Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти Фирдавс Чолов бо ҷурми қочоқ ва дуздии 6 телефон


Чойхонаи марбут ба Чоловҳо дар Кӯлоб
Чойхонаи марбут ба Чоловҳо дар Кӯлоб

Кормандони Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб Фирдавс Чолов, бародари Қурбон Чолов, қумандони маъруфи ҷанги шаҳрвандиро боздошт карданд.

Фирдавс Чолов дар фурӯши маводи мухаддир, моддаи 200^ ва дуздии телефонии мобил, моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гумонбар дониста мешавад. Тавре аз шӯъбаи умури дохилаи Кӯлоб ба Озодӣ хабар доданд, Чолов чанд соли ахир ҳамчун «барыга» ба фурӯши маводи мухаддир дар ҳаҷми хурд машғул буда, ҳангоми яке аз чунин амалҳо боздошт шудааст. Баъдан маълум шудааст, ки Чолов чанд моҳ пеш аз идораи ширкати мобилии «Мегафон» низ 6 адад телефонҳои мобилро дуздидааст.

Дар баробари Чолов дар паи як амалёти дигар фурӯшандаи маводи мухаддир дар ин шаҳр бо номи Нодири Калла низ боздошт гардидааст.

Аммо боздошти Фирдавс Чолови 36- сола дар ҳолест, ки ба гуфтаи сокинон то ин замон касе аз мақомот ҷуръати садо баланд кардан аз қонуншиканиҳои ӯро надошт. Фирдавси Чол, яке аз даҳ бародарони хонаводаи дар Кӯлоб пурнуфузи Чоловҳост. Ин бародарон замоне қисми низомиеро дар Кӯлоб фармондеҳӣ мекарданд ва ҳоло ба тиҷорат машғуланд.

Файз Чолов, як тан аз ин бародарон, ки ҳоло молики чойхонаи “Ориёно”-и Кӯлоб аст, дар як тамоси телефонӣ гуфт, наметавонад сабаби боздошти бародарашро шарҳ диҳад. Аммо бародарони дигараш ба тиҷорат машғул ҳастанд ва ҳамеша барои ободӣ кӯшиш мекунанд. Ӯ гуфт: “Мо даҳ бародар будем. Ҳозир бародарам Раҳмон сахт бемор аст. Ҳоло ҳама ба тиҷорат машғулем. Дар доираи қонун кору фаъолият дорем ва ман дар ҳамин чойхона кор мекунам.”

Боздошти як тан аз ин бародарон дар ҳолест, ки сокинон аз поён рафтани нуфузи Чоловҳо сӯҳбат мекунанд. Набӣ Ҷалилов, як сокини шаҳри Кӯлоб, ки ин хонаводаро то ҷое мешиносад, гуфт, аз миёни бародарон Қурбон ва Раҳмон Чолов шахсиятҳои донишманданд, аммо бархе аз бародаронашон аз нуфузи онҳо истифода карда, ба корҳои нодуруст даст заданд. Ба гуфтаи ин сокин, Раҳмон Чолов, бародари бузурги ин хонавода ҳанӯз замони Шӯравӣ дар Маскав рисолаи номзадӣ ҳимоя карда, номзади илмҳои иқтисодист ва Қурбон Чолов низ ходими касбии ҳарбист.

Ҷалилов мегӯяд, оғози ҷанги шаҳрвандӣ ин бародарон миёни сокинони Кӯлоб эҳтироми баланд доштанд, вале рафторҳои нодурусти фарзандону баъзе аз бародаронашон ва фишор болои сокинони маҳаллӣ эҳтироми онҳоро дар миёни мардум коҳиш дод. Ҳарчанд ҳоло онҳо ба касе кор надошта бошанд ҳам, аммо дигар эътибори чандоне ҳам надоранд.

Аммо як масъули ҳукумати шаҳри Кӯлоб бидуни зикри номаш гуфт, онҳо аз фаъолияти тиҷоратии бародарон Чоловҳо қаноатманданд. Ин масъул гуфт, бо даъвати онҳо ин бародарон дар ҷашну чорабиниҳо ва корҳои хайру ободкории шаҳр саҳм мегузоранд. Вале ахиран ҳукумати шаҳр аз фаъолияти корхонаи хишт, яке аз бузургтарин корхонаҳои ин минтақа, ки низ аз сӯи Чоловҳо хусусӣ карда шудааст, сахт интиқод карда буд.

Бародарон Чоловҳо аз ангуштшумор қумандонҳои ҷанги шаҳрвандианд, ки ба фарқ аз бархе ҳамсангарони собиқи онҳо, мисли Ғаффор Мирзоев, дучори қаҳри мақомот нашуданд ва баъди канор рафтан аз хидмати низомӣ ба тиҷорат машғул шуданд. Коршиносон муносибати миёнаи ҳукумат бо ин бародаронро дар он мебинанд, ки пас аз ҷанги шаҳрвандӣ онҳо зуд аз сиёсат дур шуданд ва дигар ба ҳеҷ кори сиёсӣ дахолат накарданд.

Аз миёни ин бародарон Султон Чолов бар асари беморӣ фавтидааст ва ҳоло Фирдавс Чолов дар боздошт қарор дорад. Худи Қурбон Чолов пас аз ҷанги ҷанги шаҳрвандӣ то кунун бо ҳеҷ расонае сӯҳбат накардааст ва аз ҳаёти сиёсӣ комилан дур аст.

Масъулини шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб мегӯянд, боздошти Фирдавс Чолов, як кори маъмулӣ дар фаъолияти онҳо маҳсуб меёбад ва ҳеҷ дахле ба фаъолиятҳои гузаштаи бародаронаш надорад.
XS
SM
MD
LG