Як тағйирот барои довталабони "корти сабз" (Green Card)-и Амрико дар Тоҷикистон бисёриҳоро дар вазъияти мушкил гузоштааст. Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе эълон кард, ки имсол бояд довталабони "грин корт" рақами шиносномаи хориҷии худ ва муҳлати анҷоми онро бинависанд.
Барои гирифтани шиносномаи хориҷии Тоҷикистон ҳудуди ҳазор сомонӣ ва беш аз ду ҳафта зарур аст. Аксар сокинон, ки солҳои пеш бе ягон мушкил бо шиносномаи дохилӣ аризаи "грин корт" пур мекарданд, гуфтанд, ин талаботи нав барояшон ғайричашмдошт буд ва кори онҳоро ба таъхир гузошт.
Субҳон Беков донишҷӯ аст ва имсол мехост толеи худро бисанҷад, аммо дар яке аз нуқтаҳои таҳияи санад барои "грин корт" ноумед гашт. Ба ӯ гуфтаанд, барои ин кор бояд шиносномаи хориҷӣ бигирад. "Маблағ надорем, ки зуд шиносномаи хориҷӣ бигирем. Ҳоло иҷрои ин талабот мушкил аст", -- гуфт ӯ.
Марҳилаи пур кардани ариза барои корте, ки роҳи барандаашро барои зиндагӣ дар он сӯи Уқёнус ҳамвор мекунад, 2-юми октябр оғоз шуд ва то 5-уми ноябри имсол идома мекунад.
Аммо марказҳои хусусие, ки дар таҳияи санадҳо барои барномаи "грин корт" ба сокинон кумак мерасонанд, гуфтанд, имсол ба фарқ аз солҳои пеш муроҷиат ба онҳо чандон зиёд нест.
Саидшоҳ Бӯризода, корманди як нуқтаи сабти ном барои “грин корт” гуфт, солҳои пеш ҳанӯз аз оғози мавсим дар як рӯз то 70 нафар бо санадҳои худ барои пур кардани грин корт ба онҳо муроҷиат мекарданд. "Аммо имсол нисбат ба солҳои гузашта муроҷиат камтар аст. Дар гузашта ҳатто аз ноҳияҳои дурдаст ба шаҳр барои иштирок ба лоторея меомаданд. Фикр мекунам, шумораи зиёди мардум шиносномаи хориҷӣ надоранд", -- нақл кард ӯ рӯзи 13-уми октябр.
Бархеи дигар мегӯянд, ба фарқ аз солҳои пеш бисёре аз сокинон роҳи пур кардани аризаи «грин корт»-ро ёд гирифтаанд ва ё ин корро бо кумаки дӯстону наздиконашон дар хориҷа анҷом медиҳанд.
Иёлоти Муттаҳида соле барои 50 ҳазор нафар дар сартосари дунё имкони дарёфти ҳаққи иқомату кор дар ин кишварро тавассути корти сабз фароҳам меорад. Бештари довталабони “грин корт” аз Тоҷикистон аксаран ҷавон ҳастанд. Хоҳиши зиндагии шоиста ва сафар ба кишвари орзуҳо бештари ҷавоноро ба пур кардани аризаи “грин корт” водор мекунад. Ҳарчанд онҳое ки аллакай ба Амрико рафтаанд, зиндагӣ дар ин кишвари орзуҳоро чандон соддаву осон тасвир намекунанд.
Саид, сокини шаҳри Душанбе, чанд сол боз талош дорад лотореяи “грин корт”-ро соҳиб шавад. Ҳанӯз ҳам ноумед нест. “Имсол низ бо умед месупорам. Агар қабул карданд, меравам ва агар нашуд, соли дигар боз пур мекунам. Кору таҳсил ва зиндагӣ дар Амрико орзуи ман аст”, -- мегӯяд ӯ.
Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон дар барномаи иқомати муваққатӣ дар Амрико ё "грин корт" аз Тоҷикистон ҳар сол ҳудуди 700 нафар лотереяи муҳоҷират ва иқомат дар Амрикоро ба даст меоранд. Бино ба иттилои пажуҳишгоҳи "Rethinkinstitute" дар Вашингтон, ки маълумоти то соли 2015-ро дар бар мегирад, дар Амрико 6 ҳазор муҳоҷири тоҷик ба сар мебаранд.
Тибқи арзёбиҳои расмӣ, танҳо бар асоси корти сабз дар давоми панҷ сол аз Тоҷикистон ҳудуди 3 ҳазор нафар вориди Амрико шудаанд. Садҳо нафари дигар аз роҳи барномаҳои таълимӣ ва ҳам пешниҳоди кор ба он сӯи Уқёнус рафтаанд.
Коршиносон мегӯянд, сабаби асосии аз кишвар рафтани баъзе аз шаҳрвандон омили иҷтимоӣ дошта, сокинон ба хотири зиндагиву даромади беҳтар ба хориҷа рӯ меоранд. Вале мақомот пайваста “фирори мағз”-ҳоро рад карда ва муҳоҷиратро мавсимӣ донистаанд.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, пештар хостори ислоҳот дар барномаи грин корт ё тақдими ҳаққи иқомату кор шуда буд. Вай ҷонибдори он аст, ки Амрико на барандагони лотерея, балки муҳоҷирони “шоиста”-ро ба кишвар бипазирад. Пешниҳоди таҳрири қонуни амалкунандаи грин-корт, ки соли 1990 қабул шудааст, аз ҷониби бархе фаъолон ҳамчун маҳдудкунандаи ҳуқуқи инсон интиқод шуд.