Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гела Шекиладзе: "Вазифаи мо ба Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфтан аст"


Гела Шекиладзе ва Парвизҷон Умарбоев
Гела Шекиладзе ва Парвизҷон Умарбоев

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон нахустин бозиашро дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо тими миллии Тимори Шарқӣ баргузор мекунад. Ин бозии гурӯҳи “А” 25-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 16:00 оғоз меёбад.

Гела Шекиладзе, сармураббии тими миллии Тоҷикистон, дар арафаи бозӣ бо мунтахаби Тимори Шарқӣ дар нишасти матбуотӣ гуфт, “пеш аз ҳама аз номи тамоми даста аз мухлисон ва ҷомеаи футболи кишвар барои натиҷаи манфии бозии дӯстона бо мунтахаби Беларус узр мепурсам. Мутаассифона, мо табъи онҳоро дар ҷашни Наврӯз хира кардем. Мо аз рақобат бо тими Беларус таҷрибаи талх гирифтем, кӯшиш мекунем дар бозиҳои расмӣ чунин иштибоҳҳоро такрор накунем. Бозигарон ба бозӣ бо Тимори Шарқӣ омодаанд. Ба мухлисон муроҷиат мекунам, ки дар чунин рӯзҳои душвор дастаро дастгирӣ кунанд.”

Рӯзи 20-уми март тими Белорус дар бозии дӯстона мунтахаби Тоҷикистонро бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст дод. Мухлисон аз бозии футболбозони тоҷик норозигӣ карданд.

Дар ин нишаст нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон Парвизҷон Умарбоев низ аз мухлисон хоҳиш кард тими миллиро дастгирӣ намоянд. “Энергияи онҳо ба мо қувваи иловагӣ мебахшад. Тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳем, то онҳоро бо бозии зебо ва албатта, ғалаба шод кунем”, - иброз дошт Умарбоев.

Бозии дигари даври якум 25-уми март байни дастаҳои мунтахаби Молдив ва Филиппин низ соати 16:00 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад.

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бар асоси қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи “А” бо тимҳои миллии Филиппин, Молдив ва Тимори Шарқӣ бозӣ мекунад.

Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Гела Шекиладзе, мутахассиси гурҷӣ, дар бораи натоиҷи қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 гуфт, ки дар ин сатҳ дастаҳои заиф вуҷуд надоранд, бояд ба ҳар як бозӣ омода буд.

Вай афзуд, “дастаи Филиппин рақиби хуб аст. Ин тимро мо ба хубӣ мешиносем, бо онҳо имсол ду маротиба бозӣ кардаем. Тими миллии Филиппин бозигарони зиёде аз бошгоҳҳои Аврупо дорад. Умуман, Филиппин барои тими миллии Тоҷикистон рақиби сарсахт аст, бозиҳо бо онҳо ҳамеша душвор буданд.”

Ба гуфтаи Шекиладзе, мунтахаби Молдив низ барояш хуб ошност, тими бад нест, дар ин даста кор кардааст. “Аммо мунтахаби Тимори Шарқӣ дар муқоиса бо Филиппин он қадар қавӣ нест, вале ҳар як рақибро бояд эҳтиром кард. Беэҳтиромӣ нисбат ба рақиб ҳамеша натиҷаи нохуш дар пай дорад”, - иброз дошт ӯ.

Ба қавли сармураббӣ, бозиҳо дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 осон нахоҳанд буд. “Мақсади мунтахаби мо ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфтан аст ва барои расидан ба он ҳамаи қувваи худро сарф мекунем», - гуфт Гела Шекиладзе.

Дар натиҷаи қуръакашӣ тимҳои миллӣ ба шаш гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ тақсим шудаанд. Ҳар як даста дар гурӯҳ шаш бозӣ – се рақобат дар майдони худ ва се бозӣ дар меҳмонӣ - анҷом медиҳад.

Танҳо ғолибони гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 15-уми январ то 8-уми феврали соли 2027 дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Натоиҷи қуръакашии мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2027:

Гурӯҳи «А»: Тоҷикистон, Филиппин, Молдив, Тимори Шарқӣ.

Гурӯҳи «В»: Лубнон, Яман, Бутан, Бруней.

Гурӯҳи «С»: Ҳиндустон, Ҳонконг, Сингапур, Бангладеш.

Гурӯҳи «D»: Тайланд, Туркманистон, Тайбейи Чин, Шри-Ланка.

Гурӯҳи «E»: Сурия, Афғонистон, Мянмар, Покистон.

Гурӯҳи «F»: Ветнам, Малайзия, Непал, Лаос.

Тақвими бозиҳои мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи “А”:

Даври якум

25 марти 2025 (сешанбе)

Тоҷикистон – Тимори Шарқӣ

Молдив - Филиппин

Даври дуюм

10 июни 2025 (сешанбе)

Филиппин - Тоҷикистон

Тимори Шарқӣ - Молдив

Даври сеюм

9 октябри 2025 (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Молдив

Тимори Шарқӣ - Филиппин

Даври чорум

14 октябри 2025 (сешанбе)

Молдив - Тоҷикистон

Филиппин Тимори Шарқӣ

Даври панҷум

16 ноябри 2025 (сешанбе)

Тимори Шарқӣ - Тоҷикистон

Филиппин - Молдив

Даври шашум

31 марти 2026 (сешанбе)

Тоҷикистон – Филиппин

Молдив - Тимори Шарқӣ

XS
SM
MD
LG