Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зоир Усмонов: Ховалинг-Русия-Сурия-Тоҷикистон (ВИДЕО)


Абдуқаҳҳор Усмонов - бародари Зоир Усмонов
Абдуқаҳҳор Усмонов - бародари Зоир Усмонов

Хонаводаи Зоир Усмонов, як сокини деҳаи Сари Мазори ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон, ки моҳе пеш дар марзи Сурияву Туркия боздошт шуда буд, мегӯяд, фарзанди онҳо панҷ рӯзи пеш ба Тоҷикистон оварда шудааст, вале то ҳанӯз маҳалли нигаҳдории ӯро намедонанд.

Зоир Усмонови 31-сола моҳе қабл дар марзи Сурияву Туркия боздошт шуд ва мақомоти Туркия алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Аз рӯи иттилои хешовандон, Зоир як сол пеш аз Русия ба Сурия рафта ва ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайвастааст.

Абдуқаҳор Усмонов, бародари бузурги Зоир Усмонов, рӯзи сешанбеи 26 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо панҷ рӯзи пеш аз мақомоти интизомӣ огоҳ шуданд, ки бародарашро аз Туркия ба Тоҷикистон истирдод кардаанд. Вай гуфт, то ҳол аъзои хонавода намедонад, ки писари онҳо дар кадом боздоштгоҳ нигаҳдорӣ мешавад.

Зоири 31-сола аз Ховалинг дар Сурия чӣ кор мекард?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:50 0:00

Ҷаноби Усмонов гуфт, ки ҳамон як соли пеш хонадони онҳо ҳамчунин аз мақомот огоҳ шуданд, ки Зоир аз Русия ба Сурия рафтааст. Ӯ мегӯяд, то моҳи маи соли ҷорӣ аз ӯ дарак набуд, аммо дар охири моҳи май аз Туркия бо бародари дигарашон дар тамос шуда гуфтааст, ки дар зиндони ин кишвар нигаҳдорӣ мешавад.

"Панҷ рӯзи пеш огоҳ шудем, ки бародарамон ба Тоҷикистон овардаанд, аммо рости дигар намедонем, ки дар қуҷо ба ҳабс гирифтаанд. Моҳи январ ба бародарам аз Туркия як зан занг зада гуфтааст, ки бародаратон дар дасти мо аст, аммо дигар бо он зан тамос гирифта натавонистем. Зоир ба бародари дигарам, ки ҳоло дар Русия қарор дорад, бо кадом воситае тамос гирифта гуфтааст, ки «маро аз роҳи зӯр оварданд (ба Сурия) ва дар онҷо маро ҳамчун ронанда истифода карданд ва замоне огоҳ шудам, ки инҷо ваҳшоният аст, фирор кардам ва замони фирор маро боздошт карда, пеш-пеши ҷангиҳо сипар карданд. Ман дуюмбора фирор кардам ва дар сарҳади Туркия ба даст афтодам», гуфтааст ба бародарам. Дигар, ростӣ, то ҳол намедонем, ки дар кадом ҳолат қарор дорад", - гуфт Абдуқаҳҳор Усмонов.

Ба нақли Абдуқаҳҳор, Зоир 11 сол қабл бори аввал ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафта давоми ин ҳама солҳо боре ҳам ба назди хонаводааш ба Тоҷикистон барнагаштааст. Ба гуфтаи хонаводааш, ӯ он ҷо бо як зани рус оила барпо карда соҳиби ду фарзанд шудааст.

Ҷангихон Одинаев, сардори бахши дин дар ҳукумати ноҳияи Ховалинг гуфт, аз қазияи боздошти Зоир Усмонов огоҳ мебошанд. Ба гуфтаи ӯ, аз Ховалинг дар маҷмӯъ ду сокини маҳаллӣ ба ҷангҳои Сурияву Ироқ

Ҷангихон Одинаев
Ҷангихон Одинаев

рафтаанд – яке Зоир Усмонов ва дигаре як сокини ҷамоати Шугнов мебошад. Ба гуфтаи Одинаев, хонаводаи дигар ҳам аз мақомоти интизомӣ огоҳ шудааст, ки фарзандашон дар ҷангҳои хориҷӣ қарор дорад.

"Ростӣ, инҳо солҳои пеш ба Русия рафта, чандин сол ба Ховалинг наомада будаанд. Ҳангоми сӯҳбат ба хонаводааш маълум шуд, ки падару модар аз рафтори фарзандонашон огоҳ набудаанд», - гуфт Ҷангихон Одинаев.

Ҳоло тибқи оморӣ расмӣ, аз Тоҷикистон 1094 нафар ба ҷангҳои Сурияву Ироқ рафта ва ҳудуди 300 тани онҳо дар ҷангҳо кушта шудаанд. Аммо 64 шаҳрванди Тоҷикистон бо истифода аз афви пешниҳодкардаи мақомоти Тоҷикистон ба ватан баргаштаанд.

XS
SM
MD
LG