Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узви собиқи "Давлати исломӣ": "Вақте дар Кубонӣ захмӣ шудам, маро партофтанд"


Ҷаҳонгир Темуров қиссаи захмӣ шуданаш дар Кубониро нақл мекунад
Ҷаҳонгир Темуров қиссаи захмӣ шуданаш дар Кубониро нақл мекунад

Ҷаҳонгир Темуров, сокини 25-солаи шаҳри Чкалов (Шоҳкант) дар ҳузури мақомот ва ҷавонон бо чӣ роҳ аз чанги гурӯҳи "Давлати исломӣ" халос шуданва ба ватан баргаштанашро нақл кард.

"Дар Кубонӣ зери бомбаборони ҳавопаймоҳои ҷангӣ монда, захмӣ шудам, аммо ҳамроҳонам дар гурӯҳи “Давлати исломӣ” кумак накарданд. Сипас, бо ёрии як марди араб худро то Туркия расонда, бо мусоидати сафорати Тоҷикистон ба Ватан баргаштам."

Ҷаҳонгир Темуров -- сокини ҷавони шаҳри Чкалов, ҳамин тавр, рӯзи 28 июл дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд халосияш аз чанги ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро нақл кард. Ӯ гуфт, раҳоӣ аз майдони ҷанг осон набуд, “вале азбаски дар Кубонӣ, наздик ба марзҳои Туркия захмӣ шудам ва бисёре аз ҳамроҳонам ҳалоку қисме дигар фирор карданд, тавонистам бо азобе худро то Истамбул бирасонам”.

Темурови 25-сола ду соли қабл бо нияти таҳсил дар Омӯзишгоҳи ҳавонавардии Русия ба Маскав рафта будааст. Ӯ мегӯяд, аммо бо гузашти чанд вақт нафаҳмид, ки чӣ гуна ба доми ифротиён афтода, мактабро бо ҷанг иваз намудааст.

Ҷанг дар Кубонӣ
Ҷанг дар Кубонӣ

Мақомоти интизомии вилояти Суғд мегӯянд, то кунун ҳафт сокини ин минтақаи кишвар аз иштирок дар майдонҳои ҷанг дар Сурия худро берун кашида, ихтиёрӣ ба Ватан баргаштаанд. Ҳабибулло Воҳидов, додситони Суғд, ки дар Шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин вилоят суҳбат мекард, гуфт, дар ҳоли ҳозир беш аз 80 сокини минтақа дар ҷангҳои Сурия иштирок доранд ва то ин дам ҳалокати 18 нафари онҳо таъйид шудааст. Додситони Суғд гуфт, аксари онҳо аз муҳоҷирати корӣ дар Русия ба Сурия рафтаанд.

Шариф Назарзода, сардори Раёсати корҳои дохилии Суғд пешниҳод кард, шеваи тарғибу ташвиқ миёни аҳолӣ барои ҷилавгирӣ аз пайвастан ба гурӯҳҳои ифротӣ, аз ҷумла гурӯҳи “Давлати исломӣ” тағйир ёбад. Ӯ гуфт, “касони ниёзманд ба варзиш, нашъамандон, алоқаманд ба гурӯҳҳои тундрав, касоне, ки зоҳирашон мегӯяд, онҳо бегона шуда истодаанд, мутаассифона, бо ин афрод ягон бор на чорабиниҳои варзишӣ, на суҳбату мулоқот ташкил накардем. Бо ин таҷрибаи талх мо тасмим гирифтем, гурӯҳҳои алоҳида ташкил кунем, ки бо чунин гурӯҳҳои ҷудогона кор баранд.”

Генерал Назарзода афзуд, ҳоло 180 нафар сокини вилоятро, ки ба гурӯҳу ҳизбу ҳаракатҳои тундрав шомил шудаанд, таҳти ҷустуҷӯи фаврӣ қарор дода ва акси онҳоро бо ному насабшон дар шуъбаҳои шиносномдиҳӣ ва фурудгоҳҳо часпондаанд.

Қиссаи Ҷаҳонгир Темуров дар бораи ҷангҳои Сурия ва фирори ӯ аз "давлати исломӣ"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:47 0:00

Дар ҳамин ҳол, як мақоми ҳифзи ҳуқуқи Суғд гуфт, созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ аз фанновариҳои нав, мисли шабакаҳои иҷтимоии “Одноклассники” ва “Фейсбук” барои ба сафи худ ҷалб кардани ҷавонон фаровон истифода мебаранд ва биноан пешниҳод кард, ки ин шабакаҳо таҳти назорати шадид гирифта шаванд.

Назира Қаҳҳорӣ, муовини раиси вилояти Суғд, низ ворид намудани тағйир ба қонунгузориии Тоҷикистон дар самти мубориза бо тундгароиро пешниҳод намуд ва гуфт, дар баробари васоити ахбори омма банди махсусе дар бораи назорати интернет низ шомил карда шавад. Пешниҳоде, ки қаблан низ дар маҳофили сиёсии Тоҷикистон садо дода, вале шеваи техникии иҷрои онро мутахассисони шабакаи ҷаҳонӣ бо зарфият ва имконоти техникие, ки Тоҷикистон дорад, номумкин донистаанд. Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, бастани ин ё он саҳифаи интернетӣ корро на осон, балки мушкилтар хоҳад кард. Онҳо бештар ба мақоли “меваи талх ширин аст” ишора карда мегӯянд, то ин дам низ чанд таҷрибаи бастани сайтҳо дар Тоҷикистон вуҷуд дошт, ки номуваффақона будааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир дар маҷмӯъ 519 сокини кишвар дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ иштирок доранд ва алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Аммо ин ниҳод расман эълон кард, ки кадоме аз ин ҷангиёни тоҷик бо хоҳиши худ ба Тоҷикистон бармегарданд ва агар собиқаи ҷиноӣ надоранд, аз ҷавобгарӣ озод хоҳанд буд.

XS
SM
MD
LG