Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 4 чӯпони тоҷик бо садҳо сар мол дар марзи Ӯзбакистон


Дар марзи Тоҷикистону Ӯзбакистон чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон ҳамроҳ бо беш аз 2700 сар мол, эҳтимолан барои убури ғайриқонунии марз боздошт шудаанд.

Дар марзи Тоҷикистону Ӯзбакистон чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон ҳамроҳ бо беш аз 2700 сар мол, эҳтимолан барои убури ғайриқонунии марз боздошт шудаанд. Ба иттилои мақомот, рӯзи якшанбе, 23 август дар марзи ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғди Тоҷикистон бо ноҳияи Бахмали вилояти Ҷиззахи Ӯзбакистон чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудаанд. Инҳо чӯпонҳои деҳаи Майкатта ва Ғарибаки ноҳияи Панҷакент буда, эҳтимолан дар паи ба хоки Ӯзбакистон гузаштани молу чорвояшон ба тарафи муқобили марз роҳ ёфтаанд. Музокироти миёни мақомоти марзбонии Тоҷикистону Ӯзбакистон дар робита бо ин ҳодиса шурӯъ шудааст.

Рустам Қаҳҳоров, раиси ҷамоати Амондараи ноҳияи Панҷакент бо тасдиқи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса тахминан соатҳои 6 субҳи рӯзи якшанбе, 23 август рух дод. Сарҳадбонони Ӯзбакистон чаҳор чӯпонро ҳамроҳи рамаи бузу гӯсфандашон (2 ҳазору 776 сар чорво) боздошт намуда, дар қаламрави худ нигоҳ медоранд. Ҳанӯз тафсилоти ин ҳодиса маълум нест, вале тахмини мақомоти маҳаллӣ ин аст, ки дар паи борони шаби якшанбе дар ағбаи Бахмал, ки як мазеи сарҳадӣ бо Ӯзбакистон аст, рамаи бузу гӯсфандон ба тарафи муқобили марз гузаштааст. Чӯпонҳо, ки дар дохили каппа мехобиданд, бедор шуда дар паи ҷустуҷӯи рама ба марзи Ӯзбакистон ворид шуданд.

Ба иттилои Рустам Қаҳҳоров, рамаи гӯсфандон ҳоло дар қитъаи марзии рустои Ҷумҷуми Ӯзбакистон нигаҳдорӣ мешавад, вале маҳалли будубоши чӯпонҳои тоҷик феълан барои онҳо маълум нест.

Вай дар бораи ҳуввияти шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон гуфт, онҳо аз 25 то 34-сола буда, сокини деҳаҳои Майкатта ва Ғарибак мебошанд: Раҳимҷон Кӯчаков (соли таваллудаш 1989), Ғолиб Шодиев (соли таваллудаш 1990), Ашраф Раззоқов (соли таваллудаш 1981) ва Хурсандмурод Қаҳҳоров (соли таваллудаш 1986).

Тибқи иттилои радиои Озодӣ, аз рӯи ин қазия мақомоти сарҳадбонӣ, умури дохила ва ҳукумати ноҳияи Панҷакент бо сарҳадбонони Ӯзбакистон вориди музокира шуда талош доранд чӯпонҳову рамаро ба Тоҷикистон баргардонанд.

Тоҷикистону Ӯзбакистон аз охири солҳои 1990-ум дар шароити раводид ба сар мебаранд ва аксари хати марзи миёни ду кишвар бо симхор аломатгузорӣ шудааст. Вале, ба гуфтаи сокинони рустоҳои дурдасти наздимарзӣ, дар баъзе нуқот маҳалҳое ҳастанд, ки ҳанӯз ҳамчун нуқтаи марзӣ мушаххас нашудаанд. Ҳамин ҳолат боиси ба марзи ҳамдигар роҳ ёфтани шаҳрвандони ҳарду кишвар мешавад. Ду сол пеш марзбонони Ӯзбакистон 5 чӯпони дигари сокини ноҳияи Панҷакентро бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз боздошт ва ба зиндон маҳкум карданд. Инҳо сокинони рустои Моғиёни Панҷакент - Тӯлибой Қурбонхоҷаев, Рустам Ҳайдаров, Меҳриддин Шамсиддинов, Сӯҳроб Абдуллоев ва Довуд Ҳайдаров мебошанд. Бо гузашти як моҳ онҳо ба Тоҷикистон истирдод шуданд, вале рамаи бузу гӯсфандонашон, ки ҳамчунин зиёда аз 2000 сар буд, барнагашт. Панҷ сокини ноҳияи марзии Фароб низ дар моҳи июли соли 2013 ҳангоми рафтан ба алафдаравӣ бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз дар Ӯзбакистон дастгир шуданд. Дар байни онҳо як навраси 12-сола ва марди 74-сола низ буданд ва баъди музокироти тӯлонии мақомоти Тоҷикистон бо Ӯзбакистон ҳардуи онҳо ва баъдан боз ду нафарашон озод шуданд. Феълан яке аз ин панҷ нафари боздоштшуда дар зиндони Ӯзбакистон ба сар мебарад.

XS
SM
MD
LG