Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гулбаҳор Мирзоева: Ғурбат - мушкилтарин имтиҳони зиндагиам буд


Дар як боғи Париж
Дар як боғи Париж

Коргардон ва адиби тоҷики муқими Фаронса дар ҷашнвораи Париж филмҳои худро муаррифӣ хоҳад кард.

14 феврал дар Париж, пойтахти Фаронса ҷашнвораи “Рӯзҳои китоб ва адабиёти русзабон” барпо мешавад, ки дар он коргардон ва адиби тоҷики муқими Фаронса Гулбаҳор Мирзоева аз адабиёту фарҳанги Тоҷикистон намояндагӣ мекунад.

Озодӣ: Хонум Гулбаҳор, шумо кадом офаридаҳои худро ба ин ҷашвора пешкаш кардаед?

Мирзоева: Дар чорчӯби ин ҷашнвора намоиши филмҳои коргардонҳое пешбинӣ шудааст, ки дар бораи Осиёи Марказӣ филм таҳия кардаанд ва ё худашон аз ҳамон ҷо ҳастанд. Ҳайати ҷашнвора маро ҳамчун коргардоне, ки дар бораи Тоҷикистон филм таҳия кардааст, ба ин ҷо даъват намуд. Ман ду филми худро намоиш медиҳам, ки яке "Замони марзҳо" ном дораду мавзӯи он марзбандии миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, ки баъди фурӯпошии Шӯравӣ оғоз ёфтааст. Филми дуюм "Элвира, ту дар куҷоӣ?" ном дорад, ки дар он ҳаёти ҷамоаи немисҳои муқими Тоҷикистон тасвир шудааст, ки солҳои ахир Тоҷикистонро тарк кардаанд. Тибқи нақша филмҳои ман рӯзи ҷумъаи 15-уми феврал дар як кинотеатри маъруфи пойтахти Фаронса намоиш дода мешаванд. Ин кинотеатр, ки Клер ном дорад, асосан филмҳои ғайритиҷоратиро намоиш медиҳад. Ман умед дорам, ки мардуми зиёде ба дидани филмҳоям меояд


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:35 0:00
Линки мустақим



Озодӣ: Шумо кай бори охир аз Тоҷикистон дидан кардед?

Мирзоева: Ман, одатан, соле як дафъа ба Тоҷикистон меравам, вале ду соли ахир чунин имкон наёфтам. Сафар ба ватан одатан маънои онро дорад, ки дар канори аёдати наздикон ман боз ягон барномаи таҳияи филмеро мадди назар мегирам. Ду соли ахир имкон нашуд ва сармоягузоре ҳам пайдо накардам, ки якчанд лоиҳаи хубамро такмил намоям. Таълифи филмҳои бадеиву мустанад дар нақша кашидаам, вале ҳозир аз сабаби кишварҳои аврупоӣ давраи душвореро пушти сар мекунанд. Телевизионҳо барои таҳияи филмҳои ғайритиҷоратӣ маблағи камтар ҷудо мекунанд, ва аз ин рӯ, наворгирии чунин филмҳо феълан душвор аст.

Акс баъди наворгирии филме дар бораи президенти Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачев гирифта шудааст
Акс баъди наворгирии филме дар бораи президенти Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачев гирифта шудааст
Озодӣ: Дар Тоҷикистон шуморо ҳамчун адиб ва тарҷумон мешиносанд. То ҷое медонам, аввалин маҷмӯаҳои ашъори шумо ҳам аз тарафи хонандагони тоҷик хеле хуб пазироӣ шудаанд. Ҳоло ҳам шеър менависед?

Мирзоева: Ман факултети тарҷумаи адабии Донишгоҳи ба номи Горкийи Маскавро хатм кардам. Худам ҳам шеър менавистам ва ҳам асарҳои насрӣ. Дар рӯзноманигорӣ ҳам таҷриба дорам. Хуллас, ман ба кино тавассути адабиёт омадаам. Дар курсҳои махсуси кнематографӣ ҳам таҳсил кардааму ин касби дуюми ман аст. Имрӯз ҳам аз тарҷумони рӯз мегузаронам. Дар Фаронса танҳо бо филмбардорӣ рӯзат намегузарад. Аз кори кино наметавон хароҷоти рӯзгорро баровард, зеро ҳар рӯз филм таҳия намекунем. Ман тарҷума мекунам, аз фаронсавӣ ба русӣ.

Озодӣ: Шумо ҳеҷ кӯшише кардед, ки эҷодиёти адибони тоҷикро ба фаронсавӣ тарҷума кунед ва ё баръакс?

Мирзоева: Ман воқеан русзабон ҳастам. Тоҷикиро хуб мефаҳмам, ҳарф мезанам, вале сӯҳбат ба забони русӣ бароям роҳаттар аст. Ман дар мактаби русии шаҳри Душанбе ва баъд аз он дар донишгоҳи Маскав таҳсил кардам. Ман аз он насли равшанфикрони русзабони тоҷикам, ки ҳоло аз байн рафтаанд. Ҳозир навад дар сади ҷавонон дар Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ ҳарф мезананду ин забони модарии онҳо аст. Ҳарчанд забони тоҷикӣ забони модарии ман ҳам ҳаст, вале ман забони адабиро ба сатҳи зарурӣ намедонам. Ин як даврае дар таърихи тоҷикон буд, ки ман дар он зистаам ва ҷаҳонбинии ман дар ҳамон давра зери нуфузи забони русӣ ташаккул ёфтааст.

Озодӣ: Муҳтарам, Гулбаҳор, зиндагии шахсиатон чӣ гуна аст?

Мирзоева: Ду фарзанд дорам, ки ҳар ду бузург шудаанд. Духтарам шавҳар кардааст. Писарам дар донишгоҳ мехонаду ҳамзамон кор ҳам мекунад. Хуллас, фарзандон ба воя расидаанд. Ҳаётам мисли ҳаёти дигарон аст: рӯзе осону рӯзе душвор. Бояд мубориза барем ва ҳамаи монеаҳову душвориҳоро аз роҳ дур кунем. Ғурбат - имтиҳони мушкилтарини ҳаётам аст. Ин ғурбате мебошад, ки​
худам ихтиёр кардаам. Вақте шахс кишвараш, забонаш фарҳангу тарзи ҳаёташро тағйир медиҳад, ӯ маҷбур аст, ки ҳамаро аз сифр оғоз намояд. Вақте 20 пеш ба ин ҷо омадам, ҳамаро аз нав шурӯъ кардам. Ҳоло дар байни се фарҳанг ҳастам. Аз як тараф ин сарват аст. Аммо аз сӯи дигар, ин як озмоиш аст, ки баъзан сарчашмаи илҳом асту баъзан сарчашмаи дунёбезорӣ.

Гулбаҳор Мирзоева, ки дар миёни аҳли фарҳанг бо номи Гуля Мирзоева маъруф аст, дар оилаи шоири мардумии тоҷик Ғаффор Мирзо ба дунё омадааст. Ӯ дар соли 1981 Институти ба номи Горкийи Маскавро хатм намуда, муддате дар маҷаллаи русзабони “Помир”, чопи Душанбе ба ҳайси мудири бахши адабиву бадеӣ ифои вазифа кардааст. Дар ҳамон солҳои 1980-ум аввалин мунтахаби ашъори Мирзоева ба забони русӣ ва чанд филми мустанади ӯ, ки дар студияи “Тоҷикфилм” ба навор гирифта шудаанд, нашр шуд. Дар соли 1987 Мирзоева ба узвият дар Иттиҳодияи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ қабул шуд. Бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ Мирзоева ибтидо ба Русия ва аз он ҷо дар соли 1992 ба Фаронса кӯч баст. Дар Фаронса Мирзоева донишгоҳи Сорбонро хатм намуда, муддате дар Донишгоҳи шаҳри Страсбург дарс дод ва ҳоло дубора ба филмбардорӣ баргаштааст. Хонум Мирзоева соҳиби як духтар ва як писар аст.
XS
SM
MD
LG