Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти раҳбари собиқи УКС-и Душанбе


Тарҳи маркази тиббии "Пойтахт-90". Акс аз tojnews.org
Тарҳи маркази тиббии "Пойтахт-90". Акс аз tojnews.org

Манобеи Радиои Озодӣ боздошти сардори собиқи раёсати сохтмони асосии шаҳрдории Душанбе Саидашраф Анваровро тасдиқ мекунанд.

Бино ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, Саидашраф Анваров, раҳбари собиқи муассисаи давлатии "Раёсати сохтмони асосӣ"-и шаҳри Душанбе ё УКС аз сӯи маъмурони Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон феълан дар боздошт қарор дорад. Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, Анваров, ки ҳамагӣ ду моҳ пеш аз мақоми раҳбари УКС барканор шуда буд, ба сӯиистифода аз мақом ва анҷоми муомилаҳои фасодомез дар сохтмони чанд иншоот айбдор мешавад.

Мақомоти Оҷонсии зиддифасод дар сӯҳбат бо Озодӣ боздошти ин мақоми дар гузашта баландпояи ҳукумати пойтахти Тоҷикистонро тасдиқ карданд, вале мегӯянд, ба далели ҳифзи сирри тафтишот аз ироаи ҷузъиёти парвандааш дар ҳоли ҳозир худдорӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, ҷузъиёти парвандаи раҳбари собиқи раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе рӯзҳои наздик бо нашри як гузориши вижа эълон хоҳад шуд.

Аммо бино ба иттилои дарёфтӣ, Саидашраф Анваров ба анҷоми муомилаҳои олуда ба фасод дар ҷараёни бунёди иншооте, ки аз ҳисоби буҷаи пойтахт сохта мешаванд, ва изофанависӣ айбдор мешавад.

Яке аз чунин сохтмонҳо, ба гуфтаи мусоҳибони мо, Маркази тиббии “Пойтахт-90” дар канори Маркази диагностикист, ки дар майдони 11 гектар дар маҳаллаи 46-ум дар хиёбони Неъмат Қаробоев сохта шуда, аз ҷумла як бемористон бо 650 кат ва як поликликлина барои қабули 800 мариз дар як басти кориро дар бар мегирад.

Барои сохтани ин маркази бузурги тиббӣ аз буҷаи шаҳри Душанбе 500 миллион сомонӣ ҷудо шуда буд ва “Пойтахт-90” бояд то поёни соли равон ба истифода дода шавад. Тоза дар моҳи октябри соли ҷорӣ парлумони Тоҷикистон воридоти дастгоҳҳои тиббӣ ба ин маркази тиббиро аз масъулияти пардохти боҷу хироҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши изофа озод карда буд.

Анваров ду моҳ пеш расман ба далели ба нафақа баромадан аз мақом рафт, вале манобеи огоҳ мегӯянд, далели аслии барканории ӯ на масъалаи нафақа, балки ошкор шудани камбудиҳо дар фаъолияти муассисаи давлатие буд, ки ӯ раҳбарӣ мекард.

УКС – раёсати сохтмони асосии шаҳрдории Душанбе – як мӯҳраи хеле муҳим дар риштаи сохтмони пойтахти Тоҷикистон ба шумор меравад. Нақши ин ниҳод бахусус дар солҳои охир, ки шаҳри Душанбе шоҳиди авҷи сохтмонҳои навбанав шудааст, боло рафт.

Аммо хабари боздошти раҳбари собиқи УКС дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки ахиран шаҳрдории Душанбе бо судури як қарор сар аз 12 ноябр ҷудо кардани замин барои сохтмонҳои нав дар ҳудуди маҳаллаҳои аҳолинишини пойтахтро то замони таҳияи таҳрири нави Нақшаи генералии рушди Душанбе боздошт.

Як масъули бахши сохтмони шаҳрдории Душанбе қаблан ба Радиои Озодӣ гуфт, таҳрири нави Нақшаи генералӣ таҳия шудааст ва ҳоло дар дасти баррасӣ қарор дорад. Вале ба гуфтаи ӯ, "қарори тавқифи ҷудо кардани қитъаҳои замин барои сохтмонҳои нав ба биноҳое, ки дар чорчӯби Нақшаи генералии кунунӣ дар хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаҳои Нодира, Говоров,4, Айнӣ, Дониш ва Титов сохта мешаванд, ва ҳамин тавр, ба сохтмони биноҳои истиқоматии шахсӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ дахл надорад.”

Нақшаи генералии рушди Душанбе соли 1983 таҳия шуда, таҳрири охиринаш дар соли 2006 тасвиб шуда буд.

XS
SM
MD
LG