Мадрасаи “Мирраҷаб-додхоҳ” ва дар канори он мадрасаи духтаронаи “Бибӣ Ойим”-и шаҳри Конибодом дар асри 17 бунёд ёфтаанд. Онҳо тӯли асрҳо марказҳои таълиму тарбияти ҷавонону духтарон маҳсуб меёфтанд. Аммо дар даврони шӯравӣ якеро баста, дар бинои дигарӣ зиндони ноболиғонро ҷо дода буданд. Дар рӯзҳои мо ин ёдгориҳои қадима ҳамчун осорхона амал мекунанд.
Осорхона дар бинои мадрасаи “Мирраҷаб-додхоҳ” аз ду айвони бузург, манора ва 26 ҳуҷра иборат аст. Фурқат Иброҳимов, сарвари ин осорхона дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ҳоло дар толорҳои он ҳудуди 7 ҳазор нигора ба маърази намоиш гузошта шудааст, ки замони истиқлолияти Тоҷикистон аз дасти сокинон ҷамъ овардаанд. Чунки ба гуфтаи вай, давраи шӯравӣ тамоми китобу дороии мадрасаҳо ба тороҷ рафта буд: “Аз ҷумла, ба гуфтаи шоҳидони ҳол, дарвозаи чӯбини мадраса, ки асри 17 сохта шуда, то имрӯз ҳам боқист, ҳалқа ва занҷири тиллоӣ доштааст. Аммо солҳои аввали шӯравӣ болшевикҳои рус онро ба Русия мебаранд.”
Мусоҳибам афзуд, рӯзҳои мо низ чанд мусафеде, ки ҳалқа ва дигар ороишоти тиллои мадрасаҳои Конибодомро ба чашми худ дидаанд, барҳаётанд. Дар ҳоли ҳозир фарҳангдӯстдорони маҳаллӣ дар талоши дарёфти он осори гаронбаҳо дар музейҳои Русия ва баргардонидан ё ҳадди ақал нусхабардории онҳоянд. 79 600 доллар ёрии молии Сафорати ИМА дар Душанбе таъмири девору боми бино ва таъмини осрхона бо таҷҳизоти муосирро дар назар дорад.
Бинои мадрасаҳои “Мирраҷаб-додхоҳ” ва “Бибӣ Ойим” дар Конибодом бо тарҳи хоси шарқиёна, деворҳои аз хишти гил, гумбадҳову дарвозаҳои кандакории худ миёни иншоотҳои замонавӣ фарқ мекунанд. Вале дигар дарсҳои исломӣ намегӯянд. Мадрасаи “Бибӣ Ойим”-ро дар асри 16-и милодӣ Мир Алӣ ном шахсе бунёд карда, ба номи духтараш гузоштааст. Бибӣ Ойим дар он ба духтарон дарс мегуфтааст.
Мадрасаи мардонаи “Мирраҷаб-додхоҳ” ҳудуди 100 сол дертар сохта шудааст.
Нозирҷон Орифов, муовини шӯъбаи фарҳанги шаҳри Конибодом мегӯяд, болшевикҳо бинои қадими мадрасаи духтаронаи Конибодомро аввал баста, сипас дар он зиндони бачагонаро ҷойгир карда буданд: “Соли 1953 мадрасаи “Бибӣ Ойим” ба ҳабсхонаи бачаҳо табдил дода шуд. Ман дар ҳамон ҷо кор мекардам. Баъди он 70 дарсади бинои мадрасаро хароб карда, дари ҳуҷраҳоро дуқабата кардем ва маҳбусонро нигоҳ медоштем. Онҳо дар ҳамон ҷо дарс ҳам мехонданд. Баъд аз 18 калонсолтарҳоро ба ҳасбхонаи Душанбе кӯч доданд. Ин ҷо бачаҳои то 18-соларо нигоҳ медоштанд, ки ба ҳабсхонаи калонсолон афтода, ахлоқашон вайрон нашавад. Шумораи маҳбусон аз 354 то 700 нафар зиёд шуд. Боре дар солҳои 80-уми асри гузашта онҳо ошӯб бардошта, ҳабсхонаро оташ заданд.”
Ҳамсӯҳбатам афзуд, дар нимаи дуюми солҳои 80-уми асри гузашта, замони бозсозии Горбачёвӣ ҳабсхона аз бинои мадраса ба Душанбе кӯч дода шуд. Сокинон ба эҳёи ёдгориҳои қадимии харобгаштаи худ кӯшиданд. Аммо сирри омода кардани хишти гилии мадрасаро, ки ҳудуди 500 сол беосеб мондааст, натавонистанд комилан кашф кунанд: “Мо бинои мадрасаро ба ҳамон шакли аввалааш таъмир кардем, деворҳои харобшудаашро бо хиштҳои нав дуруст кардем. Аммо он хиштҳои қадимии мадраса як хел мондаанд, хиштҳои гилии мо бенур шуданд.”
Ба гуфтаи масъулони осорхонаи ҷойгир дар мадрасаи “Мирраҷаб-додхоҳ”-и Конибодом, бархе рӯҳониёни маҳал тақрибан дар се даҳаи ахир талош карданд онро ба масҷид ва таълимгоҳи динӣ табдил диҳанд. Вале бо тасмими вазорати фарҳанг он ба осорхона табдил шуд.
Ба гуфтаи Фурқат Иброҳимов, сарвари ин осорхона, дарҳои осорхонаву мадрасаи қадимаи духтарона барои тамошогарон ройгон боз аст. Бинандаҳои аслии онҳо мактабхонҳо, солхӯрдагон ва меҳмонони Конибодоманд.