Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Freedom House: Озодии матбуот ба поинтарин сатҳ афтод (ИНФОГРАФИКА)


Созмони “Хонаи Озодӣ” ё Freedom House мегӯяд, қонунҳои маҳдудкунанда ва хушунати зидди журналистон мизони озодии матбуотро ба пасттарин сатҳ дар зиёда аз як даҳаи охир поин овардаанд.

Бино бар гузориши созмони “Хонаи Озодӣ” ё Freedom House, ки рӯзи 29 апрел ба нашр расид, озодии матбуот дар соли 2014 дар 18 кишвар ва қаламрав ба гунаи ҷиддӣ коҳиш ёфт, ба вижа дар Озарбойҷон, Сербия ва Ироқ. Ин ниҳод мегӯяд, Беларус, минтақаи ба Русия илҳоқшудаи Қрим, Эрон, Туркманистон ва Узбакистон дар байни 10 кишвар ва минтақаи бадтарин барои озодии матбуотанд.

Ҳукумати Озарбойҷон, ки ҳабсу таҳдид ва бастани дафтари расонаҳоро тибқи қонунҳои амниятӣ ва вазъи изтиророӣ яке аз душманони озодии матбуот номбар мешавад. Дар ин кишвар то 1 декабр 9 журналист боздошт шудаанд.

Freedom House аз ҳабси журналисти пажӯҳандаи Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ Хадича Исмоилова ва баста шудани дафтари ин радио дар Озарбойҷон ва бозпурсӣ шудани кормандони он изҳори нигаронӣ кардааст.

Дар гузориш омадааст, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва минтақаи аз тарафи Русия аннексияшудаи Қрим “намунаҳои аввал”-и онанд, ки “ҳукуматҳои саркӯбгар” ба кори хабарнигорон монеагузорӣ мекунанд.

Созмони “Хонаи Озодӣ” ё Freedom House ҳамчунин аз вазъи озодии матбуот дар Русия, Украина, Ироқ, Эрон, Сербия, Чин ва кишварҳои дигар изҳори нигаронӣ мекунад. Дар гузориш ҳамчунин гуфта мешавад, Литва, Латвия ва Молдова аз кори шабакаҳои телевизионии русӣ бо иттиҳоми “ангехтани ҷанг, паҳн кардани таҳрифи таърих ва набуди гуногунандешӣ” пешгирӣ намуд.

Дар ин харитаи интерактивӣ бо гузоштани тирча ба рӯи кишварҳо метавонед, аз вазъи озодии матбуот дар онҳо ва баҳои Созмони “Хонаи Озодӣ” ё Freedom House огаҳӣ пайдо кунед ва ҳамчунин дарсади кишварҳоро аз рӯи арзёбии гузориши мазкур бубинед.

XS
SM
MD
LG