Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду гумонбари ҳамлаи Алма-Ато (ВИДЕО)


Лаҳзаи боздошти яке аз ҳамлагарон дар Алма-Ато
Лаҳзаи боздошти яке аз ҳамлагарон дар Алма-Ато

Бар асари ҳамлаи мусаллаҳона ба шӯъбаи пулис дар шаҳри Алма-Ато, маркази тиҷоратии Қазоқистон дастикам 7 нафар кушта ва 8 тани дигар захмӣ шуданд. Мақомот аз боздошти ду гумонбари ҳамлаи рӯзи 18 июл хабар доданд.

Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, ду гумонбари ҳамлаи мусаллаҳона ба шӯъбаи пулис дар шаҳри Алма-Ато, пойтахти тиҷоратии ин кишварро дастгир кардаанд. Дар натиҷаи ин ҳамла се афсари пулис ва 4 нафари мулкӣ кушта шуда, дастикам 8 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Рӯзи 18 июл, соати тақрибан 11, афроди мусаллаҳ ба як шӯъбаи пулис дар шаҳри Алма-Атои Қазоқистон ҳамла оварданд. Дар пайи ин ҳамла мақомот дар Алма-Ато низоми шадиди амниятии сатҳаш “сурх” ҷорӣ карда, амалиёти густардаеро ба роҳ андохтанд ва аз сокинони Алма-Ато хостаанд, ки дар хонаҳои худ бимонанд ва беҳуда ба кӯча набароянд.

Гуфта мешавад, афроди мусаллаҳ ба як шӯъбаи пулис, дафтари маҳаллии Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон дар шаҳри Алма-Ато ва эҳтимолан ба боз як нуқтаи дигар ҳамла карданд.

​Ҳукумати Қазоқистон ба тамоми воҳидҳои низомӣ фармон додааст, ки дар ҳолати омодабош бошанд. Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, бино ба гузориши дафтари матбуоташ, ҷаласаи Шӯрои амниятро дар Алма-Ато даъват кардааст.

Ин алакай дувумин ҳамлаи пурқурбонӣ дар Қазоқистон танҳо дар ду моҳи охири июн ва июли соли ҷорист.

Ҳамлаи Алма-Ато 7 кушта ба ҷо гузошт
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:34 0:00
Линки мустақим

Гумонбари аввале, ки рӯзи 18 июл дастгир шуд, бино ба хабарҳо, як сокини 27-солаи вилояти Қизил-Ӯрда дар ҷануби Қазоқистон буда, мақомот ӯро ба даст доштан дар қатли як зани маҳаллӣ дар поёни ҳафтаи гузашта муттаҳам медонанд. Гуфта мешавад, гумонбари дувуми дастгиршуда “наздик ба гурӯҳҳои ҷиноӣ” буд. Ҷузъиёти аз ин бештаре дар бораи шахсияти ҳамлагарон ҳанӯз дастрас нест.

Ҳафт кушта дар ҳамлаи мусаллаҳона дар Алма-Ато
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:01 0:00

Қуваничбек Қорӣ, мудири дафтари Радиои Озодӣ дар Алма-Ато, ки аз тариқи телефон ва ба забони форсӣ бо мо сӯҳбат кард, гуфт, ҳамла ба шӯъбаи пулис дар маркази шаҳр сурат гирифтааст: “Ин шӯъбаи пулис, ки соати тақрибан 11 дучори ҳамла шуд, дар хиёбони Абурайҳони Берунӣ ва кӯчаи Қазетӣ дар маркази маркази шаҳр аст. Дар гузашта, то кӯчидани пойтахт ба Остона, дар инҷо парлумони Қазоқистон ҷойгир шуда буд. Ҳоло ин бино ба Донишгоҳи муштараки Қазоқистону Бритониё дода шудааст.”

Қуваничбек Қорӣ, вазъи шаҳрро чунин тасвир кард: “Дар шаҳр низоми амниятии “қирмиз” ҷорӣ кардаанд ва кӯчаҳо пур аз нирӯҳои пулисанд. Вазорати корҳои дохила гуфт, ки контроли вазъ барқарор шудааст, вале дар инҷое, ки мо қарор дорем, мебинем, ки нирӯҳои пулис мошинҳо ва раҳгузарони машкукро манъ ва тафтиш мекунанд.”

Мақомоти Қазоқистон чандин бор аз таҳдиди эҳтимолии ифротгароии исломӣ ба ин кишвар ҳушдор додаанд. Ин кишвар, ки таҳти назорати шадиди хадамоти амниятии содиқ ба президент Нурсултон Назарбоев қарор дорад, то кунун зоҳиран аз аломатҳои тундгароии исломӣ, ки кишварҳои дигари минтақаро фаро гирифтааст, эмин монда буд.

Қирғизистони ҳамсоя дар пайи ҳамлаи Алма-Ато тадбирҳои амниятиро дар марзҳояш бо Қазоқистон тақвият додааст. Хадамоти марзбонии Қирғизистон аммо гуфт, кадом нақшаи бастани марзҳоро надоранд.

Мақомоти Қазоқистон чандин бор аз таҳдиди эҳтимолии ифротгароии исломӣ ба ин кишвар ҳушдор додаанд. Ин кишвар, ки таҳти назорати шадиди хадамоти амниятии содиқ ба президент Нурсултон Назарбоев қарор дорад, то кунун зоҳиран аз аломатҳои трунгароии исломӣ, ки кишварҳои дигари минтақаро фаро гирифтааст, эмин монда буд.

Дар Қазоқистон дар ибтидои моҳи июн низ дар пайи як ҳамла ба муассисаҳои низомӣ низоми амниятии рангаш “зард” ҷорӣ шуда буд. Рӯзи 5 июн афроди мусаллаҳ ба ду мағозаи фурӯши аслиҳа ва қисми низомии Горди миллӣ дар шаҳри Оқтеппа дар шимолуғарби Қазоқистон ҳамла оварданд. Дар натиҷаи рӯёрӯиҳо, ки чанд рӯз давом кард, дастикам 28 нафар, аз ҷумла ҳудуди 20 ҳамлагар кушта шуданд.

Мақомоти Қазоқистон масъулияти ҳамлаи моҳи июнро ба гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ, ки бо созмони тундрави “Давлати исломӣ” иртибот доранд, бор карданд. Ерлан Идрисов, вазири умури хориҷии Қазоқистон, изҳор намуд, ҷинояткороне, ки рӯзи 5 июн ба ду мағозаи силоҳ ва қисми низомӣ дар шаҳри Оқтеппа ҳамла карда буданд, пас аз муроҷиати раҳбари гурӯҳи “Давлати исломӣ” даст ба ин иқдом задаанд.

Қазоқистон бо зери 18 миллион аҳолиаш, ки аз соли 1989, инак 27 сол боз аз сӯи президент Нурсултон Назарбоев раҳбарӣ мешавад, бо рушди нисбаташ беҳтари иқтисодиаш то кунун як ҷазираи субот дар Осиёи Марказӣ арзёбӣ мешуд. Аммо ин кишвар низ дар солҳои охир бо афзоиши гароиши мардум, бахусус қишри ҷавон ба ақидаҳои ғайрисуннатии мазҳабӣ рӯбарӯ шудааст. Мазҳабишавии ҷомиа, ба гуфтаи нозирони умур, бештар дар вилоятҳои ғарб ва ҷануби Қазоқистон мушоҳида мешавад.

Ба ҳисоби мақомоти қазоқ, аз ин кишвар ҳудуди 300 нафар ба Сурияву Ироқ рафта, ба сафи гурӯҳҳои тундрав, асосан “Давлати исломӣ” пайвастаанд.

XS
SM
MD
LG