Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони пирӯзии Абдуғаффор Раҳмонзода ва шикасти номзади ҲНИТ


Абдуғаффор Раҳмонзода, шаҳрдори пешини Кӯлоб дар интихоботи парлумонӣ аз ҳавзаи якмандатии Кӯлоб-37 аз ҳама раъйи бештар ба даст овардааст
Абдуғаффор Раҳмонзода, шаҳрдори пешини Кӯлоб дар интихоботи парлумонӣ аз ҳавзаи якмандатии Кӯлоб-37 аз ҳама раъйи бештар ба даст овардааст

Тибқи натоиҷи муқаддамотӣ, Абдуғаффор Раҳмонзода, номзад аз ҲХДТ ва шаҳрдори пешини Кӯлоб дар ҳавзаи якмандатии Кӯлоб - 37, аз ҳамаи рақибонаш раъйи бештарро соҳиб шудааст.

Масъулони ҳавзаи якмандатии Кӯлоб - 37 эълон карданд, ки бар асоси ҳисобҳои пешакии онҳо, Абдуғаффор Раҳмонзода -- шаҳрдори пешини Кӯлоб беш аз 82 дарсади овози афроди қобили раъй дар ин минтақаро соҳиб шуда, рақибонаш, аз ҷумла Сайидиброҳи Назар – ноиби раиси ҳизби наҳзати исломиро шикаст додааст.

Раҳмонзода моҳи январи соли ҷорӣ аз тарафи ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар интихоботи парлумонии 1 март номзад шуда буд.

Собиқ шаҳрдори Кӯлоб дар ин ҳавза бо Саидиброҳими Назар аз ҳизби наҳзати исломӣ ва Алӣ Комилов рақобат кард. Бар пояи натоиҷи муқаддамотӣ, ки ҳавзаи интихоботӣ онро эълон намуд, оқои Раҳмонзода ҳудуди 70 ҳазор райъи интихобкунандагонро ба даст овардааст.

Давлатшоҳ Шарофиддинов, раиси ҳавзаи якмандатии Кӯлоб - 37 рӯзи чоруми март дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, шумораи умумии интихобкунандагони сабти номшуда дар ҳавзаи онҳо ба 96 ҳазор нафар мерасид, ки тақрибан 70 ҳазораш ба ҷонибдорӣ аз Абдуғаффор Раҳмонзода раъй додаанд: “Дар интихобот Абдуғаффор Раҳмонзода 69 ҳазору 108 овоз гирифт ва ба Комилов Алӣ, ки аз ҳавзаи мо ба ҳайси худпешбарӣ номзадии худро гузошта буд, 11 ҳазору 288 нафар раъй додаанд. Ба номзади ҲНИТ Сайдиброҳими Назар бошад, 2 ҳазору 609 нафар ба раъй додаанд.”

Худи Раҳмонзода рӯзи интихобот пас аз раъй додан дар сӯҳбат ба хабарнигори Радиои Озодӣ изҳори умед карда буд, интихобот ба таври озоду шаффоф сурат хоҳад гирифт ва ӯ ҳатман дар интихобот баранда мешавад. Қарор аст, Абдуғаффор Раҳмонзода дар ҳавзаи интихоботии Кӯлоб-37 нишасти матбуотӣ доир намуда, оид ба масоили интихобот ва пирӯз шуданаш, бо хабарнигорон сӯҳбат намояд.

Овоздиҳии собиқ шаҳрдори Кӯлоб
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:42 0:00

Комиссияи ҳавзавӣ дар ҳоле аз пирӯзи номзадии ҲХДТ дар Кӯлоб хабар дод, ки ба иттилои хабарнигори Радиои Озодӣ, дар ҷараёни раъйдиҳӣ дар ҳавзаи интихоботии Кӯлоб мавориди нақзи қонун, бахусус овоз додани як нафар ба ҷойи чанд нафар аз тарафи аъзои оила, ба мушоҳида расидааст. Бархе аз нозирони мустақил аз ҷониби аҳзоб низ ин гуна нақзи қонунро мушоҳида кардаанд.

Абдуғаффор Раҳмонзода 5 январи соли 2012 бо фармони раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон шаҳрдори Кӯлоб таъин шуда буд ва бо ворид шудан ба рақобати интихоботӣ, аз мақомаш барканор шуд. Ӯ дувумин намояндаи ин хонаводаи бонуфуз аст, ки дар ҳукумати феълӣ мақоми баландро дорад.

Бародари ӯ - вазири собиқи маориф Абдуҷаббор Раҳмонов ва баъдан ректори Донишгоҳи омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ, ҳоло дар симати ёвари президенти Тоҷикистон дар масоили иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа кор мекунад.

XS
SM
MD
LG