӯзи 1-уми август дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, ки "то ҳол дар ин мавзуъ ҳарфе надорам".

Хабаргузории Bloomberg, Sky News, CNN ва расонаҳои дигари ғарбӣ ба нақл аз манбаъҳои худ навиштанд, ки табодули маҳбусон рӯзи 1-уми август сар шуд. Ҷузъиёташ дастрас нест.

Ин хабар дар ҳоле паҳн шуд, ки эҳтимолан 9 фаъоли маданӣ ва як шаҳрванди Амрико ногаҳон аз зиндонҳои Русия ба як ҷо интиқол дода шуданд. Инчунин, аз феҳристи маҳбасҳои Амрико номи чанд шаҳрванди Русия нопадид шуд.

Вакилони мудофеи чанд нафари бонуфузе, ки дар маҳбасҳои Русия нигаҳдорӣ мешаванд, гуфтанд, макони будубоши зерҳимояи онҳо номаълум шудааст. Ин вазъе аст, ки аксар вақт ҳангоми интиқоли маҳбусон ба амал меояд.

Дар байни чунин маҳбусон фаъолони мухолиф Владимир Кара-Мурза, Иля Яшин ва дигарон ҳастанд.

Дар миёни хабарнигорони расонаҳои ғарбӣ ин тахминҳо мечарханд, ки мумкин рӯзноманигори “The Wall Street Journal” Эван Гершкович ва корманди Радиои Озодӣ Алсу Қурмашева дар байни ин афрод бошанд.

Президент ва мудири кулли Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Стефан Капус рӯзи 1-уми август гуфт, “мо хабари озодии қарибулвуқӯи Алсуро истиқбол мекунем ва аз ҳукумати Амрико ва ҳамаи онҳое, ки ба таври хастагинопазир барои поён додан ба рафтори ноодилонаи Русия ба ӯ заҳмат кашиданд, миннатдорем. Алсу ҳадаф қарор гирифт, зеро як рӯзноманигори амрикоӣ буд. Ӯ танҳо кӯшиш дошт, як узви оилаашро дар дохили Русия нигоҳубин кунад. Ҳеч кори бад накардааст ва қатъан сазовори рафтори беадолатона ва ҷудоии маҷбурӣ аз аъзои меҳрубони оила ва ҳамкоронаш набуд."

Капус дар идома гуфтааст, “раҳоии Алсу моро водор мекунад, ки ба озодии се хабарнигори дигари Радиои Озодӣ, ки бераҳмона дар Беларус ва Қрими ишғолшуда зиндонӣ шудаанд, азм кунем. То замоне ки ҳамаи хабарнигорони мо, ки беасос боздошт шудаанд, дар хонаи худ эмин набошанд, ором нахоҳем гирифт. Рӯзноманигорӣ ҷурм нест.”

XS
SM
MD
LG